Arzon march 2024
ДОМОДИ БАЛЕГӮЯК
5331

 Дар таги як айвон мо, чор авсун гоҳ ба ҳам қаҳрию гоҳ оштӣ 5-6 сол боз зиндагӣ доштем. Ба қавли модаркалонам як курта пеш даронидагӣ одам як тоб ба пасту баланди зиндагӣ тобовар мешудааст, аммо имрӯза наврӯидҳо на тоқати танҳоӣ доранду на тоқати ҳамроҳӣ.

Ба гуфти бибиям фақат худашон бошанду шавҳарашон, дигар дарашонро касе накӯбад, на меҳмону на волидону ақрабои шавҳар. Барои келинчакҳои имрӯза танҳо як меҳмон азиз аст-дугонаашон. Дигар тобу тоқати дидани рӯйи касеро надоранд. Гӯр ақлу ҳушам шавад, фалсафахонӣ карда, сарриштаи гапро гум кардам. Гап дар бораи чӣ буд? Ҳа, акнун ба ёдам омад, дар бораи муносибати ману авсунҳоям. Хусуру хушдоманам баробарҳуқуқиро риоя намуда ду келинро аз авлоди модаршӯям гирифта буданду ду арӯси дигарро аз ақрабои падаршӯям, вале писари хурдиашон ба як духтари шаҳрӣ ошиқи зор шуда зани бегона гирифт. Ин бегона бало рӯйид! Аз саҳари солеҳон то шом қошу қавоқаш овезон, дасташро ба оби сард ҳам намезад. Аз рӯзе, ки ин келин пою қадамашро ба остонаи хонаи мо гузошт, ду авсуни дигарам микрофони ғайбатро ба даст гирифтанд. Арӯсак дар оилаи мо ба ангушти шашум монанд гашта буд, ки бурида партоед, дард мекунаду набуред, хандахариши мардум шуда мемонед. Хушдоманам аз арӯс пинҳонӣ писарашро насиҳат мекард, ки таноби занашро аз аввал ба даст бигирад, вагарна ӯро хар карда савор мешавад, вале ин бачаи сусту тарсончак “балегӯяк” барин бале мегуфту аз дасташ ягон бало намеомад. Ҳанӯз чиллашон набаромада арӯсакамон дар назди шавҳараш шарт гузошта гуфт: Бо ман зиндагӣ кардан хоҳед, ин шартҳои маро қабул мекунед. Якумаш ин ки ҳар гоҳ хоҳам, мехобам, кай вақте хоҳам, мехезам. Дуюм, ҳар гоҳ хоҳам хонаи падарам меравам. Сеюм, ҳар чи, ки дилам кашад, пухта мехӯрам. Чорум, ҳар чи дилам хоҳад, харида медиҳед Панҷум, касеро, ки хоҳам ба меҳмонӣ даъват мекунам.

Шавҳараш чизе гуфтанӣ шуд, вале даҳон кушода буд, ки арӯсак бидирросзанон таъкид кард:

-Хоҳед ҳамин хел зан, нахоҳед ихтиёратон!

Домоди даҳонялларо ҷуз “бале, занакҷон” гуфтан чора намонд. Хуллас, дар бадали 7-8 моҳи оиладории ин келини эркатулфор дар оилаи калони мо якбора 10-15 тағйироти куллӣ ворид гашт.

  1. Дегу табақи ҳамаи авсунҳо ҷудо шуд.
  2. Акнун ҳар кас ҷомашӯияшро худаш мекунад, (ҳатто хусуру хушдоманамон ҳам либосашонро худашон мешӯянд.
  3. Дар ҳар хона телевизору DVD-ҳои алоҳида гузоштанд.
  4. Ҳавлиро як келин не, ҳама келинҳо баробар ҷорӯб мезадагӣ шудем.
  5. Дар як рӯз се маротиба ва се хел таом пухтан ба ҳукми анъана даромад.
  6. Ҳар ҳафта сару либоси аврупоӣ харидани келини кенҷагӣ як амри маъмулӣ гашт. .

Домоди хомкалла баъди шартҳои келинпошшоро қабул карда “бале занакҷон, ман розӣ” гуфтан фаҳмид, ки бо дасти худаш ба пойҳояш занҷир бастааст. Ҳа, ҳа занҷири тиллоӣ! Ҳар гоҳ, ки дар хона ҷанҷол сар занад, ҳатман яке аз “ҷанговарон”-и асосӣ келини нав буд, гӯё модараш ӯро маҳз барои ҷанҷолу моҷаро зоида бошад. Авсунҳоям мегӯянд, ки ин бача ҳанӯз пеш аз тӯй “холаҷон, ман духтаратонро аз ҷонам бештар дӯст медорам, агар ӯро ба ман надиҳед, худамро ба дор меовезам ё ба дарё мепартоям” гӯён, лаҷомашро ба дасти ин очаю духтари шаттоҳ дод, шояд барои ҳамин модари арӯс ҳар гоҳ ба хонаи мо меҳмонӣ биёяд, биниашро ба ҳама кору борамон мехалонаду баъд “модар аз сӯхтанаша ба чашми ҳама кас ганда шуданба розӣ” гӯён, худашро сафед мекард. Хуллас, ин балокелин балои ҷони ҳамаамон гашт. Аз ин арӯсаки ҷангара натанҳо шавҳараш ва мо, авсунҳо, балки хусуру хушдоманам ҳам метарсиданд. Бале, бале метарсиданд, чунон сахт метарсиданд, ки гӯё келин нею, Азроили ҷонситонро ба хонаашон оварда бошанд. Арӯсак алови чашми ҳама аҳли оилаамонро гирифта, қарибиҳои нисфирӯзӣ чашмонашро молида-молида аз хонааш мебаромад. Хушдоманам аз тарс дарҳол барои келини эркатулфори нозгулак дастурхон мекушод ва “Марҷинаҷон, шикамчаат гурусна мондагист, бишин, ягон чизаки бомаза хӯр” гӯён, ҳама нӯшу неъмати пинҳонкардаашро оварда дар наздаш мемонд. Марҷина бо дасту рӯйи ношуста нозу неъматҳои овардаи кампирро нӯши ҷон мекарду боз ба хонаи худаш медаромад. Хушдоманам аз паси балокелин нигариста зери лаб пичиррос мезад: “Марҷина нашуда мӯр, ту аҷинаи сари мазор, аз куҷо пайдо шуда сари писарамро гаранг карди?! Афтат хушк шавад, ту барин келина...”

Ҳамин тавр келини эрка дар хонаи мо ду сол дорумадор карду оқибат ба қавли худаш “косаи сабраш лабрез шуд” ва як саҳар нисфи авлодашро ба сари хушдоманам оварда чизу чораашро ба мошин бор карда бурд. Бечора модаршӯям ҳарчанд зорӣ кард, ки ақаллан то омадани шавҳарат тоқат кун, ягон оила бе гапу калоча намешавад, ин панду насиҳатҳо ба гӯши келин надаромаданд. Келини эрка ба нолаву зораҳои кампир аҳамият надода бо виқор ба мошин нишаста рафту боз мо, чор авсун мондем...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД