Arzon march 2024
Додаршӯямро зан дода ба бало гирифтор шудам
1461


Салом! Ман як ҷавонзани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, мехоҳам мушкили худро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Ману шавҳарам ҳамроҳи фарзандонамон дар хонаи хусуру хушдоманам, ки дар яке аз ноҳияҳои пойтахт воқеъ гашта, аз 3 ҳуҷра иборат мебошад, зиндагӣ мекунем. Дар ин хона ба ғайр аз мо боз ду келини дигар низ ҳаст. Авсуни калониам 4 фарзанд дорад, ман бошам, соҳиби 3 фарзанд ҳастам, келини хурдӣ фарзанди аввалинашро як моҳ пеш ба дунё овард, вале ин арӯси шаттоҳ мехоҳад мо-ду келини калониро аз дар берун созад.

Пеш аз хонадор кардани додаршӯйи хурдиам муносибати ману авсуни калониам хеле хуб буд. Мо мисли ду хоҳар кору бори хонаро байни худ тақсим карда будем, хусуру хушдоманро ҳурмату эҳтиром мекардем, сирри хонаро ба берун намебаровардем, ба будаву нобуда шукрона карда, кӯшиш менамудем, ки аҳлона умр ба сар барем.

Ҳоло бошад, арӯси тирмизак ба фарзандони ман ва бачаҳои авсунам ҳеҷ рӯз нишон намедиҳад. Аввалҳо “ман кӯдак надорам, ки хонаро чиркин кунад” гуфта, дасташро ба оби сард намезад, аз бозе, ки соҳиби фарзанд шудааст, ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол мебардорад, ки бачаҳои шумо шӯхию бозӣ карда, кӯдаки маро аз хоб бедор мекунанд. Аламовараш он аст, ки хушдоманам ба ҷойи таноби ин арӯси шаттоҳро кашидан тарафи келини навашро мегирад.

Мо дар ин хона 10-15 солӣ хизмат карда бошем ҳам, имрӯз арӯси дурӯза соҳиби хонаву дар шуда, моро бо кӯдаконамон аз дар берун карданист. Намедонам келини нав рӯзона вақти дар кор будани ману авсунам ба хусуру хушдоманам чиҳо гуфта, моро бадгӯӣ мекунад, ки ҳарду пӯстинашонро чаппа пӯшидаанд. Пиру кампир ду пояшонро дар як мӯза андохта, мегӯянд, ки ин хона ҳаққи писари кенҷагиамон аст, ҳардуи шумо фарзандонатонро гирифта, ба иҷорахона кӯчед.

Шавҳари ман ва бародараш нони даҳони кӯдаконашонро базӯр меёбанд, мо шароити иҷора гирифтани хонаро надорем. Илтимос, ба мо маслиҳат диҳед, чӣ кор кунем, ки байнамон ягон ҷанҷоли калон нашавад?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД