Sebiston new 2024 october
Доғи сафеду бахти сиёҳ (ҚИСМИ 1)
1270

Исёни шавҳар

Беҳноз зодаи шаҳри зебову сабзу хурраме буд. Дар оилаи онҳо ду духтару ду писар тарбия меёфтанд. Падару модараш дар сехи қаннодие кор мекарданду бо меҳнати ҳалол рўзи фарзандонро пеш мебурданд. Модараш зиёд мехост, ки духтаронаш духтур бошанд, аз ин рў, ҳарду духтарашро, ки пасопеш мактабро хатм намуданд, ба коллеҷи тиббӣ дохил намуданд. Додаронаш бошанд, мехостанд иқтисодчӣ шаванд…

Беҳноз ва апааш Маҳноз дар зебоӣ ҳамто надоштанд, ҳамин буд, ки хостгоронашон аз мўйи сарашон зиёдтар буданд. Маҳнози нозанинро як дугонаи модараш келин карду Беҳнозро як рафиқи падараш. Ростӣ, аз доираи хешу табору ҳақу ҳамсоя хостгорон зиёд буданд, аммо падари духтарон ба шахсияти домодшавандаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карду намехост духтаронашро ба ҷавоне диҳад, ки маърифату ақлу тамиз надошта бошад, аммо…

Беҳуда нагуфтаанд, ки маълумоти олӣ ва ҷойи кори хубу пулу молу хонаву дар доштан, ҳаргиз маънои фаросат доштанро надорад. Фаросатро Худованд ба ҳар кас ҳам намедодааст. Зиндагии Маҳноз хуб ҷараён дошт, шавҳараш табиб буду ҳамсарашро дар бараш гирифта ҳарду пайи ободонии зиндагии навсохташон таку дав мекарданд. Аммо зиндагии Беҳноз аз рўзи аввал талх буд, ин талхиҳоро сабабгор се дона доғҳои сафеди дар болои шонаи чапаш ҷойдошта сабаб гардида буданд. Шавҳари Беҳноз Асрор бонкир буд, ў арўси нозанинашро хеле ширин ба зиндагияш хайрамақдам гуфту вақте рўйи шонаи нозуку барфосо сафедаш доғи мисли пушти нохун сафеду ҷилодорро дид, дилаш таҳ хўрд. Ў аз Беҳноз пурсид:

- Оё аз пес буданат хабар доштӣ?

Беҳноз бо ҳайрат гуфт:

- Чӣ гуна пес?!

- О дар рўи шонаат доғи песӣ дорӣ ку?,- дод зад домоди чанд дақиқа пеш хеле меҳрубон.

Беҳноз сарашро хам карда гуфт:

- Вақте ман хурд будам, модарам маро ба назди табиби пўст бурданд ва ў гуфт, ки ин доғҳо бемории витилиго ё ба қавли шумо песӣ нестанд. Инҳо холанд, вале рангашон сафед. Ман ба нуздаҳ даромадам ва ин холҳо на хурд шуданду на бузург, агар песӣ мебуданд…

Домоди ба ғазаб омада як лагад ба миёни келин зада, фарёд зад:

- Ҳа, ин суханҳоро барои фиреби ман аз ёд кардаӣ?! Модарат ёд дод?!

Беҳнози гунаҳгори бегуноҳ хост ҳамин лаҳза ин ҳуҷраеро, ки аз фазояш бўйи номеҳрубонӣ меомад, тарк кунад, аммо тарсид. Мардум чӣ мегўянд, домони иффаташ доғдор буд мегўянд, падару модарам шарманда мешаванд...

Гап то хусуру хушдоману авсуну хоҳаршўяш расид, хусураш ўро назди духтур бурд ва духтур гуфт, ки ин доғҳо на бемории пўстанду на витилиго ё песӣ, инҳо мисли холанд, танҳо рангашон сиёҳ неву сафед. Вале номи ў дар забони шавҳараш пес боқӣ монд…

Духтар чӣ гуна, модар намуна

Беҳнози нозанини пурҳунар дар дили аҳли хонадони шавҳар чун гавҳари пурқиммат ҷой гирифт, вале дили шавҳар аз ў сард буд. Беҳноз хуб медонист, ки Асрор арўсбозӣ мекунад, аммо чизе намегуфт, зеро ин марди номеҳрубонро дўст медошт. Ў бо ҳама номеҳрубониву хулқу хўйи нозебаш барои Беҳноз азиз буд, таваллуди духтаракаш зиндагии ўро рангинтар кард, ҳарчанд Асрор аз бори аввал падар шуданаш хурсандие зоҳир накард. Парисо ҳусну ҷамоли модарро мерос гирифта буд, парии ростина буд ва се дона холи сафеди ҷилодори модар болои шонаи чапи ў низ ҷой доштанд. Беҳноз ин холҳоро болои шонаи духтараш дида, зор-зор гирист, зеро доғи сафеду бахти сиёҳи худаш ёдаш омад. Акнун ягона дилгармияш ба ин дунё ҳамин духтаракаш буд. Асрор ба духтараш меҳр надошт, Беҳноз ин ҳамаро таҳаммул мекард, ба касе аз аҳли хонаводаашон аз рўзи сиёҳаш намегуфт, вале як таънаи шавҳари бераҳм сабаб шуду зиндагии Беҳноз ба куллӣ дигар гашт.

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД