tobiston
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2025
1273

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар дӯстдошта дошта бошед, бо изҳори муҳаббат ва таърифу тавсиф хотирашро шод гардонеду бар ивазаш чизе талаб накунед. Он меҳру муҳаббате, ки шумо ба одамон тақдим мекунед, ба шумо дубора бармегардад. Нимаи дуюми рӯз саломатиятон нохуб гашта, дар муносибатҳоятон бо ҳамкорон нофаҳмиҳо сар мезананд. Асабҳои худро эҳтиёт карда, дар вақташ истироҳат кунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Дар ин рӯз аз ҳолати яъсу ноумедӣ бо кумаки дӯстонатон баромада метавонед. Аз тамоми имкониятҳои дилхушӣ кардан истифода бурда, аз нерӯи манфӣ раҳоӣ меёбеду қувват мегиред. Нафароне, ки волидони худро ранҷонидаанд, вақте расидааст, ки барои оштишавӣ қадам гузоранд. Имкони зиёд кардани даромади пулиро пайдо мекунед. Барои сафару саёҳат рӯзи мусоид аст.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар ин рӯз дар бораи ҳама чиз маълумот ба даст овардан мехоҳед. Агар қаблан баъзе ҳодисаҳоро аз мадди назар дур месохтед, айни замон ин камбудиро рафъ кардан мехоҳед. Вақти бештари худро бо хешовандону ҳамсояҳо гузаронида, аз навигариҳо бохабар мегардед. Нимаи дуюми рӯз дар рӯзгоратон мушкилиҳо сар мезананд. Бо яке аз дӯстони деринаатон аз нав робитаро барқарор месозед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз диққати худро барои рафъ кардани мушкилоти молиявӣ равона созед. Бо корчаллонӣ ва меҳнатдӯстӣ аз уҳдаи корҳое мебароед, ки қаблан зӯратон намерасид. Бо чунин амал баъзе нақшаҳои худро, ки барояш пул ҷамъ мекардед, ҷомаи амал мепӯшонед. Нимаи дуюми рӯз аз шиносоиҳои нав, фиреб ва дуздӣ ҳангоми сафар эҳтиёт шавед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз бо мушкилоти шахсии худ машғул шуданро тавсия медиҳем. Имкониятҳои зиёде барои пешравиҳои касбу коратон пайдо мешавад. Асадҳои муҷаррад муҳаббати умрашонро пайдо намуда, нафарони оиладор ба ҳамдигарфаҳмӣ меоянд. Нимаи дуюми рӯз аз хариди калон худдорӣ намоед. Пулҳоятонро дар ҷои дилпур нигоҳ доред, зеро хавфи дуздӣ имкон дорад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Вақти бештари худро дар танҳоӣ ва оромӣ гузаронед. Ҳар мушкиле, ки сари роҳатон пайдо мешавад, мунтазам рафъ кардан гиред. Дар муносибатҳои ошиқона барор ҳамсафари шумо мегардад. Муҳаббататон нисбати нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудаед, зиёд гашта, дилатон лабрези фараҳу шодӣ мегардад. Саросема шуда, барои даҳ соли оянда нақша накашед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз вақти бештари худро дар суҳбати дӯстону шиносҳоятон мегузаронед. Нимаи аввали рӯз нақшаи корҳои ояндаатонро тартиб диҳед. Ҳар қадаре нақшаатон муфассал тарҳрезӣ шуда бошад, ҳамон андоза зудтар амалӣ мегардад. Агар шумо оиладор бошед, дӯстон дар бобби оиладорӣ маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Хастагии равонӣ ба вазъи саломатиятон бетаъсир намемонад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ақрабҳо бо матонат барои расидан ба мақсадҳои худ майл мекунанд. Рӯзи хубест барои табобати бемориҳои музмин бо истифода аз таҷҳизотҳои навини тиббӣ. Аз ҷониби нафаре, ки нисбаташ эҳтиром доред, кумаку дастгирӣ эҳсос мекунед. Баъди нисфирӯзӣ миёни шахси дӯстдошта ва нафаре аз дӯстонатон нофаҳмӣ рух медиҳад, дар ин муноқиша беҳтараш ҷониби нафареро нагиред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Диққати худро ба мушкилоте равона созед, ки оромиятонро халалдор месохтанд. Ба дастгирии ҳамкорону дӯстон умед баста, муваффақ мегардед. Баъзе қавсҳо кори хуб пайдо мекунанду тоифаи дигар бахти худро пайдо намуда, дигаре хонаву дарашонро таъмир мекунанд. Рӯз барои саёҳату истироҳат мусоид аст. Нимаи дуюми рӯз дар касбу коратон душворӣ сар зада, муносибататон бо роҳбарият душвор мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз хавфи фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад, бинобар ин, дар бозор бисёр гаштанро маслиҳат намедиҳед. Пули бо хуни ҷигар кор кардаи шумо метавонад ба осонӣ луқмаи дузд ё ҳанноте бигардад. Дар ҷодаи меҳру муҳаббат каме нофаҳмиҳо пеш меояд, ки гунаҳкори асосии сар заданашон худи шумоед. Гуноҳи худро ба гардан гирифта сари вақт узр пурсед, вагарна хавфи ҷудо шуданатон вуҷуд дорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Бархе аз давлҳо фикр мекунанд, ки дар зиндагияшон давраи нокомиҳо оғоз ёфтааст, зеро мушкилӣ ва бесару сомониҳои зиёде ин рӯз эшонро домангир хоҳанд гашт. Аз ҳад зиёд асабӣ нашавед, вагарна бемор шуданатон аз эҳтимол дур нест. Давлҳои оиладор бояд аз занбозию хиёнат ин рӯз худро дур бигиранд, зеро хавфи сар задани моҷароҳои калони оилавӣ бо сабаби рашк вуҷуд дорад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ба ҳодисаҳои ғайриодӣ ва ногаҳонӣ тайёр бошед, зеро ин рӯз чархофалаки зиндагии ҳутҳо басо тез гардиш намуда, навигариҳои зиёде дар ҳаёташон рӯй медиҳанд. Корҳое, ки дар ин давра анҷом медиҳед, барои баландтар рафтани мақоматон мусоидат хоҳанд кард. Серкориро баҳона карда, вазифаҳои худро дар оила бар дӯши дигарон бор накунед, вагарна дили ҳамсаратон хунук шуда, муносибатҳоятон сард мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД