“Алфонс”-русҳо мардонеро, ки аз ҳисоби зан хӯрда мегарданд, чунин ном мебаранд. Ин ибора дар байни мардуми тоҷик низ машҳур аст. Аксарият ба мардони “алфонс” бо нафрат менигаранд, зеро марде, ки аз ҳисоби дороӣ ва пули моли зан зиндагӣ мекунад, қобили эътимод ва боварӣ нест.
Барои ин тоифаи мардон ишқу муҳаббат ва садоқату вафодорӣ бар ин арзишҳои бузурги инсонӣ тамоман қадр надоранд. Марди “алфонс” аз зан танҳо як чиз мехоҳад-пул мехоҳад.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти чунин як марди ҳиллагар, ки бо ваъдаи хушбахтӣ се занис одадилро фиреб карда, пулу мол ва дороияшонро аз худ намудааст, хабар додааст.
Охунҷон Чораев 25 сол дошта, сокини ноҳияи Деваштичи Вилояти Суғд мебошад. Ин ҷавони фиребгар бо ваъдаҳои осмонӣ дили се занро ба даст оварда, пулу молу дороияшонро аз худ намудааст. Сароғоз ин домоди қаллоб бо як бевазани 25-сола шинос мешавад ва дили занро бо суханони пурмеҳр ба даст оварда, ваъда медиҳад, ки ӯро ба занӣ мегирад. Пас аз чанд вақт ҷавони маккор худро қарздор вонамуд карда, ба гиряву зорӣ медарояд, ки хонаашро фурӯхта, пулро ба ӯ диҳад, то зудтар аз қарз халос шуда, бе малол тӯю тамошо кунанд. Дили зани зудбовар ба ҳоли “шавҳаршавандааш” сӯхта, манзили истиқоматиашро ба маблағи 258 ҳазору 500 сомонӣ мефурӯшад ва пулро ба Охунҷон медиҳад, аммо домоди “машенник” баъди гирифтани маблағи калон бе ному нишон ғайб мезанаду арӯси фиребхӯрда ду даст дар почаки бинӣ мемонад.
Охунҷон баъди барори гирифтани амалиёти аввалини арӯсшикораш шерак шуда, бо як духтари 19-солаи сокини ноҳияи Спитамен шинос мешавад ва дар муддати кӯтҳ муносибати шиқона барқарор месозад. Маҷнуни беинсоф баъди чанд вақт ин духтари содаро низ фиреб карда, 14 ҳазору 100 сомонӣ пулашро мегирад ва думашро хода карда, бедарак мешавад.
Ҳамин тавр Охунҷон “маззахӯрак” шуда, боз як духтари дигарро ба домаш афтонда, бо ваъдаи бо ӯ издивоҷ кардан, пулу молашро соҳиб шудааст.
Эҳтимол ин ҷавони қаллоб умед дошт, ки як умр ҳамин тавр ба гӯши занони содадил афсонаи ишқу муҳаббат хонда, аз ҳисоби пулу моли арӯсони зудбовар зиндагӣ хоҳад кард, вале “бори каҷ ба манзил намерасад” гуфтагӣ барин, тираш хок хӯрда, ба чанг афтод.
Айни замон нисбати Ҷораев Охунҷон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич барои ҳаракатҳои мардумфиребӣ ва фиреби бонувон бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
Мард сутуни устуворест, ки зан ҳамеша дар зиндагӣ ба ӯ такя мекунад, вале Охунҷон барин мардони бе нангу номус натанҳо занони содаро фиреб карда, бехонумон месозанд, балки номи неки ҷавонмардро низ доғдор месозанд.