Sebiston new 2024 october
Доғе, ки аз дил намеравад
1099

 

Аҷал гулчин аст гуфтани халқ беҳуда нест, аждари марг пеш аз ҳама ба гиребони одамони бо фазлу хирад, ҳунарманду зебову зебоиофар панҷа мезанад.

Яке аз чунин гулҳои бармаҳал хазонгашта овозхони ҷавону зебо ва шӯридадили саҳнаи эстрадаи тоҷик Дамирбек Олимов мебошад.

Имрӯз ба марги фоҷиавии булбули боғи санъати тоҷик Дамирбек Олимов як сол пур мешавад. Дамирбек мисли ситорае буд дар самои фарҳангу ҳунари тоҷик, ки як чашмак заду рафт, вале ин ситора он қадар тобноку пурҷило буд, ки ёдаш ҳаргиз аз дилу ёди мардум намеравад...

Риштаи умри Дамирбек Олимовро шаби 5- феврали соли 2022 ба таври фоҷиавӣ канда шуда, ин овозхони шинохта ҳангоми бозгашт аз як маърака аз шаҳри Гулистон ба садамаи автомобилӣ гирифтор шуд. “Шаби 5-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Honda CRV», Олимов Дамирбек Ботурович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Сомғор”, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳи мошингард ба қисмати шағалпӯши ҳамшафати роҳ ва баъдан ба саҳрои пайваста ба роҳи мошингард баромада, якчанд маротиба чаппа шудааст”-гузориш дода буд вазорати умури дохилии кишвар.

Дар натиҷаи ин садамаи сархӯр худи Дамирбек Олимов дар ҷои ҳодиса ҷон дода, ду нафар навозандагонаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Мутрибони бо амри тақдир зиндамонда баъдан баёнот доданд, ки Дамирбек ҳамон шаб маст набуд ва садама вақте рух дод, ки ӯ мехост дар телефонаш сабти наву ҳанӯз нотамоми сурудашро ба ҳамкасбонаш шунавонида назари онҳоро бифаҳмад.

Дамирбек Олимов ҳамагӣ 33 сол умр дид, вале дар умри кӯтоҳаш таронаҳои дилнавози зиёде эҷод намуда, дар дилу дидаи мардум маъво гирифт. Ёдат ба хайр, эй булбули шуридадил!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД