Хушдоманам маро фарзандвор дӯст медорад. Ҳар гоҳ, ки ба хонаи мо меояд ё мо ба хонааш меравем, маро аз пешонӣ ё рухсораам бӯса мекунад. Бори охир, бародарам гуфт, ки дигар иҷозат надеҳ, ки хушдоманат, ки ба ту номаҳрам аст, туро бӯса кунад. Мехоҳам донам, ки шариати Ислом ба ин масъала чӣ назар дорад?
ҶОНИБЕК, ш. Душанбе
Посухи Ҷамолидин Хомӯшӣ:
- Модари арӯс, яъне хушдоман ё модарарӯс барои домод ҳукми модарро дорад. Кушодани чеҳраи модарарӯс дар назди шавҳари духтараш бидуни ихтилоф ҷоиз аст. Аммо дар мавриди бӯсидани модарарӯс, ҷоиз нест, ки аз даҳонаш бӯса бикунад. Агар аз рӯи эҳтиром аз сару пешониаш бибӯсад, дар ҳоле ки хатари барангехта шудани шаҳват набошад, ҳеҷ боке надорад.
Хушдомани шумо ҳам шуморо аз рухсораҳоятон ва пешониатон бибӯсад, ҳеҷ ишколе надорад.