1xbet
Муҳри садоқат: 10 манфиати бастани ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ
21.07.2025
Oila.tj
111

Оиладоршавӣ фараҳбахштарин рӯйдод дар ҳаёти ҳар як шахс мебошад. Аммо барои устувории оила аз оғоз пойдевори онро мустаҳкам намудан лозим аст. Барои ин домоду арӯс бояд ақди никоҳашонро дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ САҲШ ба қайд гиранд.  

Ишқу муҳаббат хуб аст, вале дар ҳимояи давлат будан беҳтар

Ишқу муҳаббат муҳим аст, аммо ҳангоми ташкили оила, инсон бояд дар фикри оянда ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояш низ бошад. Зиндагӣ нишон медиҳад, ки никоҳи танҳо бо роҳи динӣ, бе сабти расмӣ дар мақомоти САҲШ, метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ гардад - аз даст наёфтани ҳуқуқ ба мерос ва молу мулк то мушкилот ҳангоми ҷудоӣ ё таваллуди фарзанд. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо, тавсия дода мешавад, ки муносибатҳои оилавӣ ҳатман расман ба қайд гирифта шаванд.

Манфиатҳои мақомоти САҲШ ё бастани ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ

Тавре дар оғоз гуфтем, бақайдгирии ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ манфиатҳои зиёде дорад.

Никоҳе, ки танҳо бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад. Ақди никоҳ ҳамон вақт расмӣ ва мутобиқи меъёрҳои қонун дониста мешавад, ки он дар мақомоти дахлдори давлатӣ ба қайд гирифта шуда бошад. Вақте ки шумо ақди никоҳи худро дар мақомоти САҲШ ба қайд мегиред, муносибатҳои оилавиатон таҳти ҳимояи давлат қарор мегиранд.

Пас аз издивоҷи расмӣ ва бақайдгирии ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ муносибатҳои ҳуқуқии зану шавҳар тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда шуда, ҳамсарон ҳуқуқҳои баробар пайдо меқунанд.

Пас аз бастани ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ тамоми молу амволе, ки ҳамсарон дар давраи зиндагии якҷояашон ба даст меоранд, тибқи қонун моликияти муштараки онҳо ба шумор меравад. Зану шавҳар ба моликияти муштарак ҳуқуқи баробар доранд.

Зану шавҳаре, ки ақди никоҳашон расман ба қайд гирифта шудааст, дар гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фарзандонашон бо ягон монеа рӯ ба рӯ намешаванд.

Бо бастани ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ зану шавҳар ҳуқуқи баробар ба меросро ба даст меоранд ва фарзандонашон вориси бечунучарои онҳо дониста мешаванд.

Дар сурати вафот қардани зан ё шавҳар, дуюмӣ метавонад пасандозҳои нафақавӣ, ёрдампулии давлатӣ ва ба ин монанд кумакпулиҳои иҷтимоиро гирад.

Ҳангоми ҳадяи амвол ё коғазҳои қиматнок ба ҳамсари худ, зану шавҳар аз пардохти андоз озоданд.

Дар сурати боз кардани парванда нисбати яке аз ҳамсарон зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки нисбати ҳамдигар нишондод надиҳанд. Дар сурати надоштани қайди расмии ақди ниқоҳ, надодани нишондод барои ҳарду ҷониб паёмади ҳуқуқӣ дорад.

Ақди никоҳи зану шавҳар расман ба қайд гирифта шуда бошад, онҳо ба фарзандонашон ҳуқуқи баробар доранд ва ҳангоми бақайдгирии таваллуди кӯдак, падару модари ӯ мушаххас зикр карда мешаванд. Зану шавҳар қайди расмӣ надошта бошанд, дар шаҳодатномаи кӯдак номи падари кӯдак зикр намешавад ва ин минбаъд мушкили эътирофи падариро ба миён меорад.

Ақди ниқоҳи зану шавҳар расман ба қайд гирифта шуда бошад, дар сурати сар задани нофаҳмию мушкилиҳо ё ҷудо шудани ҳамсарон ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ осон мешавад. Зане, ки бо шавҳараш ақди никоҳи расмӣ дорад ва ҳомила аст, дар сурати пош хӯрдани оила ҳуқуқ дорад, ки натанҳо барои фарзандони ноболиғаш, балки барои худ низ муддати муайян алимент талаб намояд.

Тартиби бастани ақди никоҳ

Зану марде, ки мехоҳанд издивоҷ намоянд ва ақди никоҳи худро расман ба қайд бигиранд, агар дар деҳа зиндагӣ қунанд, барои бастани никоҳи расмӣ бояд бо аризаи якҷоя ба мақомоти бақайдгирандаи ақди никоҳ дар ҷамоат муроҷиат намоянд. Домоду арӯс дар шаҳр зиндагӣ мекарда бошанд, аризаро бояд ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мақони зисти яке аз ҷонибҳо ё падару модари онҳо пешниҳод намоянд.

Ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷиқистон, қи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

Дар баробари аризаи муштарак ба мақомоти САҲШ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намудан лозим аст:

  1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони никоҳшаванда.

2. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи беэътибор донистан ё шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳи қаблӣ ва (ё) нусхаи шаҳодатномаи вафот (дар сурати вафоти яке аз ҳамсарон), агар шахс (шахсон) пеш аз ин дар ақди никоҳи дигар бошад.

3. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда.

4. Нусхаи шаҳодатномаҳои таваллуд ё маълумотнома дар бораи мавҷудияти сабти таваллуди шахсони никоҳшаванда бо нишон додани насаб, ном ва номи падару модари онҳо.

5. Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаи никоҳ.

6. Яке аз шахсони никоҳшаванда ба мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои додани аризаи муштарак имконияти ҳозир шуданро надошта бошад, изҳори иродаи шахсони никоҳшаванда метавонад дар асоси аризаҳои алоҳидаи пешниҳоднамудаи онҳо ба расмият дароварда шавад.

7. Ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ дар муҳлати як моҳ аз санаи муроҷиати никоҳшавандагон дар ҳузури шахсони никоҳшаванда ба ҷо оварда мешавад. Бо хоҳиши шахсони никоҳшаванда бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар вазъияти ботантана дар бинои мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва берун аз он сурат мегирад. Хонаҳои ақди никоҳ маросими бақайдгирии давлатии ақди никоҳро дар вазъияти ботантана танҳо дар дохили биноҳои худ амалӣ менамоянд.

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ислоҳоти низоми САҲШ»-и БРСММ таҳия шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД