Sebiston new 2024 october
ДОМОДИ ВАМПИР (анҷом)
13.08.2020
Дилошӯб
4107

Давомаш ...

Хусурам ба хонаи дигар назди писараш даромад, хушдоманам бошад пеши ман. Ў сари маро оғўш карда, талх гиристу гуфт:

- Духтарам, аз тани писарам бахшиш мепурсам. Намедонам ба вай чӣ бало расидааст. Ҳамин хел як бачаи озодаи пулёб бо духтарон муомилаи хуб надорад. Духтари дўстдоштааш ҳам барои ҳамин қилиқаш аз вай ҷудо шуд. Бечора шаш сол ҳамроҳи ин хуни дил шуд. Аз дўст доштани зиёд номусашро тўй нашуда, ба ин бахшида буд. Ман ба хотири азобҳои кашидааш ўро ҷарроҳии пластикӣ карда, бакораташро барқарор кардаму ў шавҳари дигар кард. Пас аз дуову азоимхониҳои зиёд гумон кардам одам мешавад. Ана акнун ба падару модари ту чӣ ҷавоб мегўям…

Ростӣ дилам ба хушдоманам сӯхт ва гуфтам:

- Очаҷон, ман ин даъфа ба падару модарам намегўям. Охир, ман тоқӣ нестам, ки ҳар рўз дар сари як кас бошам. Барои ислоҳ шудани шавҳарам мубориза мебарем, Худованд меҳрубон аст…

Он рўз хусуру хушдоманам рафтанду пас аз рафтани онҳо модарам телефон карда гуфт, ки хобҳои парешон дидаасту ба хабаргириям меояд. Ман ба модарам дурўғ гуфтам, ки барои як моҳ ҳамроҳи шавҳарам ба хориҷа меравем. Модарам бо овози ранҷиолуда гуфт, ки “наход аз ману падарат дуо нагирифта равед?”. Боз дурўғ гуфтам, ки “ҳамин ҳоло занг заданӣ будам”…

Як моҳи дароз дар хона табобат гирифта, ба худ омадам. Шавҳарам низ шабу рўз бо ман буд. Дар ин муддат чандин сирру асрори ўро фаҳмида гирифтаму донистам, ки ў бемор аст…

Шавҳарам нигоҳашро аз ман гурезонида гуфт:

- Бо дидани хун девона мешавам ва дигар худамро дошта наметавонам.

Ман, ки дар умрам бо дигаре вонахўрда будам, шавҳари муштзурамро дўст медоштам ва дастони ўро миёни дастонам гирифта, тассалояш додам, ки ҳамааш мегузарад, аммо афсўс нагузашт…

Зиндагӣ бо вампир

Як солу шаш моҳро бо азобҳои зор сипарӣ кардам, ҳамсарам як моҳ албатта як бор маро зери мушту лагат мекашид,баъд маро таҷовуз мекард. Оре, таҷовуз, зеро кадом зан мехоҳад бо марде, ки чанд дақиқа пеш ўро бо лагат мезад ҳамхоба шавад?!

То метавонистам рўю сарамро аз муштҳои шавҳарам муҳофизат мекардам, зеро метарсидам, ки волидонам аз ин хабар наёбанд, вале ҳақиқт ҳеҷ гоҳ пинҳон намемонад. Дар ин миён ду бор аз зарби лату куб бача афтондам, якеаш се соҳа дигар чормоҳа…

Як шоми дигар шавҳрам бо дасту пойҳояш иктифо накарда маро ҳафт корд зад, чун ба худ омадам пас аз ҷарроҳӣ дар шуъбаи эҳёгарӣ мехобидам. Хусуру хушдоманам писарашонро ба хориҷа гурезонида, воқеаро бори ким кадом дузди набуда кардаанд. Ман низ ба пурсиши муфаттишон ҷавоб додам, ки мард ниқобпўш буду ўро нашинохтам…..

Аз мард метарсам…

Инак панҷ сол мешавад, ки танҳо зиндагӣ дорам… Падарам бароям хонаи алоҳида хариданду дар як ширкати тиҷоратии хориҷӣ кори хубе дорам. Панҷ сол мешавад, ки танҳо барои худам зиндагӣ дорам, хонаю дари алоҳида мошин ду мағоза, кори хубу маоши баланд дорам.

Шавҳарам пас аз як соли кордзанияш пайдо шуда, сар пеши поям гузошт, ки бо ў оштӣ шавам. Гуфт, ки дар хориҷа табобат карда шифо ёфтааст, аз дидани симои ў дар дилам ларза пайдо шуд. Падару модарам низ қатъиян зидди оштӣ шудани мо буданд.

Ҳоло хушдорони зиёде дорам, зеро бонуи корчаллони зебое ҳастам, вале аз танҳо мондан бо мард дар як хона метарсам. Шавҳари вампирам на танҳо ҳиссиёти занонаи маро куштааст, балки маро тарсбемор низ намудааст. Дўстонам маслиҳат медиҳанд, ки назди ягон равонпизишки хуб рав, аммо ман зиндагиямро тағир додан намехоҳам.

Мақсади нома навиштани ман ба идораи сомонаи дўстдоштаам «Оила» як чиз аст. мехоҳам духтаракони ҷавон дар роҳи интихоби номазад хато накунанд. Даҳшате, ки дар ин умри кутоҳам ман дидам Худоё каси дигар набинад …

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД