Ҳамин тариқ, панҷ сол гузашт, медидам, ки духтарам рангаш заб-зарду асабӣ аст. Ҳар гоҳе ба хона биёяд, маҳсулоти зиёдеро дар сумкаҳо бор карда медодам. Медидам, ки то ҳол либосҳои арўсакияшро мепўшад ва ягон чизи нав нахаридааст, ба нею нестонаш нигоҳ накарда, сарулибосаш мехаридам. Ба дасташ пул медодам, ки чизҳои ба худаш даркориро харида пўшад.
Домодамро дўст намедоштам, аз духтарам чизе намепурсидам, ў ҳам сири хонаашро намебаровард. Соли шашуми зиндагияш духтарам соҳиби духтарча шуд, аз домодам иҷозат пурсида, ўро ба хона овардам, то чил рўз истироҳат кунад.
Бо умеди зиёд гаҳвора бурдем, дар хонаи қудоям гаҳворабандон кардем ва домодам зану духтарашро гирифта, ба хонаашон рафтанд, вале баъди ду рўз як шоми сарди боронӣ духтарам дар санҷаи дар пайдо шуд. Ӯ кўдаки парпечи гирёнро дар зинапояҳо монду худаш аз ҳуш рафт. Духтур ҷеғ задем, духтур баъди муоина гуфт:
- Аз гуруснагӣ ба ин ҳол задааст.
Келинам ба кўдак шири сунъӣ тайёр карда дод ва духтарам ба ҳуш омадан замон гуфт:
- Оча, ман дигар бо он палид зиндагӣ намекунам!
Духтарам зиндагии шашсолаашро нақл мекарду мо ҳама мегиристем, ҳеҷ мумкин нест, ки дар ҳамин давру замон одам ин гуна зиндагӣ дошта бошад!
- Аз рўзи аввали зиндагӣ шавҳарам ба ман мегуфт, ки “ту дар хонаи ман зиндагӣ мекунӣ, аз ин рў, ҳамаи маошатро ба ман медиҳӣ, хўроквориро ман мехарам. Чӣ пухтанатро ҳам ман муайян мекунам, ту ҳақ надорӣ бе иҷозати ман чизе бихарӣ!” -Ман саволомез ба вай нигоҳ кардаму ў бо қаҳр фарёд зад:-“Чӣ ту гумон мекунӣ, ки ман дар ин синну сол соҳиби хонаи сеҳуҷрадори замонавӣ, мошини гаронбаҳо бе қурбонӣ шудам? Ман нахўрдам, напўшидам ва ин ҳамаро ҷамъ кардам”. Мо ҳамеша нимгурусна мегаштем. Субҳ шир ва як тухми обҷўшон мехӯрдем, нисфирўзӣ дар ҷои кор будем ва хўроки нисфирўзӣ хўрдан иҷозат набуд, соати панҷи бегоҳ хўроки шом мехўрдем. Чизе, ки ў мехост, ҳамонро мехӯрдем, гўштро бо чашми сар намедидем. Борҳо ним гӯсфанди бурдаи бародарамро “гӯшти гӯсфанд зарар дорад” гуфта, бурда ба қассоби шиносаш медоду пулашро мегирифт, дилам гум мезад, аммо гап занам, зери мушту лагат мемондам. Дигар ман ҳам ба ин зиндагӣ одат кардам, борҳо қасди худкушӣ кардам, аммо обрўйи шумо ва бародаронамро фикр мекардам. Картаи ман дар дасташ буд, ман ҳаққи гирифтани маошамро надоштам. Баъзан ҳамкорон ба ягон чизи хӯрданӣ муроот мекарданд, аммо ман намегирифтам, зеро ҳеҷ гоҳ наметавонистам ба онҳо ягон хӯрока барам. Ба ҳама кори шавҳарам тоқат мекардам, аммо ин палид мегўяд, ки духтаратро ба ширхоргоҳ месупорем, ширхоргоҳи ятимхона, (он ҷо шинос дорад) бегоҳ мегиремаш ва ту ба кор баро! Ин чӣ бедодӣ? Ман духтараки бечораамро бурда, дар бари ятимаконе, ки аз онҳо волидонашон дасту дил шўстаанд, монаму худам бо дили зор кор кунам ва як тинамро набинам?! Беҳтараш аз чунин мард ҷудо мешаваму духтаракам камтар калон шавад, ба Русия меравам ва дигар ҳеҷ гоҳ барнамегардам!
Писаронам ин нақли хоҳарашонро шунида, оби чашмашонро дошта наметавонистанд. Писари калониям гуфт, ки “дар Душанбе хонаи дуҳуҷрагӣ дорам, дар наздаш мактабу боғчаву ҳама чиз ҳаст, ҳамин рўз онро ба номат мекунам, духтаракат каме калон шавад, рафта зиндагӣ мекунӣ!”. Духтарам барои ҷудо шудан ба суд ариза навишт, ҳарчанд хусуру хушдоманаш омаданду зорӣ карданд, ў дигар ба хонааш нарафт. Дар мурофиаи судӣ раиси суд аз зихнагии Сафар дар ҳайрат омад, ў худро ба зӯр идора мекард, ки аз ҷояш хеста, чунин аблаҳро бўғӣ накунад. Сафар вақти суханронӣ гуфт:
- Ба шумо муҳтарам раиси суд мерасонам, ки ман ягон чиз надорам, ки бо ҳамсарам тақсим кунам. Дар хонаи модарам зиндагӣ мекунам, ҳама асбобу анҷоми хонаам аз они модарам аст, мошинам бошад, аз падарам. Он чизҳоеро, ки дар тўй ба мо тўҳфа кардаанд, тилловориҳои собиқ ҳамсарам, дег, табақ, қолину куртаҳои ҳамсари собиқамро бошад, тақсим мекунем...
Шоиста аз ҷояш хеста гуфт:
- Муҳтарам раиси суд, ман картаамро, ки шаш сол кор кардааму як тин пулашро надидам, тилловориҳоямро, ки падару бародаронам тўҳфаам кардаанд, табақу косаву куртаву эзору рўймолҳоямро ба ҳамсари собиқам бахшидам, поку пиҳил! Фақат як даъво дорам, маро аз ҳамин халос кунед!
Ҳоло Шоиста маркази буҳроние кушодааст, ки тавассути он ба занҳои гирифтори хушунати оилавӣ ёрии худро дареғ намедорад. Касе намедонад, ки ин зани зебои чорагар панҷ сол пеш чӣ азоб дошт.
Рухсора САИД