Азобҳои шавҳару дарду доғи зиндагӣ маро маҷбур кард, ки ба сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намоям. Мани сарсахт 18-сол боз гӯё дар ҷаҳаннам зиндагӣ карда истодаам. Шавҳарам Шамшод марди босавод, муаллим аст, вале муаллими сахти мурда.
Маоши гирифтаашро пинҳон карда, на хӯрока мехарад, на пӯшок. Хонаамон чунон фарсуда шудааст, ки борон борад, гилему палос пури об ва ҳуҷраҳо ба кӯл монанда мешаванд. Борҳо хоҳиш намудам, ки хонаро таъмир кунад, шавҳарам ба ҷойи манзил маро “ремонт” карда, чунон зад, ки қариб мемурдам. Беҳуда бузургон “олим шудан осону одам шудан мушкил” нагуфта будаанд, шабу рӯз сари ин мардак дар болои китоб бошад ҳам, ҳеҷ одам нашуд, ки нашуд!
Фарзандонамон калон шуда истодаанд, аммо падарашонро парвои тақдири минбаъдаи онҳо нест, намегӯяд, ки бачаҳоям чӣ мехӯранд, чӣ мепӯшанд ва фардо кӣ мешаванд. Ҳасану Ҳусейн аллакай дар синфи ёздаҳ мехонанд, падари муаллимашон ақаллан барои ба донишгоҳ дохил шудан онҳоро тайёр намекунад. Дар ин мавзуъ гап кушоям, шавҳарам бо тамоми овоз дод зада “маро падарам на хонондааст, на хонадор кардааст, ҳамаашро бо қувваи худам кардам! Бигзор бачаҳои ту ҳам роҳашонро ёбанд!” мегӯяд. Намедонам бо ин мардаки бепарвофалак чӣ кор кунам. Аз зихнагию ҷангу ҷанҷолҳои беҳудааш ҷонам кайҳо ба лабам расидааст.
Картошка, пиёз ё орду равған биёр гӯӣ, қиёматро қоим мекунад. Ҳамсояҳо ба ҳоли мо механданд. Дугонаҳоям мегӯянд, ки шояд шавҳарат ҷину аҷина дошта бошад, вале ҳарчанд диққат медиҳам, ягон нишонаи бемории руҳиро дар ӯ намебинам. Дигар тобу тоқати чунин зиндагии сагонаро надорам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед. Баромада равам ё то мурданам дар ҳамин ҷаҳаннам зиндагӣ кунам?
Гуландом, аз н Ҳамадонӣ