Дилноза Раҳимӣ яке аз ҳунарпешаҳои ҷавону маҳбуби театри тоҷик буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ маҳбубияти зиёде дорад. Овозае паҳн гаштааст, ки ин ҳунарпешаи ҷавон тарки Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кардааст. Мехоҳед бидонед, ки ин овоза то куҷо асос дорад?
Дилноза хатмкардаи риштаи актёрии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.
Ӯ дар мавриди овозаи тарки театр карданаш зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj чунин қайд намуд: “Ман пурра тарки театр накардаам. Чун дар сабти як филми эронӣ иштирок дораму корам каме зиёд аст, барои як муддат аз театр рафтам. Агар мухлисон эътибор дода бошанд, вақтҳои охир дар роликҳо низ қариб иштирок намекунам. Мехоҳам каме истироҳат кунам. Баъдан бо қувваи нав ба театр бармегардаму дар роликҳо низ иштирок мекунам. Ҳарчанд кай ба саҳна дубора баргаштанам муайян нест, вале кӯшиш мекунам, ки зудтар баргардам. Ин ба саломатӣ ва ҳолати рӯҳиям вобаста аст, ки кай оғоз мекунам”.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло Дилнозаро дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” зиёда аз 135 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд. Ҳамзамон ин зебосанами ҳунарманд яке аз ҳунарпешаҳои серхаридори тоҷик ба шумор меравад.