Formula novemver 2024
ДИЛРАБО ШОИРАРО ТАБАРКУШ КАРДУ...
10393


Дӯсти хуб аз бародару хоҳар ҳам беҳтар аст, вале дӯсти бад балои ҷони инсон мегардад. Дӯстиву дугонагии ду духтари ҷавон дар ноҳияи Панҷ бо фоҷиаи хунин анҷом ёфт.

Вазорати умури дохилаи кишвар аз содир шудани як ҷинояти сангин ва даҳшатбори одамкушӣ аз ҷониби зан дар Вилояти Хатлон хабар додааст. Ҳодиса дар ноҳияи Панҷ ба вуқуъ пайваста, як ҷавондухтари 27-солаи сокини деҳаи Оқсой дугонаи 24-солаашро ба таври ваҳшиёна ва бо бераҳмии махсус ба ҳалокат расонидааст.

Шоира Шариповаи 24 сола сокини ноҳияи Вахш буда, бехабар аз бозиҳои хунини қисмат ба хонаи дугонааш Боболова Дилрабо, ки дар деҳаи Оқсойи ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ зиндагӣ мекард, ба меҳмонӣ рафта буд. Дилрабо дугонаашро зиёфат дода, бо баҳонаи “баровардани ғубори дил” нӯшокиҳои спиртиро рӯйи дастурхон мегузорад, вале баъди нӯшидани машрубот байни духтарон аввал баҳсу мунозира ба миён омада, баъдан муноқишаи лафзӣ сар мезанад. Дар ҷараёни ин моҷаро соҳибхона Дилрабо Бадалова ба меҳмон ҳуҷум намуда, бо табар чанд маротиба ба пушти сари дугонааш мезанад, сипас бо ноқил Шоираро буғӣ карда мекушад.

Бо мақсади рӯйпуш намудани ҷинояти хунини содирнамудааш пас аз куштор ин духтари беандеша ба оғил рафта, худро ба дор меовезад, вале пайвандонаш сари вақт хабардор гашта, ӯро наҷот медиҳанд.

Айни замон алайҳи Дилрабо Бадалова дар прокуратураи ноҳияи Панҷ бо моддаи 104-и кодекси ҷинояти ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад, вале...

Чизе, ки дар ин ҳодиса аз ҳама бештар касро ба ваҳшат меорад, даст ба қатли инсон, махсусан дӯст ва дугонаи наздики худ задани зан аст. Куҷост раҳму шафқат ва инсофу имони зани тоҷик?
Чаро зани тоҷик, ки садсолаҳо боз олиҳаи меҳру муҳаббат ва иффату покиаш мехонданд, оҳиста-оҳиста ба як навъ даррандаи дупои бераҳм ва хунхор табдил ёфта истодааст?!

Духтар модарро лату кӯб мекунад, келин қасди ҷони хушдоман менамояд, зан шавҳарашро заҳр дода мекушад, дугона дугонаро табаркуш мекунад, ҳатто модар ба фарзандони худ раҳм накарда, бачаҳояшро бо дастони худаш ба ҳалокат мерасонад.

Магар ин ҳама ваҳшонияти зан даҳшатовар нест?!
Шумо сабабҳои ин падидиҳои нангин- торафт камтар шудани ҳисси раҳму шафқат ва сол то сол пасттар шудани маърифату ба дарранда табдил ёфтани иддае аз занону духтарони тоҷикро дар чи мебинед? Назари худро дар шаҳри мавод ҳатман нависед!


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД