Садақа дар забони форсӣ иборат аз 4 ҳарф аст.
Соди садақа соҳиби худро аз тамоми мушкилоти дунё ва охират нигоҳ дорад. Дол бошад, роҳнамоӣ кунад соҳибашро ба раҳмати Ҳақ таъоло, қофи вай наздик гардонад соҳиби худро ба раҳмати Худо, ҳойи вай роҳи рост менамояд соҳиби худро ба корҳои нек.
Садақа ба фоҳиша дуруст аст?
Дар қиссае чунин омадааст, ки шахсе ба худ назр кард, ки субҳ, нахустин касеро, ки мебинад, ба ӯ садақа хоҳад дод. Чун субҳ шуд, бо зане рӯ ба рӯ шуду ба ӯ маблағе ато кард. Мардум гуфтанд, ки он зан фоҳиша аст. Баъдан ба марде рӯ ба рӯ шуда, ба ӯ садақа дод. Чанд нафар гуфтанд, ки ин мард бадтарин шахс мебошад. Рӯзи сеюм низ он шахси хайрхоҳ бо аввалин касе, ки рӯ ба рӯ омад, садақа дод. Маълум шуд, ки ин шахс садақа гирифта, бисёр сарватманд будааст. Садақадиҳанда хеле озурдахотир шуд. Дар хоб дид, ки Худованди Мутаъол ҳар се садақаашро қабул кардааст. Он зани фоҳиша ба сабаби нодорӣ ба амали зишти танфурӯшӣ даст зада буд. Вақте садақаро гирифт, ин кори бадро тарк намуд. Шахси дуюм дузд буду бо сабаби тангдастӣ дуздӣ мекард. Аз баракати садақаи он марди хайрхоҳ аз дуздӣ тавба намуд. Шахси сеюм сарватманд буду ҳеҷ гоҳ садақа намекард. Ӯ аз садақа додани он марди сахӣ ибрат гирифта, эҳсонкориро пеша намуд. («Фазоили садақот»)
Аз ин ҳадиси шарифе, ки Товус (р) нақл кардааст, маълум мешавад, ки Худованд амали некӯкоронро зоеъ намегардонад. Вазифаи инсон ин аст, ки нияти худашро холис гардонад. Ҳамчунин аз ин ҳадис бузургии шахси садақадиҳанда низ зоҳир мешавад.
Чӣ гуна садақаро Худо қабул мекунад?
Бо вуҷуди кӯшиши худ, вақте ки садақааш дар ҷои номуносиб масраф шуд, ба сабаби он ноумед нашуда, садақа доданро тарк накард. Балки барои бори дуюму сеюм ҳам кӯшиш кард, ки садақаи худро дар ҷои саҳеҳ масраф намояд. Ба ҷиҳати нияти нек ва ихлоси ӯ ҳар се садақааш қабул шуда, хабари хуши қабулияти онҳо дар хоб барояш зоҳир шуд. Муҳим он аст, ки садақа аз вақҳи ҳалол бошад, то соҳибашро ба ваъдаҳои омада дар аҳодис сазовор гардонад, зеро расули Худо (с) фармудаанд: «Худованд пок аст ва танҳо садақаеро, ки аз вақҳи ҳалол ва пок бошад, қабул мекунад».
Додани садақа бемориро дур мекунад?
Дар ҳадисе омадааст, ки «Бо садақа додан беморони худро илоҷ кунед, зеро садақа аз обрӯрезӣ ҷилавгирӣ намуда, некиҳову умрро зиёд мекунад». Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре омадааст, ки садақа кардан 70 балоро дур мекунад. Камтарин дараҷаи басо бемории ҷузом ва барас (песию махав) мебошад. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаалам) фармудаанд: «Ғамҳои худро бо садақа дафъ кунед, ки бо додани садақа Худованди мутаъол зарарҳои шуморо дур карда, дар муқобили душманон шуморо нусрат медиҳад».
«Вақте як мусулмон мусулмонеро либосе диҳад, то замоне, ки як тикка аз он либос бар баданаш бошад, пӯшонанда дар ҳифозати Худованди Мутаъол қарор мегирад» - омадааст дар ҳадиси дигаре Ибни Абилҷаъд (р) мефармояд: «Садақа дарвозаи 70 бадиро мебандад». Дар ҳадисе омадааст: «Аввали субҳ садақа намоед, зеро бало аз садақа пеш намеравад».
Ғазаби Худовандро садақа паст мекунад
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаалам) иршод фармудаанд: «Садақа ғазаби Худовандро дур мекунад ва аз марги зиллатбор (ба хорӣ мурдан) наҷот медиҳад».
Садақот фазилати зиёд дорад. Дар саҳеҳайн омадааст, ҳатто нафақае
ки мусулмон бар аҳли худ мекунад ва нияти савоб кунад, Худованд савоби садақа бар ў нависад. Фарди муъмин дар додани садақа кўтоҳӣ накунад, Худованд садақадиҳандагонро дўст медорад ва мефармояд, ки садақаро қабул мекунам, то дар вақти дармондагӣ ва тангдастӣ ба ў бармегардонам. Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҷабраил (а)-ро савол кардам аз савоби садақа гуфт: Садақае ҳаст, ки онро 10 иваз ҳаст, садақае ҳаст, ки онро 70 иваз аст ва садақае ҳаст, ки онро 700 иваз ҳаст ва садақае ҳаст, ки онро 7000 иваз садақае ҳаст, ки аҷр ва подоши он бешумор ва беҳудуд аст» Он садақае, ки 10 аҷр дорад, амалест, ки ба дарвеши тандуруст диҳад, аммо он ки 70 аҷр аст, амалест, ки дарвеши ранҷурро даво диҳад. Аммо он садақае, ки 700 аҷр дорад, амалест, ки ба толибилм диҳад. Аммо он садақае, ки 7000 аҷр дорад, онест, ки ба олим диҳад. Аммо он ки подоши он бешумору беҳисоб аст, он аст, ки фавтидагони худро аз қабили падару модар, фарзанд ва ақрабои худро пеши рў карда, ба нияти эшон садақа кунад.
Набояд фаромўш кард, ки садақа кардан фақат таъом додан нест, балки сохтани роҳ, пул, обёрӣ кардани заминҳои бе об, кашидани симҳои фурӯзонак барои деҳа, харидани либос барои ниёзмандон, сохтани хонаи истиқоматӣ барои маъюбону ятимон, беморхона, сартарошхона, масҷид аз ҷумлаи садақаҳо мебошад.