Formula novemver 2024
ДОМОДИ БЕАҚЛ (ҚИСМИ 11)
2759

 

(Давомаш)

Забон хоидани мардакашро ҳис карда, Фотимахола дарк намуд, ки сухани гуфтаниаш хурсандибахш нест, вале худро ба даст гирифта гуфт:

-Чӣ хеле, ки ҳаст, ҳамон хел фаҳмонед, ман хафа намешавам.

-Ду сол пештар бо як пирдухтар никоҳи мусулмонӣ карда будам, то фаҳмам, ки аз ман фарзанд мешавад ё не, имрӯз писар таваллуд кард!

-Писар таваллуд кард?!-Фотима ҳунгосзанон инони гиряро сар дод.

Дар гиряи ин зани солҳо дар ҳасрати фарзанд сӯхта рашку алам бо ҳам печида буд.

-Гиря накун ҷонам, ман туро бо тамоми ҳастиам дӯст медорам, вале зиндагии инсон бе фарзанд рангу бӯй надорад. Сағераҳои хоҳарат солимақл мебуданд, шояд ман орзуи фарзандро намекардам, вале аз кашмакаши ин девонаҳо ҷонам ба лабам расид. Бовар кун, дигар хазон шудани умрамро хомӯшона тамошо карда натавонистам,-шавҳараш ӯро ба оғӯш гирифта, кӯшиш мекард тасаллӣ диҳад, вале барои худро сафед кардан чандон суханҳои мувофиқ намеёфт.

Фотима-хола ашки чашмонашро пок карда, дасти шавҳарашро оҳиста аз китфаш гирифт ва аз ҷояш бархоста кӯрпаҳоро аз болои сандуқ як-як фаровардан гирифт. Шавҳараш ҳайрон-ҳайрон ба ин манзара менигарист, аз афташ метарсид, ки ҳозир Фотима тамоми ҷилу пӯстакашро бароварда “зан гирифта бошӣ, аз ин хона дафъ шав” гӯён, ӯро аз дар берун мекунад, вале ғайри чашмдошташ ҳамсараш аз сандуқ ду буҷули аспро бароварда ба вай дароз карду гуфт:

-Мардак, дар ёдат ҳаст, шаби нахустини арӯсӣ ин буҷулҳоро ту ба ман дода будӣ?

-Магар чунин шабро фаромӯш карда мешавад?! Гуфта будам, ки ин буҷулҳоро барои писарамон пинҳон кун. Орзу доштам, ки ту дугоник таваллуд мекунию якбора соҳиби ду шоҳписар мешавем, вале...

-Акнун ин буҷулҳоро бурда ба занат деҳ, бигзор писарчаат бозӣ кунад. Худованд ба вай умри дарозу бахту тахт диҳад. Омин!

-Фотимаҷон, ман ҳеҷ гоҳ шумоёнро намепартоям,-Ваъда дод мард, ки аз суханони ҳамсараш дар чашмонаш ашк ҳалқа зада буданд.

-Аксари мардҳо аз рӯйи ҳавою ҳавас зани дуюму сеюм мегиранд, ту бошӣ, ба хотири фарзанд ин корро кардӣ,-даст афшонд Фотимахола.

-Занакҷон, агар зид набошӣ, ба хотири писарам барои ӯ ҳам ягон хона харида медиҳам,-маслиҳатомез пурсид шавҳараш.

-Албатта, албатта, охир чи тавр зани ҷавонро бо кӯдакаш дар кӯча мепартоӣ,- бо аломати ризо сар ҷунбонд зани оқила.

-Розӣ бошӣ, гоҳ-гоҳ писарамро ба наздат меорам.

-Биёр, бо ҷону дил қабул мекунам!

-Номашро худат бимон. Ту ба ин ҳақ дорӣ.

-Дӯстмуҳаммад, агар модараш зид набошад, номи писарчаатро Дӯстмуҳаммад гузоред. Ман як умр ин номро орзу мекардам.

-Албатта Дӯстмуҳаммад мемонам,-ваъда дод шавҳараш ва ӯро бо меҳр ба оғӯш кашид.

Фотима-хола зоҳиран рашкашро нишон надода бошад ҳам, барои муҳаббати поймолгашта ва бахти сиёҳаш мисли ҳезуми тар дарун ба дарун бе дуд месӯхт...

“Насиҳат”-и падар

Баъди маросими чили модарашро гузарондан падари Насиба дар фикри зангирӣ афтид. Хешу табор маслиҳат доданд, ки ақаллан то сари соли ҳамсари раҳматиаш тоқат кунад, вале ин марди чанд сол боз аз оғӯши гарми зан маҳрум мехост ҳарчӣ тезтар ягон бевазанро ёфта ба қавли худаш хонаашро дубора “обод” намояд. Ҷиддӣ будани азми падарашро дида Насиба садди роҳаш нагашт, зеро якравии падарашро хуб медонист. “Ба хонаи шавҳарат баргаштанӣ бошӣ, ихтиёрат, метавонӣ равӣ, наравӣ, нури дида тоҷи сар, дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардан гир, вале рашку итоб накун”,- шоме ба таври худ духтарашро насиҳат кард домоди пир, то оилаи ҳанӯз бунёд наёфтаашро аз вайроншавӣ эмин дорад. “Аҷаб дунёе, зане, ки ҳоло ҳатто номаш аниқ нашудааст, барои падарам аз ман дида азизтар аст. Аз афташ дадаам сахт метарсад, ки духтараш бо моиндар созиш намекунаду зани наваш баромада меравад, барои ҳамин арӯсро наёфта, аз ҳоло гӯши маро кашида истодааст. Беҳуда одамони куҳан ба занмурда зан азиз намегуфтаанд ”,- аз дил гузаронд Насиба, вале ранҷишашро нишон надода, гуфт:

-Дадаҷон, ҳамин, ки шумо зан гирифтед, ман албатта ба хонаи хушдоманам бар мегардам. Хонаи ман акнун он ҷост. Девона ё ҳушёр, ҳарчи набошад, Тоҳир бахти аввалини ман аст ва дуо мекунам, ки илоҳо охирин бошанд...

Дар гирдоби андешаҳо

Насиба дар бораи ҳомиладор шуданаш ба хушдоманаш хабар надод, чунки ҳанӯз дудила буд. Метарсид, ки тифли батнаш ба падараш рафта, мисли Тоҳир девонаавзоъ мешавад. Шабҳо то як поси шаб хобаш намебурд, мудом аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар гашта, фикр мекард, ки ояндааш чи мешуда бошад. Ин тифли ҳанӯз ба дунё наомада барояш ончунон азиз гашта буд, ки гумонаш дар дунё фақат ӯро дорад. Тамоми рози дилашро ба фарзанди ба дунё наомадааш мегуфт ва эҳсос мекард, ки кӯдакаш аз суханони ӯ ба ваҷд омада дар шикамаш меҷунбад. Вай ҳатто рӯзона бо тифли шикамаш гап мезад. Падараш ин ҳолати Насибаро мушоҳида намуда, ба ҳарос меафтид. Вай метарсид, ки девонагии Тоҳир ба духтараш таъсир кардаасту барои ҳамин худ ба худ гап мезанад. Чанд маротиба кӯшиш кард, ки духтарашро барои исқоти ҳамл намудан розӣ кунонад, вале Насиба ба мурдан розӣ мешуду ба нест кардани фарзандаш не, зеро ин тифл, махсусан баъди сари модараш ягона маънии ҳаёти ӯ гашта буд. Ҳамеша соатҳо дар рӯйи ҷойнамоз нишаста аз Худованд илтиҷо мекард, ки фарзандаш дар зоҳир мисли Тоҳир, вале солим бошад. Насиба ҳанӯз бехабар буд, ки дар батнаш дугоник дорад...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД