Идомааш ...
- Духтарам, на ман ва на ягон каси дигар аниқ гуфта наметавонад, ки фарзанди ту солим ба дунё меояд ё камақл. Албатта хавфи руҳан бемор таваллуд шуданаш ҳаст, вале ҳамааш дар дасти Худованд аст. Дунё ба умед гуфтаанд, зиқ нашав, тифли батнат шашмоҳа шавад, баъд ташхис намуда, солим ё нуқсондор буданашро аниқ мекунем. Бинем, ки тифл ноқисулақл аст, исқоти ҳамл мекунем,-гуфт духтур.
- Худоё, ман ин пораи ҷонамро шаш моҳ гирифта мегаштааму баъд мекуштаам?! Не, ман ин корро карда наметавонам, духтурҷон! Ҳаволааш ба худо, хоҳ девона бошаду хоҳ ҳушёр ман фарзандамро ба дунё меоварам. Аз ҳамин рӯз сар карда дар намозҳоям тани сиҳати тифлакамро аз худованд талаб мекунам, бошад, ки офаридгор садои диламро шунида, дуоҳоямро мустаҷоб гардонад.
- Бо шавҳарат зиндагиатро давом доданӣ ҳастӣ ё не ?
- Ростӣ, намедонам. Шабҳо, вақте ки шавҳарам хоб меравад, соатҳо мижгонҳои дароз-дарозу абрӯвони пайвастаашро тамошо мекунам ва ба назарам чунин менамояд, ки маънии зиндагиам танҳо ӯст, вале ҳамин ки рӯз шуд, мардаки беақлам боз дар чиллаи тобистон палтою кӯлоҳи қароқулӣ пӯшида, ҷонамро ба лабам мерасонад.
- Офарин ба ту, ки бо чунин девона зиндагӣ карда истодаӣ, - духтурзан аз нақли Насиба ба риққат омад.
- Тақдирам ҳамин будааст, чӣ кунам?! Дар пешонии инсон аз азал чизе навишта шуда бошад, хоҳ-нохоҳ ҳамонро мебинад. Кӣ мегуфт, ки духтари яккаю ягонаи падари ман барин одами сарватманду номдор ҳазорҳо хостгоронро рад карда, оқибат насиби як ҷавони девона мешавад,-Оҳи сард кашид арӯсак.
- Ҷони ҷавонатро дар азоб намон духтарам. Беҳуда умратро бо ҳамон девона хазон накун. Ту духтари зебою дилкаш ва бар замми ин, боақлу ботарбия ҳастӣ, падару модарат ҳам одамони доро будаанд, аз ин девона ҷудо шавӣ, ду моҳ нагузашта шавҳари олиҷаноб меёбӣ.
- Медонам, аммо дилам ба ҳоли шавҳару хушдоманам месӯзад, -Симои Фотимахолаи гирён дар пеши назари Насиба ҳувайдо гашта, дилашро абри ғусса фаро гирифт ва дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.
Исёни падар
Насиба ба хона баргашта ба падараш хушхабари ба наздикӣ бобо шуданашро расонд. Чеҳраи падар аз шунидани ин хабар турш гашта бо қошу қавоқи гирифта гуфт:
- Модарат аз ғами бадбахтии ту касал шуд, акнун навбати ман аст?! Чаро дидаю дониста боз як девонаи дигарро ба дунё овардан мехоҳӣ?! Магар ҳоли шавҳарат ба ту дарси ибрат нест? Беҳтараш худи ҳозир рафта насли он девонаро нест кун! Аз ин оилаи девонаҳо ҳарчи зудтар халос шуданат лозим духтарам.
- Дада, ман одамкуш нестам, ки фарзанди худамро нест кунам! Худованд дар тақдирам чизе навишта бошад, ҳамонро мебинам.
-Девонагӣ накун Насиба, охир худат азоби руҳӣ кашида истодаӣ, мехоҳӣ, ки ҷони фарзандатро ҳам дар азоб монӣ?! Туро намедонам, вале ман аз дидори набераи девонаавзоъ безорам!
-Ин хел нагӯед, дада, шояд бо лутфи Парвардигор фарзанди ман солим ба дунё меояд. Девона гуфта ҷигари маро хун накунед, хоҳ сиҳат бошад, хоҳ беор вай ба шумо бегона не, набераатон мешавад,-Дар чашмони Насиба ашк ҳалқа зад ва дигар бо падараш баҳсу мунозира карданро раво надида, оби дидагонашро поккунон ба ташноб даромад.
Маҷнуни сонӣ
Тоҳир баъди рафтани ҳамсараш боз ҳам бештар савдоӣ гашта рӯзи дароз доду войкунон гирд-гирди гирди ҳавлӣ медавид. Насибаро дар ҳавлӣ наёфта аксаран ба истгоҳи автобусҳо мерафт ва аз тамоми одамон мепурсид, ки зани маро надидед. Дили Фотимахола аз дидани ҳоли зори писараш хун мешуд ва инони ихтиёрро аз даст дода, зор-зор гиря мекард. Дилаш мехост рафта келинашро биёрад, вале метарсид, ки Алишери авбош ба Насиба ягон зарар мерасонад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, Тоҳир “зани маро куштӣ” гӯён, ҷони модарашро ба лабаш мерасонд.
Қасди куштор
Аз модараш қасос гирифтанӣ шуда, Тоҳир як шаб аз ҳама пинҳонӣ ба ошёнаи сеюм баромад ва дари ҳуҷраи Зуҳроро кушода, дасту пойҳои хоҳарашро аз занҷир раҳо кард. Зуҳрои аз банд раҳо ёфта чунон хурсандӣ мекард, ки гӯё одами солими солҳо зиндонӣ буда аз маҳбас раҳоӣ ёфта бошад. Онҳо пасопеш ба ошёнаи дуюм фаромаданд. Тоҳир ба хоҳараш дарди дил карда гуфт: “Зани маро очаам кушт!” Чашмони Зуҳро бо шунидани ин хабар хун гирифтанд ва дандонҳояшро ғиҷиррос занонда гуфт:
-Рафтем, ҳардуямон дандонҳои ин аҷузкампирро канда мепартоем!
-Рост мегӯӣ, рафтем, ҷазояшро медиҳем, - хитоб кард Тоҳир.
Онҳо нӯг-нӯги по қадам зада ба ҳуҷраи модар равон шуданд. Шавҳари Фотимахола чанд рӯз боз дар сафари хизматӣ дар Яман буд ва занаки бечора шабҳо танҳо хоб мекард. Зуҳро анбӯр дар даст дарро оҳиста кушода, дуздона ба бистари хоби модараш наздик шуд ва ба Тоҳир амр кард, ки даҳони Фотимахоларо кушояд. Тоҳир заҳрханда карда ғурунгос зад: “Забони ин аҷузаро аз комаш канда гирифтан лозим!”
Ду девона даст ба гардани модар бурда, базӯр даҳонашро кушоданӣ шуда қариб ҷоғи кампири бечораро медаронданд. Фотима-хола аз дарди сахту шадид бедор шуда осемасар чашмонашро кушод. Тоҳиру Зӯҳрои дар болои сараш истода дар назари модар мисли ҷину аҷина намуданду аз тарс талхакаф шуда бо тамоми овоз фиғон кашид.
Хизматгорон фарёди талхи соҳибхонаро шунида тозон ба утоқи хоби Фотимахола даромаданду Тоҳиру Зуҳрои дар дасташон корд ва амбурро дида, ҳуш аз сарашон парид. Зуҳро бо шаст аз дар баромада гурехт, Тоҳир бошад, худро пеши пойи модараш партофта зорӣ намуд:
- Очаҷон, маро назанед! Айби ман не, Зуҳро маро ба ин ҷо овард. Мегӯяд, ки ин кампир зани туро бурда дар куҳи Қоф маҳкам кардааст, биё забонашро канда гирем, ҷонаш, ки дард кард, дубора арӯси мулки офтоби туро мебиёрад!
- Падарлаънат, ба ту кӣ гуфт, ки Зуҳроро аз банд раҳо кун?! - дод зад Фотимахола, ки ҷонаш аз найрангҳои ин ду девона ба лаб расида буд.
- Ман не, худаш дасту пойҳояшро кушод, - Тоҳири ҷиннӣ кӯшиш мекард, ки худашро сафед намояд.
(Давом дорад)
Идомаи қиссаро пагоҳ соати 21:00 дар сайти мо хонед.