Хушдоману хусураш Беҳнозро зиёд дўст медоштанду духтаракашро бошад, чун нури дидагон азиз медоштанд.
Боре Парисо давида ба оғўши падараш рафтанӣ буд, ки Асрор ўро бо пушти дасташ рад кард. Хушдоманаш ин аҳволро дида, писарашро сарзаниш кард:
- Садқаи ҳамин хел духтари нозанин шавӣ!
Асрор асабиёна гуфт:
- Бас кунед, як песа ба ман додед, худаш бас набуд, ки боз ин песчая таваллуд кардааст!
Хушдоманаш паст наомада, фарёд зад:
- Пес ки буд, аз рўзи аввал ҷудо мешудӣ, духтур бо забони тоҷикӣ ба ту гуфт, ки ин хол аст, на песӣ, ту чӣ гуна одамӣ-а?!
Беҳноз, ки шоҳиди ин гуфтугў буд, дасти духтарашро гирифта, аз дарвоза баромад. Ӯ рост назди падараш рафта, тамоми сирру асрори зиндагияшро гуфта дод. Ў бо гиря арз кард:
- Падарҷон, ман панҷ сол боз ин таънаву эроду пичингро фурў мебарам, аммо таҳқири ин кўдаки бегуноҳро таҳаммул надорам!
Беҳноз бо маслиҳати падар ба суд аризаи ҷудошавӣ навишт ва онҳо ҷудо шуданд. Падараш тамоми пасандозашро ҷамъ карда, барои Беҳноз дар як гўшаи шаҳр як хонаҳаки фарсудаи якҳуҷрагӣ харид ва ў зиндагиро танҳо шуруъ кард, чӣ азобҳое кашиду чӣ муборизаҳое бурд, худаш медонаду Худо! Дар ин муддат Донишгоҳи тиббиро хатм карду ба яке аз шаҳрҳои Русия азми сафар баст, он ҷо дар як беморхона ба кор даромада, ҳамроҳи духтарчааш дар хобгоҳ зиндагӣ мекард. Баъдҳо соҳиби хонаи шахсии сеҳуҷрадор ҳам гашт, духтараш литсейро бо медали тило ва Донишгоҳи тиббиро бо дипломи сурх хатм карда, дар яке аз беморхонаҳои маркази Маскав ба кор шуруъ кард. Парисо духтури пӯст буд, Беҳноз низ хонаашро фурўхту аз бонк қарз гирифта, аз ноҳияи атрофи Маскав ба маркази Москваи бузург кўч баст. Хостгорони ин бонуи нозанини тоҷик аз мўйи сараш зиёдтар буд, аммо дили ў аз ҷинси мард монда буду зиндагияшро дар кор ва ягона фарзандаш медид. Парисо хеле зуд дар дили беморон ҷо гирифта, шуҳратёр гашт. Ин духтури ҷавон дар табобати пўст пешравиҳои зиёде дошт. Беҳноз зиёд мехост домодаш тоҷик бошад, Парисо инро хуб медонист ва бо як ҳамсабақи тоҷикаш риштаи дўстӣ дошт. Падару модари ҷавон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданду худаш бо бародари калонӣ ва аҳли оилаи ў дар Маскав. Вақте хостгорони Хусрав ба хонаи онҳо омаданд, Беҳноз дар бораи холҳои сафед ва бадбахтиҳояш қисса кард. Бародару янгаи Хусрав ҳарду табиб буданд ва аз бефаросатии падари келиншавандаашон дар ҳайрат монданд. Тўй хеле бошукўҳ ҳам дар Маскав ва ҳам дар Тоҷикистон барпо гашт, Асрорро ба тўй даъват карданд, вале наомад. Аз рўзе, ки падару модари Асрор аз олам гузаштанд, дигар касе аҳволи Парисоро намепурсид ва ҳамин тавр, пайвандҳо канда шуданд. Парисо Танҳо бибиву бобои модарӣ, тағою холаи ягонаашро мешинохту дўст медошт, дар бораи падараш кам мепурсид.
Гардиши қисмат
Ҷуфти ҷавон дар ҳамсоягии Беҳноз хона харида, ба зиндагӣ оғоз намуданд. Хусрав хушдоманашро мисли модараш дўст медошту ҳурмат мекард. Беҳноз низ дар навбати худ бо қудоҳояш мисли хеши наздик рафтор мекард. Набераҳояш Рустаму Сўҳроб пайи ҳам ба дунё омаданду зиндагии бибии ҷавону зеборо ба шаҳри ишқ мубаддал сохтанд. Парисову Хусрав ҳар сол як бор ба Тоҷикистон меомаданд, Беҳноз гоҳе онҳоро ҳамроҳӣ мекарду гоҳи дигар не. Зиндагӣ дар маҷрои худаш равон буд…
Як рўз Беҳноз дар бораи як бемораш аз Тоҷикистон нақл карда, гуфт:
- Бечора занакро чор духтараш ба бемории витилиго гирифторанду ў онҳоро ба Маскав барои табобат овардааст. Ин қадар зани меҳрубон, духтаронаш як марҳилаи табобатро гузаштанду бояд ба Ватан баргарданд, ман онҳоро ба меҳмонӣ даъват кардам. Аз рўйи русуми тоҷикона, духтараконаш апаҷон гуфта, меҳрубонӣ мекунанд, ҳамкорон мегўянд, ки ин духтаракон чӣ қадар ба ту монанд ҳастанд.
Беҳноз хурсанд шуд ва худаш дастархон орост. Парисо гуфт, ки зан ҳамроҳи шавҳару духтаронаш меояд, шавҳарашро ягон бор надидаму…
Сухани Парисоро занги дар бурид. Хусрав дар сафари хизматӣ қарор дошт, аз ин рў, модару духтар дунафара мизбон буданд, Рустаму Сўҳроб низ хушнудӣ доштанд…
Беҳнозу Парисо бо зану духтаронаш гарму ҷўшон вохўрӣ карданд, вале ҳамин ки чашмони Беҳноз ба мард бархўрданд, ў дар ҷояш шах шуд…
Парисо падарашро бахшид, Беҳнози дилсафед низ. Ҳамсари Асрор - Гулнора гуфт, ки шавҳараш ҳамеша заҳри пушаймонӣ мехӯрд, ки Беҳнозро азоб додааст.
Ҳоло Парисо бо падару хоҳараконаш, зани падараш Гулнора муносибатҳои хуб дорад, аммо Беҳноз бо Асрор умуман гап намезанад. Кўшиш мекунад ҳангоми ба хабаргирии духтараш омадан, бо ў рў ба рў нашавад. Нигораву Ситора, Сайёраву Маҳпора шифо ёфтанд ва мехоҳанд мисли апаҷонашон духтур шаванд.
Аҷаб гардишҳое дорад сарнавишти одамӣ…
Нисо ХОЛИД