Formula novemver 2024
Домод хусурро «шантаж» карду ба чанг афтод
639

Кормандони милитсия як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғдро бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин марди 38-сола бегона не, падари занашро “шантаж” кардааст...

“Дар рафти амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ як марди 38-солаи сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд боздошт шуд, ки дар тамаъҷӯӣ гумонбар дониста мешавад. Боздоштшуда аксҳои урёни ҳамсари 32-солаашро тариқи «WhatsApp» ба падарарӯси 53-солааш фиристода, талаб кардааст, ки агар 500 рубли русӣ надиҳад, аксҳои урёни духтарашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда, онҳоро шарманда месозад”,- омадааст дар хабар.

Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД