Sebiston new 2024 october
Домоди дузд (ҚИСМИ 2)
1466

Домоди бекафан

Падару модарам ноилоҷ розӣ шуданд, зеро мо медонистем, ки Анори якрав чизе гўяд, албатта мекунад! Ман хостам хоҳарамро ба андеша кашам ва дар танҳоӣ ба ў гуфтам:

- Хоҳарҷон, ту боварӣ дорӣ, ки хушкардаат туро хушбахт кунад? Охир ў ба бисту шаш даромада, то ҳол дар ягон ҷо кор накардааст, фардо ҳоли ту чӣ мешавад?!

- Акаҷон, ман ҳамин қадар сол гашта, сари шуморо хам накардам, аз шумо чизи зиёдатӣ нахостам. Бародари миллионер дорам гуфта, мисли дигар духтарон аз шумо мошину зару зевар талаб накардам ва ҳаргиз намекунам. Ман ҳамин ҷавонро дўст доштам, акаҷон, шумо розӣ шавед, боқӣ зиндагиямро худам мебарам,- гуфт ӯ.

Ман бо падарам маслиҳат карда, розигии худро ба хостгорон додем. Аз тарафи домод ниму нимкора ҷиҳозе оварданду хостанд тўйи хоксоронае ороста, арўсро бароранд, аммо мо тўйи зебое оростему барои Анор ҷиҳози қимматбаҳое ороста кардем. Домоду арўс маслиҳат карданд, ки баъди як ҳафта ба шаҳр бармегарданд, хонаи иҷора гирифта, зиндагиро ин ҷо идома медиҳанд.

Анорро ба деҳа бурданду ману модарам маслиҳат карда, хонаи сеҳуҷрагии дар бинои баландошёна доштаамонро барои омадани навхонадорон ҷиҳозонидем. Падарам гуфт, ки бигузор онҳо дар ба дар нагашта, дар хонаи худамон зиндагӣ кунанд. Мо хонаро ба номи Анор кардем, аммо ҳуҷҷатҳо дар дасти ман буданд.

Янгаҳои аз қафои арўс рафта баргаштанд, аммаам сарашро дошт, ашк мерехт ва мегуфт, ин духтар чӣ кор кард? Зиндагии ин оила мисли зиндагии ҷўгиҳост…

Алфонс

Баъди як ҳафта Анору шавҳараш баргаштанд. Ман онҳоро то хонаашон бурдам. Хоҳарам маро ба оғўш гирифта, гуфт:

- Акаҷон, ҳазор раҳмат барои ин ғамхорӣ, ҳар моҳ иҷорапулиятонро медиҳам.

Ман аз пешонии хоҳарам бўсида, посух додам, ки ин хона ҳақи ҳалоли ўст ва ҳаргиз дар ин бора фикр накунад…

Ба чеҳраи домод менигаристаму дар ҳайрат меафтодам, ки хоҳари нозанини ман ба ин безеб чӣ гуна ошиқ шуда бошад? Қомати паст, лабони ғафсу ба қавле «чухт», бинии ба бинии хук монанандаш як тараф, сараш пачақ буду мўйи тунуки зард дошт. Аз диданаш дили одам мешурид…

“Иллат дар ганда, шапуш дар ҷанда” гуфтагӣ барин, ин безеб бар замми нуқсонҳои доштааш, боз алфонс баромад. Ў ҳамоно саланг-саланг мегашту хоҳарам шабу рўз кор карда, ўро мехўронду мепўшонд, вале сир бой намедод. Намедонистам ба хоҳарам чӣ гуна ёрӣ расонам. Дар ин байн Анор соҳиби духтараки зебое гашту хонашин шуд. Падарам маслиҳат дод, ки домодро ба тиҷоратам ҷалб кунам ва ба ҳамин восита ба хоҳарам ёрӣ расонам. Розӣ шудам, “аз бегона дида шавҳари хоҳарам хубтар аст” гўён, ба ў вазифаи асосӣ - ҷамъ кардани пули бор, яъне хазинадориро бовар кардам. Домод аз савдогарон ва магазинчиҳоямон ҳар ҳафта пули бори маро ҷамъ карда оварда ба дастам медод. Ўро дар ин байн чанд бор ба хориҷа бурдам, то роҳу равиши бизнесро омўзад, мошинаш харида додам, то пиёда нагардад…

Анорро осиёби зиндагӣ пачақ карда буду аз ин иқдоми ман хеле хурсанд шуд. Ҳамин тавр алфонс-домоди мо соҳиби кор шуду дигар буруташро табар намебурид…

Дузд

Дар се соли хазинадории домод кори мо ба ҷойи пеш рафтан касод шудан гирифт, зеро ў дуздӣ мекард. Ин аблаҳ гумон дошт, ки ман намефаҳмам, вале ман медонистаму ба хотири хоҳарам чизе намегуфтам. Ин хомўшии маро алфонс-домоди дузд дигар хел фаҳмида яку якбора ба дуздии калон даст зад ва ман дигар тоқат накарда, гуноҳашро ба гарданаш зада, аз кор рондам.

Анор хислати шўйи бетамизашро хуб медонист, аз ин рў, чизе нагуфт. Ман бисёр мехостам ў қаҳр карда, талоқи хоҳарамро дода равад, вале ин беномус куҷо ҳам мерафт? Ў ба сӣ даромада бошад ҳам, дар зиндагӣ коре накарда буд, акнун хонаву дари тайёрро монда куҷо ҳам мерафт? Ман ўро аз кор ронда бошам ҳам, ба хотири Анор бо ин муттаҳам салом мекардам, гап мезадам, зеро акнун падару модарам аз дунё гузашта буданду ду хоҳари дигарам дар хориҷа зиндагӣ мекарданд. Ман ғайри Анор ва духтараки ў каси дигар надоштам…

БАХТОВАР

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД