Formula novemver 2024
ДОМОДИ БЕАҚЛ (ҚИСМИ 9)
2943

Давомаш...)

Фотима-хола шаппотии обдоре ба бари рӯйи Тоҳир фароварда гуфт:

-Як бори дигар Зуҳроро аз занҷир халос кунӣ, ман туро бурда ба Кӯктош месупорам. Фаҳмидӣ?!

-Очаҷон, маро ба Кӯктош набаред! Дар он ҷо маро укол мекунанд, мезананд, ғам медиҳанд. Маро набаред очаҷон, ман метарсам,–ҷавони беақл аз тарс дарақ-дарақ ларзида ҳунгосзанон гиря кард.

Беҳуда “модар кони раҳм аст” нагуфтаанд, дили Фотимахола, ки Тоҳирро худаш ба дунё наоварда бошад ҳам, тӯли солҳо ранҷу азоби зиёд кашида ӯро модарвор ба воя расонида буд, ба ҳоли писари бе ақлаш сӯхта аз гуфтааш пушаймон шуд. Вай сари Тоҳирро силакунон ашки чашмонашро пок намуд ва хоҳиш кард, ки ба хонаи хоби худаш рафта дам гирад.

-Тоҳирро бе назорат нагузоред, ман ба ҷустуҷӯйи Зуҳро меравам,-инро гуфта ин зани аз азал аз тақдир ҷафокашида аз дарвоза баромад.

Хизматгор аз китфаш дошта Тоҳирро ба хонаи хоби худаш бурд ва таъкид кард, ки оромакак хоб кунад, вале баробари аз дар баромадани вай ҷавони девонаавзоъ диски тӯйи домодиашро монда дар таги телевизор дикак нишаст. Ҳар гоҳ дар экран симои зебои Насиба пайдо шавад, Тоҳир сарашро дошта хонаро ба сараш бардошта бо тамоми овоз дод мезад: “Арӯсаки зебои ман, кадом золим туро кушт...” Беҳуда нагуфтаанд, ки дар ишқ шоҳу гадо ва девонаю ҳушёр баробаранд, ақли солим надошта бошад ҳам, Тоҳири ҷиннӣ занашро дӯст медошт ва дилаш ба ёди арӯсаки мисли парӣ зебояш гум мезад.

Консерти бе пул

Фотима-хола тозон ба кӯча баромада аз як гуруҳ писарчаҳо, ки беғамона саргарми бозӣ буданд, пурсид, ки Зуҳроро надидаанд.

-Зуҳро дар назди мағозаи “Лола” нимбараҳна рақс дорад, дар гирдаш одами зиёде ҷамъ шудааст,-хабар дод писарчаи ҳамсоя Далер.

Фотима-хола ба даҳшат фитода осемасар ба ҳамон тараф давид. Мардуми зиёде дар назди мағоза ҷам шуда буданд ва ҳар дам нидоҳои масхараомези “о бале, бале, қандаша занад духтардор” баланд мешуд. Фотимахола базӯр аз байни издиҳом ба худ роҳ кушода дид, ки дар байни “саҳна” Зуҳро “ҳунарнамоӣ” карда истодааст. Вай рӯймоли калонеро ба миёнаш баста буд ва мисли раққосаҳое, ки дар кабаре ва дигар ҷойҳои дилхушӣ рақси арабӣ мекунанд, миёни борику пеши бар ва дигар аъзои баданашро ҷунбонда ба таври худ мерақсид.

Наврасон ва ҳатто мардҳои каппа-калони зану бачадор дар гирдаш ҷамъ шуда, беғамона чапак мезаданд. Ҷавоне, ки садои мусиқии телефони мобилиашро баланд монда дар ин консерти бе пул нақши маэстроро иҷро мекард, ҳар дам масхараомез садо мебаровард:

-Ҳа бале, ана ҳамин тавр ҷунбон. Дунбата ҷунбон, дунбата а духтар!

Ин манзара Фотима-холаро сахт ба ғазаб овард. Вай ба шаст телефони мобилии ҷавонро аз дасташ чанг зада гирифт ва дод зад:

-Э мур ту барин мусулмон! Шумо чӣ, мардҳои каппа-калони зану фарзанддор, шарм намедоред?! Ин бечораро-ку Худованд аз ақли солим маҳрум намудаасту чӣ кор карданашро намедонад, шуморо чи ҷин задааст?! Магар фарзанд надоред?! Ба ҷойи ин бачаҳоро насиҳат кардан ин духтари касалиро масхаракунон монанди як села магас дар атрофаш ҷамъ шудаед. Он дунёро фикр намекунед, дӯзахиҳо...

Ин суханони Фотима-хола мардҳои ғуншударо ба сари нанг овард ва ҳамаашон сархам бахшиш пурсида, зуд пароканда шуданд. Фотимахола аз дасти Зуҳрои “раққоса” маҳкам дошта, кашон-кашон ӯро ба хона овард. “Модагург” дасти ӯро газида, раҳоӣ меҷуст, вале банди дасташ хуншор гашта бошад ҳам, модар ӯро раҳо накард. Баробари аз дарвоза даромадан Фотимахола бо кароҳат Зуҳроро ба замин афканд ва ангушти ишоратиашро нишон дода таҳдид кард:

-Як бори дигар ба кӯча бароӣ, ман туро бо ана ҳамин дастонам буғӣ карда мекушам. Гапамро фаҳмидӣ?!

Зуҳро бо чашмони хунгирифта ба модараш нигариста дод зад:

-Маро куш, лекин занҷир накун!

-Дамата гир! Ту ҳам бандаи худо ҳастӣ, туро кушта ман худамро фардои қиёмат туъмаи оташи дӯзах гардондан намехоҳам!

Бо ишорати Фотимахола хизматгорон Зуҳроро ба ошёнаи сеюм бароварданд, то боз занҷирбанд созанд. Духтари ҷиннӣ дастҳои онҳоро мегазид, гиря мекард, дод мезад, вале раҳоӣ ёфта наметавонист. Дидани ин манзара дили модарро чунон ба дард овард, ки чашмонаш ҳавзи об гаштанд. “Магар ягон модар мехоҳад, ки фарзандашро мисли саг занҷирбанд намояд? Албатта намехоҳад! Ман ҳам модарам ва тоби озори шумоёнро надорам, вале чи кунам, ки дигар чора надорам. Занҷирбанд накунам, худо медонад, ки чи балоҳои азимро ба сари худат ва дигарон меорӣ”,- пичиррос зад вай.

Хизматгорон Зуҳроро занҷирбанд карда, дарро аз рӯяш маҳкам намуданду калидро оварда ба дасти соҳибхона супурданд. Фотимахола калидро ба киса зада вазнин-вазнин қадам гузошта ҷониби хонаи хобаш равон шуд. Ин зани аламзада раҳораҳ аз дил мегузаронд: “Умрам бо девонабонӣ хазон шуд. Худоё, барои кадом гуноҳам ин ҷазоро ба ман сазовор донистӣ?! Вақтҳои охир шавҳарам ҳам бемеҳру бепарво шудааст, бо баҳонаи сафари хидматӣ ҳафтаҳо бе ному нишон мешавад. Ягон маъшуқаи ҷавон ёфтагӣ барин. Ӯро ҳам фаҳмидан мумкин, охир то кай дарду ранҷи ин девонаҳоро кашида мегардад. Имрӯз мардум бачаҳои сиҳату саломати худро бурда ба ятимхонаҳо месупоранд, ҳоло ҳам раҳмат гуфтан лозим, ки тули ҳамин қадар сол ин ду сағираи бе падару бе модари ҷинниро бурда ба девонахона напартофт...”

Оташи ишқсӯз

Насиба ба хонаи хоби замони духтариаш даромада аксҳои як замон бо ишқи аввалаш гирифтаашро кофта ёфт ва пора-пора намуда дар кафаш ғиҷим кард. Аз хаёлаш гузашт, ки агар ба он ҷавони деҳотӣ мерасид, шояд ҳоло шавҳараш хабари фарзанддор шуданашонро шунида, аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид ва ӯро рӯйи даст бардошта кӯдаквор дар ҳаво чарх мезанонд, шояд ба ин муносибат зиёфат медод, вале баъдан симои зебою маъсуми Тоҳир дар ангораҳои хаёлаш ҳувайдо гашту келинчак оҳи сард кашида зери лаб пичиррос зад: “ Эҳ Тоҳир, Тоҳир, агар бо ин ҳусну ҷамолат ту ақл медоштӣ, шояд зиндагиамон асал барин ширин мегузашт, вале афсӯс... “

Насиба намехост дигар ягон чиз, ҳатто ҳамин суратҳои беҷон низ гузаштаро ба ёдаш биёранд, аз ин хотир аксҳоро ба оташдон партофта гӯгирд зад. Оташ аввал ба як гӯшаи сурат часпида дуди борики кабудчатоб баровард, баъд якбора аланга гирифта дар як дам ишқи аввали ӯро ба як каф хокистар табдил дод.

Арӯсак қаноатмандона табассум намуда нимшӯхию нимҷиддӣ худро мазоҳ кард: “Хонуми зебо, бо ҳамин достони ишқи шумо ба поён расид. Аз ин пас танҳо ба як мард мутааллиқ ҳастед ва он марди хушбахт шавҳари поку ҳалоли шумо Тоҳир аст...”

Фоҷиа

Шаб хоб дид, ки бобои раҳматиаш болишти модарашро аз таги сараш бо қаҳр кашида гирифту баромада рафт. Тарсида бедор шуд. Аз тарс дарақ-дарақ меларзид. “Таъбири хобам чӣ бошад?” гӯён дар рӯйи ҷогаҳ нимхез шуд. Сараш ғуввос мезад, дилаш бошад худ аз худ сиёҳӣ оварда аз пешомади ногуворе дарак медод. Чанде пас садои бонги хурӯс баланд шуд ва арӯсак хилъаташро ба сари китф партофта ба рӯйи ҳавлӣ баромад.

Синаашро аз боди серуни субҳгоҳӣ пур карда, нафаси чуқур кашид. Ҳавои тоза тану ҷонашро мадори нав бахшид. Дасту рӯяшро шуста пок кард ва ба ошхона даромад, то барои наҳорӣ чой монад. Чойникро рӯйи манқал гузошта буд, ки садои гурсосзанон ба замин афтидани чизи вазнине ба гӯшаш расид. Ҳаросон ба берун баромаду дид, ки модараш дар назди зинапоя рӯ ба замин хобидааст...

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД