arzon replenishment
Домоди ҳиллагар Қисми 2
2030

                Ғазаби падар ва орзуҳои шикаста

Гумон доштам, ки баъди фаҳмидани ин хабар модарам ночор таслим мешавад ва ман метавонам ба осонӣ бо Нигина хонадор шавам, вале хаёлам хоб баромад. Ғайричашмдошт модарам чунон исён бардошт, ки ногуфтанӣ. Вай қиёматро қоим карда, ба сари ман дод мезад:

-Харбача, хаёл мекунӣ, ки баъди ин номаъқулиро карданатон ман он духтари сабукпои бе андешаро келин мекунам! Ин хобатро ба об гӯй! Арӯси ёфтаат, агар тарбияшуда ва падару модардор мебуд, ҳеҷ гоҳ бе тӯю тамошо ба оғӯши як бачаи бегона намедаромад! Дониста ман, агар худатро дор кашӣ ҳам, ман он тарпочаро келин намекунам! Мурда-мурда духтари холаатро мегирӣ! Тамом ва салом!

-Шумо ин корро накунед, ман худам ба хонаи холаам рафта мефаҳмонам, ки духтараш бо ман ҳаргиз рӯйи бахтро намебинад. Боварӣ дорам, ки холаам бадбахтии духтарашро намехоҳад ва арӯси дигар доштани маро фаҳмида, фотиҳаро мегардонад,-гуфтам ба модарам ва азм кардам, ки худам ин масъаларо ҳал мекунам, вале садои омиронаи падарам, ки то ин дам ба моҷарои ману модарам хомӯшона гуш медод, маро боздошт.

-Дониста бош бача, агар ҳамин корро карда, обрӯи маро дар байни хешу табор резонӣ, ман туро “оқ” мекунам!

Ман хуб медонистам, ки падарам як гап дорад ва гуфтаашро мекунад. Ба хотири он ки оқипадар нагардам, ночор ба тақдир тан дода, аз роҳам гаштам...

                   Баъд аз як соли ҷудоӣ

Ҳамин тавр, ман ба Нигинаи азизам хиёнат карда, ба духтари холаам хонадор шудам. Пас аз тӯй Нигина як сол бо ман қаҳрӣ шуд. Азобҳои дар ин муддат кашидаамро танҳо худам медонаму Худованди пок. Духтар холаам ягон камбудӣ ё гуноҳ надошта бошад ҳам, нисбат ба ӯ дар дилам нафрат доштам. Баъзан Худоро зорӣ мекардам, ки ҷонашро бигирад, то ки ман тавонам бо Нигинаи нозанинам хонадор шавам. Духтари дигар мебуд, шояд ба ин ҳама бемеҳрӣ ва сардии ман тоқат накарда, аз баҳри боигарӣ ва давлату сарвати мо гузашта, баромада мерафт, вале Сабрина хотири рӯйи модарам ба ҳамааш тоқат карда, дашному гапҳои дилхароши маро нодида мегирифт...

Оташи ишқ ҳатто пас аз як соли дурию ҷудоӣ дар дили ману Нигина хомӯш нагашт ва мо дубора ба ҳам омадем. Ман аз падару модарам пинҳонӣ барои Нигина дар маркази шаҳр хонаи зебои чорҳуҷрагӣ харидам ва онро расман ба номаш гузаронида, бо мебел ва тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин намудам. Пас аз ин ба назди падару модари Нигина рафта, иқрор шудам, ки мо гуноҳи азиме содир карда, соле қабл бе розигӣ ва дуои сафеди онҳо никоҳ кардем. Волидони Нигина аввал сахт ба ғазаб омаданд, вале баъд ба тақдир тан доданд.

-Ақаллан ба хотири дар назди дӯсту душман шарманда нашудани мо падару модаратро ба хостгорӣ фиристода, тӯй кун, то мардум нагӯянд, ки духтари фалонӣ думи ким кадом як бойчаро гирифта рафтааст,- оҳи сард кашида гуфт падари Нигина.

Ман ба ин шарти волидони арӯс розӣ шуда, аз пайи кофтани падару модари сохта шудам, зеро хуб медонистам, ки падару модари худам дар ду дунё бо нияти хостгорӣ пою қадамашонро ба остонаи хонаи онҳо намемонанд. Беҳуда “мушкиле нест, ки осон нашавад” ногуфтаанд. Худованд маро тасодуфан бо марде рӯ ба рӯ кард, ки фарзанд надоштааст. Ин марди нек маро ба фарзандӣ қабул карда, ҳамроҳи занаш ба хонаи падари Нигина хостгорӣ рафт ва тамоми масъалаҳои вобаста ба тӯйро ҳал кард.

Ҳамин тавр, аз волидонам пинҳонӣ дар яке аз беҳтарин тарабхонаҳои шаҳр тӯйи бодабдаба ороста, ман бо Нигина хонадор шудам. Қариб ду сол мешавад, ки ману Нигина дар канори ҳамдигар шаҳди висол мечашем ва аллакай соҳиби як писарчаи гул барин нозанин гаштаем. Дар паҳлӯи зани дӯстдоштаам ман худро хушбахттарин марди дунё эҳсос мекунам, вале як гӯшаи дилам хиҷил аст. Метарсам, ки дар болои духтари холаам зан гирифтанамро шунида, волидонам маро оқ накунанд.

Хонандагони азиз, магар ман кори хато кардам?

Меҳроб                  

Таҳияи: Сурайё Рабиева

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД