Андешаҳо дар мавриди ҷашн гирифтани Наврӯз гуногунанд, иддае таҷлили ин идро бо далели мероси замони оташпарастӣбуданаш барои мусалмонон нораво мешуморанду бархи дигар мегӯянд, ки дини ислом бо Наврӯз ҳеҷ ихтилоф надорад. Мардуми одӣмиёни дуроҳаи назарҳо монда намедонанд ба сухани кадом гурӯҳ бовар кунанд. Воқеан муносибати дини ислом ба ҷашни Наврӯз чӣгуна аст? Атрофи ин мавзӯъ сӯҳбате доштем бо домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ.
-Бобои домулло дар оғоз оиди таърихи Иди Наврӯз ба хонандагони мо маълумот медиҳед?
-Наврӯз яке аз идҳои миллии мардуми форсу тоҷик аст, ки на камтар аз шаш ҳазор сол умр дорад. Ин ид оғоз аз 18-уми март дар кишварҳои Аҷам таҷлил мешавад. Наврӯз ҷашни шодмонии замин, осмону офтоб ва ҷӯши шукуфтанҳову рустаҳову шӯри зоданҳову эҳё шудани табиат аст. Дар ҳадисҳои Пайғамбар (с) оварда шудааст, ки ҳар чизе, ки аз замин неш зада мебарояд, шукру зикри оллоҳ мекунад, аз ин хотир мо иди Наврӯзро ҷашн мегирем, зеро шумораи зикркунандагони офаридгор дар ин айём ҳазорон-ҳазор меафзояд.
-Бархе иддао доранд, ки ҷашн гирифтани иди Наврӯз барои мардуми мусалмон ҷоиз нест, зеро ислом онро напазируфтааст…?
-Дар мавриди Наврӯз, агар касе бихоҳад назари Ислом бидонад, роҳе ҷуз ин надорад, ки бубинад манобеи исломӣ чӣ мегӯянд. Манобеи исломӣ, яъне Қуръон, суханони Паёмбар (с), саҳобагон. Наврӯз ба назари банда ба унвони як расми миллӣҷои мазаммат ва манъ надорад, чаро ки асли Наврӯз ба нишоне аз ойинҳои ботил набуда, балки танҳо иди истиқболи баҳор ва баробаршавии шабу рӯз дар марзу буми мост. Ҳазрати Расули Худо (с) фармудаанд: “Он ки суннати некеро поягузорӣкунад ва бад-он амал намояд, барои ӯ подоши амали худаш ба иловаи монанди подоши дигар амалкунандагон (ба он суннат) хоҳад буд, бидуни он ки аз подоши амалкунандагон кам шавад. Ва он касе, ки суннати бадеро поя гузорад ва бад-он амал шавад, ваболи амали худаш ва дигарон бар ӯҳдаи ӯст, бидуни он ки аз визру ваболи дигарон коста шавад.” (Ибни Моҷа).
-Мегӯянд ҷашн гирифтани Наврӯз як навъ пайравӣаз анъаноти замони оташпарастист?
-На, чунин нест! Наврӯзи имрӯза ба дину мазҳаби мо ва ба фармудаҳои ислом ҳеҷ мухолифате надорад, зеро замоне, ки Ислом омад, тамоми чизҳое, ки ба дини ислом халал мерасонданд, аз миён рафтанд. Аз ҷумла оташ гирондан ва аз болои оташ паридан, то ин ки гуноҳҳо резанд, оташро муқаддас шуморидан, баҳамоии зану мард, нӯшидани шароб барин корҳои нораво аз миён бардошта шуданд. Танҳо расму русуме, ки ба дини ислом зиддият ва зарар надоштанд, боқӣмондаанд.
-Кадом оинҳои Наврӯзӣто замони мо омада расидаанд?
-Хонатаконї, оштикунии қаҳриҳо, шурӯи корҳои деҳқонї, аёдати беморону кӯҳансолон, ба ятимон тӯҳфа додан аз оинҳои хуби наврӯзист, ки аз аҷдодонамон ба мо мерос мондааст.
-Иди Наврӯз ба идҳои мусулмонӣягон алоқамандӣдорад?
-Наврӯз як ҷузъи фарҳанги мост ва идҳои Қурбону Фитр ҷузъҳои дигар. Ҳар кадом ба ҷои худ аст. Мо, тоҷикон тӯли 1400 сол аст, ки аз дини мубини Ислом пайравӣмекунем ва баъзе суннатҳои исломро ба Наврӯз ва суннатҳои қадимаи миллиро ба дини Ислом ворид кардаем. Рӯзи идҳои Қурбону Рамазон тифлон хона ба хона мегарданду калонсолон барои онҳо тӯҳфа ё тухм медиҳанд, дар иди Наврӯз низ чунин аст. Бархе гумон доранд, ки мо ин анъанаро аз дини ислом омӯхтаем, вале чунин нест. Мардуми мусулмон ин суннатро аз Наврӯз гирифтаанд. Дар Наврӯз ояи Қуръон мехонанд ва вақте ки деҳқон ба кишту кор шурӯъ мекунад, аз пирон дуо мегирад. Ин аз дини Ислом гирифта шудааст. Хулоса, Наврӯз як ҷузъи фарҳанги миллии мост ва бо идҳои мусалмонӣҳеҷ ихтилоф надорад.
-Муносибати паёмбар ба иди наврӯз чӣгуна буд?
-Ривоёте ҳаст дар таъйиди Наврӯз: Овардаанд, ки дар Наврӯз, ҷоме пур аз ҳалво барои Пайғамбар (с) ҳадя оварданд. Он ҳазрат ҳайрон шуда пурсид: «Ин чист?» Гуфтанд: Имрӯз, рӯзи Наврӯз аст.” Пурсид: “Наврӯз чист?” Гуфтанд: “Иди бузурги эрониён аст.” Фармуд: “Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард.” Пурсиданд: “Аскара чист?” Фармуд: “Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд, ки бимиред. Мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфта аст.” Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат кард ва фармуд: “Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд.”
-Ташаккур барои сӯҳбати бисёр муфид.
-Саломат бошед. Барои ҳамаи ҳамдиёрон иди баҳорро муборакбод мегӯям!