Маҳбуба Раҳмон, як тан аз сокинони пойтахт ба сомонаи “Оила” аз он шикоят кард, ки мақомоти пойтахт пайваста тариқи расонаҳо аз фарҳанги шаҳрдориву шаҳрнишини мегӯяду ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, аммо чанд сол боз ширфурӯшони мошинсавор дар нисфи шабу дами субҳ ҳатто пеш аз хурӯсҳо ҷеғ заданро сар мекунанду хоби мардумро вайрон, аммо касе ба онҳо доир ба фарҳанги шаҳрнишиниву вақти оромии шаҳр намегӯяд.
Ба шикояти ин сокин, зиёда аз 2 сол аст, ки дар хиёбони марказии пойтахт, маъмул бо номи Боғи Айнӣ, дар байни хонаҳои баландошёна мошини ширфурӯшӣ ба истироҳати шабонаи сокинон халал ворид мекунанд.
“Онҳо соати 22-и шаб меоянд ва бо садои дилхароши карнайча - "дудудкааш" мардумро барои харидани шир даъват мекунанд. Ҳамаи бошандагони ин маҳалли пойтахт аз ин кор нороҳатанд, борҳо баромада, чанд саволу масъалагузориро низ бо ширфурӯшон дар миён гузоштанд, ки “дар ин маҳаллу биноҳо кӯдакони навзод дар хоби нозанд, пирони солхӯрда, ки аз дарду ранҷ азоб мекашанду ҳангоми хобашон овози карнайи шумо онҳоро норохат мекунад ва ҳамзамон, нафароне беморанд, ё қисме аз одамон бегоҳ аз кор баргашта, истироҳати бидуни садои гӯшхарошу зиёдатӣ мехоҳанд, шояд барвақттар меоед, то соати 20", вале гӯши маслиҳатшунав нест, ба кӣ мегӯйӣ?! Соҳибони мошини ширфурӯш, ки ҷавонони 17-25 солаанд, сад афсӯс, ки ғундоштани пулро болотар аз ҳуқуқҳои одамон гузошта, сухани касе ба гӯшашон намедарояд”.
Ин нафар гуфт, ки сокинони минтақа маҷбур шуданд то ба нозири минтақавӣ муроҷиат кунанд. Аммо, нозир дар ҷавоб гуфтааст, ки аз рӯи қонун тиҷорат то 23-и шаб дуруст аст. Баъдан, ба ҳукумати шаҳр, ба қисмати навбатдорӣ муроҷиат намуданд. Онҳо низ “ба муовини соҳавӣ мерасонем, чора дида мешавад” гуфтанд, вале то ҳол чорае андешида нашудааст. Пас чӣ бояд кард, то оромии шаб ва истироҳҳати сокинони ин минтакаи пойтахтро аз зери садои тоҷирони бефарҳанг раҳо созем?! “, - пурсидааст ин сокини пойтахт.
Дар ҳамин ҳол, Ёқуб Ҳалимов, сокини дигари пойтахт низ аз онҳо шикоят карда, навиштааст, ки дар маҳаллаи онҳо низ ҳар рӯз чор маротиба мошини шир (ду бор субҳ, ду бор шом), як маротиба аробаи сабзавот, як бор мӯйсафеди ҷорубфурӯш, як бори дигар зани ширфурӯш, як маротиба навраси ҷигорифурӯш (ҷуворимакка) мисли "автолавка"-ҳои даврони шӯравӣ давр мезананд.
Ин сокини потахт низ аз садои гӯшхароши ширфурӯшон шикоят карда, навиштааст, ки онҳо айши чандин сокинро талх мегардонанд.
Ба ин ду матлаб нафарони зиёд шарҳ навишта, даъвои онҳоро асоснок номида, аз маҳалли худашон низ шикоят кардаанд.
Акнун мо ба ин ду шикоят посухи мақомотро интизор мешавем.