Дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ, ки байни ду бародар сар задааст, ки додар қасдан ба бародари худ зарари ҷисмонӣ расонидааст, ки ин ҳодисаи нангин барои як умр дар дафтари зиндагии ин хонавода доғи бадномӣ гузошт...
Вазорати корҳоии дохилии кишвар дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 14-уми августи соли 2022, тахминан соати 15:00, дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо бародараш марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1 маротиба ба тарафи чапи гарданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Тафтишоти ҷузъиёти дигари ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.