(Идомааш)
Субҳи барвақт хеста, ҳавлиро об зада, рӯфтаму барои омода кардани субҳона ба ошхона рафтам. Зани додаршӯи калониам аз пуштам омаду ба корҳоям кӯмак кардан гирифт. Ҳарду суҳбаткунон тухм мепухтем.
Ӯ рафта, дари ошхонаро аз дарун қулф карду “келин, ман ба ту гап дорам” гуфт. Ҳайрон мондам, ки чаро гапашро пинҳонӣ гуфтан мехоҳад, зеро мо дугона будему аз ҳамдигар чизеро пинҳон намекардем. Аҷиб – аҷиб ба тарафаш нигоҳ кардаму бо ишораи сар “чӣ гап?” гуфта, пурсидам. Ӯ омада, дар пешам нишаст ва ба гап задан даромад:
- Гӯш кун, келин. Ману ту чун апаву хоҳарем, барои ҳамин туро ба худам наздик ҳисобида, дар бораи як чиз маслиҳат кардан мехоҳам. Аҳволи ману шавҳарам ба ту маълум аст. Ӯ дар ягон ҷо кор намекунад. Дигар ягон чизи тиллоям намонд. Пули иҷораро бо як азоб пардохт мекунам. Ҳатто гоҳҳо гурусна мегардем. Аз рафтан ба хонаи падарам ҳам безор шудам. Дигар бо кадом рӯ меравам? Қариб ҳар ҳафта дар ҳамон ҷоям.
Аз он ки гапро ба ҳар тараф мебурд, чӣ гуфтанашро нафаҳмидам ва “чӣ кор карданиӣ?” гуфта, савол додам. Ӯ ҳам каме хомӯш истоду баъд оби чашмшро тозакунон ба гап даромад:
Модар маро фурухтӣ, чаро? (ВИДЕО)
- Мехоҳам аз хушдоманам ақаллан 6 сотих замин гирифта, барои худамон хона созем. Аз зиндагии дарбадарӣ безор шудам. Аммо холаамро медонӣ, ки ба ин осонӣ моро ҷудо карданӣ нест. Як хешамон дар суд кор мекунад. Чанд рӯз пеш ба ӯ ариза навиштам. Ваъда дод, ки ҳатман кӯмак мекунад. Имрӯз ҳамаамонро ба идораи суд даъват мекунанд. Туро ҳам. Вақте он ҷо дар бораи шароити зиндагиамон пурсиданд, илтимос тарафи маро гир. Хоҳиш, келинҷон!
- Хуб, - гуфтаму зарфҳоро гирифта, ба берун рафтам.
Дар ҳақиқат моро ба суд даъват карданд. Он ҷо зани додаршӯям чӣ қадаре тавонист хушдоманамро сиëҳ карду аз ӯ замин талаб кард.
Ҳама бо навбат баромад мекарданд. Номи маро ҳам гуфтанд. Ба минбар омадам. Дасту пойҳоям меларзиданд. Як - як ба ҳама нишастагон нигоҳ кардаму баъд рӯ тарафи судя гардонида, гуфтам:
- Холаам ҳама чизи ëфтаашонро ба даҳони мо метиқонанд, ҳол он ки худашон гурусна мегарданд. То вақте зиндаам ба он кас фарзандвор хизмат мекунам. Ба ман на замин лозим асту на хона.
Баъди ин ба чанд саволи дигар ҷавоб дода, гузашта ба ҷоям шиштам. Медидам, ки хушдоманам хурсанд буд, вале янгаам не.
Ҳалномаи суд ба фоидаи янгаам қабул шуд ва мо ба хона омадем. Акнун зери таънаи ӯ мондам. Ҳар як даққиқа киноя зада меистод. Аз заҳри забонаш рӯз надоштам. Аз шавҳарам хоҳиш мекардам, ки маро ҳамроҳаш ба пойтахт барад, вале аз сабаби оне ки дар ягон ҷо кор намекард, наметавонист ин хоҳишамро иҷро кунад.
Ин субҳ хушдоманам касеро фол диду ба каси дигаре гарм кард. Баъди рафтани он "шумо паразитҳои муфтхӯр дар ягон ҷо кор намекунеду аз ҳисоби ман зиндагӣ доред. Духтаратро гиру дафъ шуда, ба пеши шавҳарат рав. Ба ман нонхӯри зиëдатӣ лозим нест", - гуфта моро аз хона ронд. Акнун ба пеши шавҳарам рафта истодаам. Рости гап, на суроғаашро медонаму на рақами телефонашро.
- Баъд дар ин шаби торик ба куҷо меравед? Шавҳаратонро чӣ тавро меëбед? - гуфта, пурсидам ман.
Дар шаҳр як холаи пир дорам. Ба хонаи ӯ меравам. Шояд вай шавҳарамро ëфта диҳад.
Баъди ин мо ба истгоҳи Боғи С. Айнӣ расидему зан ҳамроҳи духтарчааш пиëда шуд. Тақдири ӯро дигар Худо медонад.
P. S: Чанд пораи дигарро аз зиндагии ин зани азиятдида рӯзҳои наздик бароятон қисса хоҳем кард.