Formula september
Донишҷӯ то кай алимент мегирад?
414

Як сол инҷониб аз шавҳарам ҷудо зиндагӣ мекунам. Писарам донишҷӯи соли аввали шӯъбаи рӯзонаи донишгоҳ аст. Барои ӯ низ алимент рӯёнидан мумкин аст ё не?

Самира, ш. Душанбе

Мувофиқи моддаи 86 Кодекси оила, суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолагӣ ва бистучорсолагӣ расиданашон аз падару модар алимент ситонад.

Андозаи алименти ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо муайян карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД