tobiston
Боздошти як зани далла дар Хуҷанд
279

Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд занеро бо иттиҳоми даллагӣ ва машғул шудан бо харидуфурӯши одамон боздошт намудаанд.

Тибқи маълумоти мақомот моҳи феврали соли 2022 боздоштшуда мувофиқи маслиҳати пешакӣ бо зане бо лақаби Асал ва боз чанд шахси номаълум дар шаҳри Маскав хонаеро ба иҷора гирифта, як зани 44-солаи зодаи шаҳри Хуҷандро ба ғуломии шаҳвонӣ гирифтор намуда, барои машғул шудан бо амалҳои шаҳвонӣ ба мардони синну солашон гуногун мефурӯхтааст.

Бо ҳамин усул моҳи сентябри соли 2023 боздоштшуда бо Катя ном зани дигар, ки шахсияташ муайян карда нашудааст, маслиҳат намуда, қурбонии навбатиро ба дом афтонида, ба Маскав фиристодааст ва дар манзили иҷора ҷойгир намуда, то моҳи октябри соли 2023 ба мардон фурӯхта, аз ин ҳисоб фоида ба даст меовардааст.

Айни замон нисбати ин зан бо қисми 1-и моддаи 130-и Кодекси ҷиноятии ҶТ барои машғул шудан бо савдои одамон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД