Sebiston new 2024 october
ДОД АЗ ДАСТАТ, ОЧА
1872

 

Ҳамсояамон муаллима асту мо тавассути он кас ба сомонаи серхонандаи «Оила» шинос гашта, солҳо боз онро мехонем. Муаллима роҳбари синфамон буданду дар дарсҳои тарбиявӣ албатта аз қиссаҳои диловезу маслиҳатҳои «Оила» истифода мебурданд.

Солҳои пеш мактубҳои хонандагонро дар саҳифаҳои ҳафтавори ҳамноми сомона хонда, дар ҳайрат мешудам, ки чӣ гуна инсон метавонад, сирри хонаводагии хешро осон рӯи саҳифа бирезаду онро ҳазорон-ҳазор хонанда хонаду аз розаш огаҳ шаванд?! Вале акнун рӯзи сиёҳе ба сари худам омадаасту косаи сабрам лабрез гашта ва охири охирон қарор додам, ки аз минбари баланди рӯзномаи дӯстдоштаам ба модарам муроҷиат намоям. Ман дар яке аз ноҳияҳои дурдасти сарҳадӣ дида ба олам кушодаам, ҳамагӣ бисту ду сол дорам.

Шояд баъзе ҳамсолони ман ҳоло паси мизҳои донишҷӯиянду ба омӯхтани илму дониш машғул, шавҳар накардаанду интизори шоҳзодаи орзуҳои хеш ҳастанд? Вале ман дар ин синну сол аллакай як бор заҳри хонавайронӣ чашидаю бори дуюм шавҳар кардаам, вале оилаи навам низ дар сарҳади вайроншавист. Сабаби тамоми бадбахтиҳои ба сарам омада модарам аст…

     Дар бораи падару модар сухани ноҷо гӯӣ, дӯзахӣ мешавӣ, вале ман маҷбур ҳастам бигӯям, ки падари ман марди хеле суст, заифмизоҷ дурӯғгӯ ва латта ҳастанд. Аз ин хотир, байни хешу таборони худашу модарам обрӯ надорад. Солҳои дароз дар ғарибиҳо гашта, мардикорӣ мекунаду ба модарам пул мефиристад, вале боре аз вай намепурсад, ки “ҳой занак, ин қадар пули бо меҳнати сиёҳ ёфта фиристодаи маро куҷо мекунӣ?!” Падарамро дар вақташ модараш бо бобоям монда, худаш баромада рафтааст, бибии ҳозираам моиндар бошад ҳам, ӯро чун фарзанди худаш калон кардаву зан дода, хонаи ҷудо карда додааст. Аммо модарам бо бибии фариштахисолам қаҳрӣ асту худаш медонаду дави аспаш, аслан бибиям низ аз афти хунуки модарам безор аст, амакҳоям мардони сарватманди баобрӯ аммаҳоям низ аз онҳо камӣ надоранд, вале модарам ҳамеша онҳоро ғайбат карда мегардад.

Аммаҳоям занони оқилаю доноянд ва бо модари ман салом ҳам намекунанду ба ӯ кор ҳам надоранд, вале модарам ҳамоно пойи онҳоро мехояду мехояд. Модарам бо мардони бегона алоқа дорад, ҳатто баъзе шабҳо онҳо ба хонаамон меоянд. Ду хоҳарам ба вай тақлид карда, ошиқонашонро ба хона меоранд, додаронам хурд ҳастанду ба корҳои онҳо чандон сарфаҳм намераванд.

Ману хоҳарам калон шуда бошем ҳам, ба хонаамон хостгор намеомад, боз ба хотири бобои раҳматияму бибии меҳрубон ва амакҳои азизам, як хеши дури бобоям ба хонаамон хостгорӣ омад. Падари латтаам, ки даҳони модарамро нигоҳ мекард, розӣ шуд ва маро ба шавҳар доданд, ҳамсарам ҷавони зебои хушсурат ва меҳнатие буд. Ӯ рамаи калони гӯсфандонашонро нигоҳ мекарду хусурам бошад, қассоб буд, зиндагии серу пур ва осудае доштем. Худоро шукр мекардам, ки ба ин хонаи серу пур ва хуб задаам, аммо хушбахтиям дер давом накард. Як рӯз шавҳарам аз кӯҳ хастаю лакот баргашт, чун одати ҳаррӯзаам ба ҳаммом оби гарм, либосҳои тозаву саҷоқ бурдам, то оббозӣ карда, куфти меҳнати сахти рӯзонаро барорад. Ӯ хомӯш буд маро, ки арӯсаки думоҳа будаму хеле эркаам мекард, ҳатто нимнигоҳе накарда, сару рӯяшро шӯста, ба хонаи хобамон даромад. Гумон кардам, ки ягон ҳодисаи нохуш шудааст ва дар лаълии калоне каме гӯшти бирён, нону чой ва ширинӣ гирифта, наздаш даромадам. Ӯ табақро аз дастам гирифта, ба берун ҳаво дод, бо дидаи гирён шикастапораҳои табақу пиёла ва чойникро ҷамъ карда, боз наздаш даромадаму гуфтам:

-Ба шумо чӣ шудааст, чаро бо ман чунин муносибат мекунед?!

-Чӣ ба ту мисли падари латтаат муносибат кунам то ту мисли модарат кӯҳ ба кӯҳ ҳамроҳи буққаҳо гашта, кайфу сафо кунӣ?!- фарёд зад ӯ.

Ман наздаш дузону нишастаму пурсидам, ки чӣ ҳодиса шудааст, ҳатто пушти падару модарамро нагирифтам, зеро медонистам, ӯ рост мегӯяд.

 

-Ягон чӣ нашудааст, ҳамроҳи писари амакам молҳоро барои обдиҳӣ ба назди чашма фаровардем, он ҷо модари ту мошини Нусур-таксичиро мешӯсту худи ӯ таги таҳпуш бадани равғанинашро офтоб медод. Модарат маро дида, худро даруни мошин гирифта, пинҳон шуд, ман низ аз писари амакам шарм дошта, худро ба нодонӣ задам, аммо Шер, “ана хушдоманат” гӯён, маро масхара кард. Писарамакамро як-ду шаппотӣ зада, модари ту будани он занро инкор кардам, аммо Шер одаме нест, ки ӯро аз раъяш гардонӣ, вай пушти буттаҳо пинҳон шуда, модаратро бо он ғул дар телефонаш ба навор гирифтааст. Коре карда, наворро аз телефонаш тоза кардам.

Шавҳарам баъди каме сукут маро як лагад зада, аз хона берун карду дарро баста хоб рафт. Шаби дароз хоб нарафтам, пушти дари бастаи хонаи хобам мегиристаму мегиристам, субҳро бо дили шикастаю чун шоми зулмонӣ сиёҳ пешвоз гирифтам, мехостам замин кафаду маро ба комаш фурӯ барад. Мехостам чобаи бензинро ба сарам рехта, худро оташ занам, вале метарсидам, ки мардум нагӯян, чун модараш бероҳагӣ кардаасту аз шарм хударо оташ задааст, боз аз Худо метарсидам. Шавҳарам аз хоб хеста, дасту рӯяшро шӯсту аз дастам гирифта, маро ба хона даромад ва ба чашмонам нигариста гуфт:

-Акнун худат бигӯ, ки бо ту дигар чӣ гуна зиндагӣ кунам?!- Ман бо гиряву зорӣ ба ӯ дар бораи модараму хоҳаронам нақл кардам ва қасам хӯрдам, ки ман ҳеҷ гоҳ тарафдори онҳо набудам, шавҳарам каме мулоим шуд, вале аз ҳамон рӯз дар девори оиладории мо рахна падид омад. Пас аз як моҳи ин воқеа шавҳарам модарамро бо марди дигар дар кӯҳсор дида, ин дафъа бе ягон ҷангу ҷанҷол талоқамро дод ва ман ба хонаамон баргаштам. Чун хусурам ӯро ба сабру тоқат хонду хушдоманам гиря кард, ки “келинакам ҳеҷ айб надорад”, шавҳарам бо ғазаб гуфт:

-Оча, ман ба духтари чунин зан бовар надорам!!!

Хушдоманам маро ба оғӯш гирифта гиристу пичиррос зад “рӯйи очат сиёҳ, бачам”, аммо хусурам писарашро дастгирӣ кард. Маро бо лоқу парам ба хонаи падарам оварданд, чун модарам сабаби хонавайронии маро фаҳмид, бо хашм шавҳарамро дашномҳои қабеҳ дод, ки ба ӯ кордор нашавад. Бо вай баҳс кардан фоида надошт, падарам бошад, “э вай падарлаънат зани маро тӯҳмат кардааст” гӯён, бо сояи шавҳари собиқи ман ҷанг карда мегашт. Шавҳари дуюмамро модарам худаш ёфт ва хонадомодаш кард, ин шавҳарам низ ҷавони хуб аст, аз оилаи камбағал, ҳамсараш шаҳрӣ будаасту ба зиндагии деҳа одат карда натавониста, ба хонаи модараш рафтааст. Бо иҷозати модарам дар як гӯшаяки заминамон хонае андохта, ба зиндагӣ оғоз кардем, дар моҳи шашуми ҳомиладорӣ қарор дорам. Падарам чун ҳарвақта дар Русия асту модарам бо хоҳаронам, ки ҳарду бо мардҳои зандор мегарданд, ҳамроҳ шудаанд, шабҳои дароз хушдорҳояшон омада, сарҷамъона хӯрок мепазанду хандаю бозӣ мекунанд. Ҳарчанд ҳама медонанд, ки онҳо хонаи мо барои чӣ меоянд, вале модарам “инаш акахонду онаш додархонд” гӯён, даҳони ҳамаро бо дурӯғҳояш мебандад. Медонам, ки онҳо гапамро гӯш намекунанд, кордорашон намешавам, вале шавҳарам мегӯяд, ки агар ҳамин хел рафтан гирад, талоқатро медиҳам, зеро назди мардум шарманда шудан намехоҳам. Шабҳои дароз ашк мерезам, охир наход бо гуноҳи пайвандонам боз бева шавам? Мақсади нома навиштанам ҳамин аст, ки ба модарам бигӯям, ки “дубора бабахтам накун, оча!” Хонандагони азизи «Оила», мани муштипар чӣ кор кунам, ки ин шавҳарам низ талоқамро надиҳад? Намехоҳам худам бева ва фарзандам бепадар шавад.

Роҳила

Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Рохила 2023-09-19, 17:11
Ин хел мардони беномус будаанд айби ту чист ки зиндагии халолашонро вайрон карда фарзандонро бе падар мекунанд. Хохари азиз ту набояд 2 бора шавхар мекарди хубтараш ба дигар давлат рафта аз паи кору зиндаги мешуди ягон марди баномус ва боинсоф худаш дар зиндагият пайдо мешуд ва пеш аз хама ба у гапи ростро мегуфти пешаки дар бораи модарат баьдан хонадор мешуди
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Рохила 2023-09-19, 17:11
Ин хел мардони беномус будаанд айби ту чист ки зиндагии халолашонро вайрон карда фарзандонро бе падар мекунанд. Хохари азиз ту набояд 2 бора шавхар мекарди хубтараш ба дигар давлат рафта аз паи кору зиндаги мешуди ягон марди баномус ва боинсоф худаш дар зиндагият пайдо мешуд ва пеш аз хама ба у гапи ростро мегуфти пешаки дар бораи модарат баьдан хонадор мешуди
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД