Sebiston new 2024 october
Дилнозаро барои дағалӣ бо таксист ҷарима карданд
14.03.2022
ОИЛА
15493


Чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе гардиш мекард, ки дар он ҷавонзане дар курсии пеши ронандаи мошини сабукрави яке аз ширкатҳои таксиронӣ нишаста, суханҳои таҳқиромезу дағона мегуфт.
Рафтори ин ҷавонзан вокунишҳои манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён оварда, аз мақомот дархост карданд, ки нисбати ин зани дағалгуфтор чораҳои қонунӣ андешида шавад. Дар пайи ҳамин вокунишҳо зан аз ҷониби мақомот пайдо ва барои дағалиаш ҷарима баста шуд.
Қаҳрамони видеои мазкур Набиева Дилноза ном дошта, ҳамагӣ 22 сол доштааст. Ӯ сокини маҳаллаи Гипраземи шаҳри Душанбе мебошад. Тавре ки Раёсати ВКД хабар додааст, Набиева аз хизматрасонии автомашинаи мусофирбар истифода намуда, дар баробари пардохт накардани маблағи роҳкиро бо ронанда муноқиша намуда, даст ба гиребон шудааст. Дилнза бар замми ҳаққи хизмати таксиро пардохт накарданаш бо алфози қабеҳ ронандаро дашномҳи зиёде додааст, ки ин ҳолат дар навори нашргардида низ баръало мушоҳида мегардад.
Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия нисбати Дилноза Набиева протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуда, ба ин зани дағал ба хотири тифли ширхора доштанаш ҷарима ба андозаи 4-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД