new banner new years
ДОМОДИ БЕАҚЛ (ҚИСМИ 2)
3157

(Давомаш)

Насиба гумон дошт, ки қурбоққа танҳо як ҳазли хунуки шавҳараш буд, вале шаби дигар Тоҳир сагчаи зиндаеро оварда ба рӯйи рахти хобашон ҳаво дод. Сагбача нав таваллуд шуда, ҳатто чашмонашро кушода наметавонист. Арӯсак ҳайвонро дар болои ҷогаҳи хобаш дида, девона шуд ва ҷонварро аз тиреза ба берун ҳаво дод. Тоҳир мисли кӯдак барои сагча гиря карда, зорию тавалло менамуд, ки рафта кучукчаро биёрад. Рафтори аз доираи ақл беруни шавҳараш ҳам хандаи арӯсро меоварду ҳам гиряашро. Тоҳир ҳамоно ду пояшро гурс-гурс ба замин зада мегуфт: “Чаро кучукчаро партофтӣ, охир вай бечора дар кӯча хунук мехӯрад. Тезтар рафта сагчаи маро биёр! Сагчаамро биёр гуфтам, биёр...” Арӯс дид, ки ба хубӣ домоди ноқисулақлро ором карда намешавад, Тоҳирро тела зада аз дар берун кард.

Паривара

Насиба шаб то саҳар мижа таҳ карда натавонист. Аз як тараф бистари ба рӯяш саг хобидаю аз ҷониби дигар андешаи рафторҳои аз доираи ақл беруни шавҳараш майнаашро гиҷ намуда, хобро аз чашмаш гурезонида буданд. “Ин бача девона аст ё паривара, одами саҳат чунин рафтор намекунад”,- мегуфт худ ба худ арӯсак. Аввал хост аз шавҳари булаҷабаш гурехта ба назди падару модараш равад ва ҳолу аҳволи домоди ёфтаашонро нақл карда, зани Шамсуллои азизаш шавад, вале баъд андеша кард, ки аз тӯяш нав 4 рӯз гузаштаасту агар ба хонаашон равад, ҳамсояҳо дар ҳаққаш туҳмат бофта, ӯро нодухтар мебароранд, бинобар ин аз раъйаш гашт. Обрӯи падарашро фикр карда, Насиба қарор дод, ки ҳарчӣ бодо бод, дар ҳамин хона бо шавҳари паривара ё девонааш мемонад. “Канӣ бинам, ин қулмурод боз чӣ ҳиллаю найрангҳо мебарорад ”,- ба ҳоли зори худ хандида қарор дод бойдухтар.

Боз як сирри ниҳон

Рӯзи ҳафтуми арӯсиашон Тоҳир аз дасти Насиба кашида истода оҳиста гуфт:

-Зуҳроро дар боло очаам занҷирбанд кардааст. Бечора мудом мегиряд. Биё, рафта ӯро аз банд халос кунем!

-Зуҳро кист?-Ҳайрон пурсид арӯс.

-Зуҳро ин манам,-ҷавоб дод бо алам домоди камақл.

Аз ин суханони асрорангези Тоҳир чизе нафаҳмида бошад ҳам, ҳисси зотии кунҷкобиаш Насибаро ба он водор намуд, ки аз паси шавҳараш равон шавад. “Дар зери коса ин ҷо нимкосае ҳаст” аз дил мегузаронд келинчак. Вақти ба ошёнаи дуюм баромадан, онҳо бо яке аз хизматгорон рӯ ба рӯ шуданд. “Як лаҳза сабр кун” гӯён, Насибаи зирак шавҳарашро нигоҳ дошт ва хам шуда оҳиста аз хизматгор пурсид:

-Зуҳро кист?

-Магар ту намедонӣ, ки шавҳарат дугоник аст. Зуҳро хоҳари экизаки Тоҳир аст, вале он бечора ҳам мисли додараш айби модарзодӣ дорад,-пичирросзанон ҷавоб дод хизматгор.

-Айб дорад? Чӣ айб?-Кунҷкобӣ намуд Насиба.

Хидматгор ҳис кард, ки арӯсак аз сирру асрори ин хонадон огоҳ нест ва девона будани шавҳараш Тоҳирро намедонад, барои ҳамин дигар чизе нагуфта, осемасар гузашта рафт. Дар дили Насиба бошад, майли кушодани сирру савдои ин оила даҳчанд афзуда аз дасти Тоҳир маҳкам дошту гуфт:

-Рафтем, Зуҳроро хабар мегирем!

“Модагург”-и занҷирбанд

Онҳо ба ошёнаи сеюми ҳавлии дакаданг баромаданд. Садои нолиши ба овози гурба шабоҳат дошта, ки аз дохили яке аз утоқҳо ба гӯш мерасид, Насибаро водор намуд, ки истода гӯш андозад. Садои гиряолуд боз такрор шуд ва арӯсак дарёфт, ки чӣ сирру асроре, ки набошад, маҳз дар ҳамин ҳуҷра ниҳон аст.

-Калид канӣ?-Ба шавҳараш рӯ овард Насиба.

-Мана,-Тоҳир сар ба зер афканда калидро ба ҳамсараш дароз кард.

Насиба дарро кушода духтареро дид, ки мисли як себи дукафон ба Тоҳир монанд, вале дастонаш занҷирбанд буданд. Духтар бо чашмони хунгирифта ба вай нигариста, мисли гург уллос кашид. Нигоҳи пурхашму бераҳми ин модагурги занҷирбанд арӯсакро талхакаф кард. Аз тарс қариб монда буд, ки Насибаи дар сараш тӯри арӯсӣ бо тамоми овоз фарёд занад, вале базӯр худро дошта ба ҳуҷра даромад ва дарро аз дарун пӯшида ба Зуҳрои занҷирбанд наздиктар рафт.

-Натарс, ин зани ман аст, вай ба ту зарар намерасонад,-Дар канори “модагург”-и занҷирбанд нишаста ба таври худ хоҳарашро дилбардорӣ намуд Тоҳир ва дасти навозиш бар сари Зуҳро бурда, маҳин-маҳин мӯйҳои ҷӯлидаашро навозиш намуд. Бо дидани ин манзараи ҳузновар дар чашмони Насиба ашк ҳалқа зада, дуртар рафт, то ба суҳбати ин дугоникҳои бадбахт халал нарасонад. Зуҳро зорӣ мекард, ки дастонашро аз банд озод кунанд. Дили Насиба аз зориҳои хоҳаршӯйи занҷирбандаш хун шуда, хост дастони Зуҳроро кушояд, аммо занҷир бо қулфу калид маҳкам карда шуда буд. Зуҳро ҳамоно мисли гург уллос кашида зорӣ кард, ки дастонашро кушоянд.

-Тоҳир, калид канӣ?-Пурсид Насиба.

-Намегӯям, агар гӯям, очаам маро бо табар зада мекушад,-Сар ҷумбонд шавҳараш. Насиба дид, ки аллакай симои Зуҳро дигаргун шуда, чашмонаш боз мисли чашмони модагург хунгирифтаю бераҳм гашта истодаанд ва аз афташ ба онҳо ҳуҷум карданист, оҳиста дасти Тоҳирро дошта аз ҳуҷра баромад ва зуд дарро қулф карда осемасар поён фаромад.

Гиряи домоди девона

Шаби дароз хобҳои воҳиманок дида, Насибаи наварӯс то субҳдам ҳатто мижа таҳ карда натавонист. Ҳамин, ки чашмонашро пӯшид, дар пеши рӯяш симои Зуҳрои занҷирбанд ҳувайдо мегашт ва дар ангораҳои хаёли келинчаки бечора чашмони хунгирифтааш пайдо шуда, уллоси гургмонандаш гӯё аз дуриҳо ба гӯш мерасид. Насиба қарор дод, ки саҳар бору буғчаашро ҷамъ карда аз ин “девонахона” мегурезад ва ба хонаи падараш рафта, буду шуди ҳодисаро нақл мекунад, вале субҳи солеҳон ғанабаш бурда монд. Як вақт овози гиряи дардноки Тоҳир ӯро аз хоб бедор кард. Домоди девонаавзоъ дар кунҷи хона нишаста худ ба худ мегуфт:

-Очаам чаро моро ба дунё овард? Ман кайҳо мурдаам, аммо очаам бисёр мехоҳад, ки зинда бошам. Арӯсаки зебо, маро напарто...

Ин суханони дардноки Тоҳир ба дили раҳмгини Насиба асар карданд ва арӯсаки бетолеъ қарор дод, ки боз камакаки дигар тоқат мекунад.

Нақли пурсӯзи хушдоман

Тоҳир он рӯз то шом аз хона набаромада, дар даруни бистар печутоб хӯрд. Ҳолати ӯро дида модараш маънидорона ба Насиба нигариста пурсид:

-Келин, шавҳарат ба сеюм баромада буд?

-Не, набаромадааст,-Сар ба зер афканда ҷавоб дод Насиба.

-Росташро гӯй, баромада буд ё не?-Батаъкид пурсид хушдоманаш.

-Ҳа холаҷон, баромада буд,-Дигар тоби дурӯғ гуфтан накарда иқрор шуд арӯс.

-Чаро ӯро кашола карда ба боло бурдӣ?-Ситеза намуд модаршӯяш ва оҳи сарде кашида афзуд:-Ҳар гоҳ Зуҳроро бинад, якбора аҳволаш бадтар мешавад. Беҳуда намегуфтаанд, ки дугоникҳо мисли як ҷони дар ду пайкар ҷойгир шуда ҳастанд!

-Холаҷон, росташро гӯед, Тоҳиру Зуҳро модарзод девона ба дунё омадаанд? –Пурсид Насиба рост ба чашмони хушдоманаш нигариста.

Фотима-хола гунаҳкорона сар ҷунбонид.

-Пас, чаро дидаю дониста мани сип-сиҳатро ба бачаи беақлатон келин кардед?-Фиғон кашид арӯсак.

Фотима-хола лаҳзае сукут намуду пасон чашмони аз ашк лабрезашро бо рӯймолча пок карда, бо садои ҳазан гуфт:

-Ҳарчанд кӯшиш кардам, ки аз сирру асрори оилаи мо бохабар нагардӣ, нашуд. Акнун, ки ту ҳамаашро бо чашми худат дидӣ, маро ба ҷуз аз гуфтани ҳақиқат дигар ягон чора намондааст. 

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД