100 ба 102
Дар Тоҷикистон ҳамасола бештар аз 200 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад. Бино ба маълумотҳои охирини оморӣ соли гузашта дар кишварамон назар ба духтар писар бештар тавлид ёфтааст. Маълумоти мазкур дар натиҷаи баҳисобгирии аҳолӣ то санаи 1-уми январи соли 2020 ба даст омада, мувофиқи он мутаносибан ба ҳар 100 тифли духтар 102 писар ба дунё омадааст, ки нисбат ба нишондодҳои солҳои қаблӣ хеле зиёд аст. Афзудани шумори атфоли ҷинси мард дар маҷмуъ теъдоди мардони Тоҷикистонро афзун намуда, имрӯз дар кишварамон мардҳо нисбати занон 97 ҳазор нафар бештаранд, вале...
Тухми мард қаҳт задааст?
Солҳои охир дар мағзи аксари сокинони кишвари мо, хоса мардуми деҳот як андешаи бе асос маҳкам ҷой гирифтааст, ки шумораи занҳо назар ба мардон дар Тоҷикистон чор баробар зиёд аст. Ҳамин андешаи бе поя боиси он мегардад, ки аксари волидон аз тарси “пирдухтар” шуда мондани духтаронашон аслу насабашро напурсида, ба аввалин хостгори аз дарашон даромада розигӣ дода, дар синни 16-17 солагӣ духтари ҳанӯз ба зиндагӣ тайёр набударо ба хонаи бахташ гусел менамоянд. Замони шӯравӣ ба марди зандида додани духтари хонаро мардум ба худ ор медонистанд, ҳоло бошад, падару модарон духтаракони қадраси аз сад гул як гулашон нашкуфтаашонро бе пушт-пушт ба мардони чанд бор хонавайроншуда ва ҳатто соҳиби фарзанд ба шавҳар медиҳанд, то қарзи худро адо намоянд. Вақте аз ин тоифаи падару модарон сабаб мепурсед, лабашонро инҷ карда мегӯянд: “Дар ин замона домод ёфтан кори осон нест. Духтарҳои ҳамсоя 25-30- сола шудаанду то ҳол ягон кас бо нияти хостгорӣ дарашонро намекӯбад. Духтарро бо номи нек ба хонаи шавҳараш гусел кардан дар ин давру замон давлати калон аст. Фарқаш чист, ки пештар зан дошт ё не, мард як бурда нон ёфта, зиндагиашро пеш бурда тавонад, кифоя аст...
Ростӣ, андешаи чунин волидонро шунида кас гумон мекунад, ки ба тухми мард қаҳт зада бошад.
Пирдухтарҳои 20- сола
Боре аз як шиносам, ки тараддуди зангирӣ дошт, пурсидам, ки арӯсаш чандсола аст. Лаҳзае сарашро хорида гуфт:
-Росташро гӯям, ҳоло ягон арӯси табъи диламро наёфтаам, вале 16-17- сола бошад, айни муддао мешавад.
-Ягон духтараки 20-22- соларо интихоб кунед, беҳтар мешавад, чунки дар ин синну сол ақли духтар пурра шуда ба зиндагӣ тайёр мешавад...
-Ман пирдухтарро ба сарам мезанам,-Дарҳол биниашро инҷ кард ҷавон, ки худаш аллакай 28 сол дошт.
Ин гапро шунида хун ба сарам зад. Чаро ҷавонмарди 27-28- сола бобо нею, духтараки 20-22- сола “пирдухтар” будааст?!
Тӯйи дакадангу арӯси гирён
Дар Тоҷикистон синну соли издивоҷ барои духтарон аз 18 боло муқаррар карда шудааст, вале ҳолатҳои хонадоршавии бармаҳал низ кам нестанд. Иддае аз падару модарон аз тарси “пирдухтар” шудани фарзандонашон баъди синфи 9 духтарро аз мактаб гирифта, дар тараддуди ҳарчи зудтар ҷуфт кардани сараш мешаванд. Ин тоифаи волидон қарзи падариву модарии худро танҳо дар бо номи нек ва ҷиҳози гаронбаҳо ба хонаи шавҳараш гусел намудани духтар медонанд. Духтараки ҳанӯз 18- сола нашударо мисли лӯхтак орову торо дода, бо гарнитури хориҷию телевизори ранга ва мошинаи ҷомашӯиву тӯйи дакаданг ба хонаи бахташ гусел намуда, волидон заррае андеша намекунанд, ки оё фарзанди мо аз уҳдаи рӯзгордорӣ мебаромада бошад ё не. Табиист, ки никоҳи барвақтӣ ба духтар ба ҷойи бахт бадбахтӣ меорад. Ҳанӯз садои карнаю сурнайи тӯйи осмонкаф аз гӯши аҳли маҳалла нарафта, арӯсаки ба зиндагӣ нотайёр ба таънаи хушдоману неши забони хоҳаршӯй ва мушту лагади шавҳар тоб наоварда оби дида дар бари рӯ ба хонаи падараш бар мегардад. Волидон сиёҳбахт шудани фарзандашонро дида, мушти надомат ба сар мекӯбанд, ки чаро духтарашонро ба ягон донишгоҳ дохил накарданд, то хонда соҳибкасбу соҳибҳунар гардаду ба касе зору муҳтоҷ нашавад, вале аз пушаймонӣ дигар суде нест.
Дарди дили муаллима
Мушкили дигар ба духтарҳои таҳсилдида бо чашми шубҳа нигаристани мардум аст. Бархе бар он ақидаанд, ки духтарҳои хондагӣ худпараст, мағрур ва бачабоз буда, аз онҳо келин ё зани хуб намебарояд. Далели равшани ин гуфта саргузашти як духтараки босавод аз Деваштич (собиқ ноҳияи Ғончӣ) аст, ки дар мактаби деҳаашон муаллима шуда кор мекунад. Рӯзе дар идора саргарми кор будам, ки телефонам занг зад. Гӯшакро бардоштам, аз он ҷониб садо ҳазини занонае ба гӯш меомад.
-Салом! Хоҳарҷон, ин ҷо редаксия “Оила” дар вилояти Суғд-мӣ?
-Бале, дафтари хабаргузории “Оила”,- гуфтам дар ҷавоб.
-Мехоҳам аз ин минбари розу ниёзҳо дарди ҷонсӯзи диламро баён намоям, агар вақти шуморо нагирам.
-Марҳамат, гӯш мекунем.
-Ман омӯзгорам, дар мактаби деҳа ба фарзандони мардум дарс мегӯям. Синну солам ба ҷое расида бошад ҳам, то ҳол оиладор нестам. Аслан, аз деҳаи мо духтарҳо ба хондан намераванд, вале падари ман, ки одами озодандеш ҳастанд, баъди хатми мактаби миёна маро ба яке аз донишгоҳҳои Хуҷанд дохил карданд. Солҳои аввали донишҷӯйӣ хостгорҳо чанд бор дарамонро кӯфтанд, вале падарам “шавҳар гурехта намеравад, духтарам аввал хонда диплом гирад” гуфта, розигӣ надоданд. Ман низ ба ин фикри падар розӣ будам, зеро чанд ҳамсабақам дар курсҳои якуму дуюм ба шавҳар баромада, донишгоҳро партофтанд. Бо умед 5 сол таҳсил карда, ҳеҷ гумон надоштам, ки таънашунави дӯсту душман мешавам. Имрӯз ман соҳиби маълумоти олӣ ҳастам, нонамро худам ёфта мехӯрам, вале ҷонам аз таънаи хешу табор ва ҳамсояҳо ба лабам расидааст. Дигар ягон хостгор қадамашро ба даргоҳи мо намегузорад, чунки ҳамсояҳо онҳоро аз роҳ зада мегуфтаанд: “Ин муаллима ким-кайҳо пирдухтар шудагӣ, писаратонро ҳайф накунед. 5 сол дар ким-куҷоҳо гашт, кӣ медонад, ки чӣ кор карду бо киҳо ошноӣ дошт...” Духтари хушахлоқ ҳастам, дар умрам ягон қадами ноҷо намондаам, вале ҳар саҳар ба мактаб рафта истода аз пасам пичир-пичиркунон маро ғайбат кардани ҳамсояҳоро шунида, ҷигарам хун мешавад. Пештар фикр мекардам, ки оиладор шудан ҳеҷ гоҳ дер намешавад, вале имрӯз дарк намудам, ки аллакай ба киштии бахт дер кардаам. Кошкӣ дар 18 солагӣ ба шавҳар баромада, забонзадаю таънашунави дӯсту душман намегаштам...
Бале, аз назари мардуми кӯтоҳандеш хондани духтар айб аст, вале дар асл илму дониш мояи ифтихор ва сарманшаи обрӯи иззати инсон аст. Беҳуда паёмбари ислом, расули акрам, ҳазрати Муҳаммад (с.с) нафармудаанд: “Аз гаҳвора то гӯр илм биомӯз!”
Вақти он расидааст, ки мо ин панди паёмбарро ба маънии аслиаш дарк намуда, духтарони худро илму ҳунар омӯзем, то қадру манзалати инсонии худро дарк намуда ба зиндагӣ тайёр шаванд ва ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоман, хоҳаршӯю додаршӯй ва шавҳарашонро ба таври бояду шояд ба ҷо оварда, ба маънии томаш хушбахт шаванд.