Салом. Мехоҳам дар бораи чӣ гуна дар рӯзи рӯбинон аз шавҳар ҷудо шуданамро ба шумо нақл кунам.
Вақте 18-сола будам, маро як оилаи сарватманду номдор келин карданд. Мо аз тарабхона хеле дер ба хонаи шавҳарам омадему танҳо соати 3-и шаб ба хонаи хоб даромадем ва бояд соати 5-и субҳ ман аз хоб хеста, барои рӯбинон тайёрӣ медидам.
Аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки имшаб ба ман наздик нашавад, чунки сахт хаста будаму ташвиши зиёде маро интизор буд. Ӯ ҷониби ман нигоҳи каҷе карду розӣ шуд.
Соати 5-и субҳ вақте аз ҳаммом мебаромадам, хушдоману хоҳаршӯйҳоям дар пушти дар истода буданду ҳамаашон бо як овоз пурсиданд, ки “аз имтиҳон гузаштӣ?”. Чӣ гуфтанамро надониста, хомӯш истодаму хушдоманам “шармгинак будааст ку, ҳозир шаҳбачара мепурсем, ки канӣ арӯс тоза будаст ё не” гӯён, ба назди писараш рафт. Ба назди шавҳарам рафта гуфтам, ки “ин чӣ беҳаёист, шумо магар тарбияву маданияту эҳтиром надоред?”. Ӯ дар ҷавоб маро ду-се шапалоқ зада, ҳақоратҳои қабеҳ карду ман ҳам аз тарс чизе нагуфтам.
Вақте ки соати 9 модарам бо наздиконам барои гузаронидани маъракаи рӯбинон омаданд, ҳама кору рафтори хушдоману хоҳаршӯ ва шавҳарамро ба онҳо нақл кардам.
Хулоса, байни модараму хонаводаи шавҳарам ҷангу ҷанҷол шуд. Модарам худи ҳамон рӯз дасти маро гирифта, ба хонаамон оварду бо ҳамин ман дигар ба он девонахона барнагаштам.
Мақсад аз навиштани номаи ман ҳамин аст, ки он барои дигарон дарс шавад. Дугонаҳои азиз, қабл аз он ки ба шавҳар мебароед, ҳафт пушти домоду наздикони ӯро санҷида, баъдан ба никоҳ розигӣ диҳед.
Хонандаи Oila.tj