formula feb 2025
Донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоӣ рӯзи душанбе дарс мехонанд
296

Хонандаҳои синфҳои болоӣ ва донишҷӯён рӯзи 10-ум март дарс мехонанд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар додааст.

Барои боғчаҳои бачагона ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ, яъне 1-4 рӯзи душанбе, 10-уми март истироҳатӣ аст, вале хонандагони синфҳои 5-11 ва донишҷӯён тибқи ҷадвали дарсӣ дарс мехонанд.

Дар шарҳи хабар аз Вазорати маориф ва илм гуфтаанд, танҳо афроде, ки бо реҷаи панҷрӯза, аз душанбе то ҷумъа кор мекунанд, рӯзи 10-уми март истироҳат хоҳанд кард.

Онҳое, ки бо реҷаи шашрӯза, аз душанбе то шанбе кор мекунанд, рӯзи шанбеи ҳафтаи равон ба хотири Рӯзи Модар истироҳат карда, рӯзи душанбе, 10-уми март ба кор мебароянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД