arzon replenishment
ДИЛИ МАРДРО БО ЧӢ БА ХУД ГАРМ КУНАМ?
23.03.2021
Р. Азимӣ
4669

 

Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта оиладор шуда будем. Зиндагӣ бе пасту баландӣ намешавад, баъзан гапи мо мегурехт. Боре сахт ҷанҷол шудему мани сода қаҳр карда ба хонаи модарам омадам.

Шавҳарам дигар ба суроғам намеояд. Росташро гӯям, шавҳарамро сахт дӯст медорам, зиндагиамро бе вай ҳатто тасаввур карда наметавонам. Дугонаҳоям ба ман маслиҳат медиҳанд, ки дилашро ёфта шавҳарамро ба худ гарм кунам, вале ман чӣ кор карданамро намедонам. Дили мардро бо чӣ ва чӣ тавр гарм мекунанд?

Гулнигор

 

Аввалин коре, ки зан бояд баъди рафтани шавҳараш ба анҷом расонад, ин сабабҳои рафтани мард ва ҷангу ҷанҷолро муайян кардан аст. Тамоми носозгориву нофаҳмиҳои то ин вақт дар байнатон рӯйдодаро дар варақи сафеде навишта, баъдан сари он андеша намоед. Вақте тамоми хатогиҳо маълум гаштанд, шумо роҳи ислоҳ намудани ғалатҳои худро меёбад ва шанси дубора баргардонидани шавҳаратонро ба даст меоред.

 

Маликаи орзуҳо шавед

Шавҳаратон тамоман шуморо суроғ намекарда бошад, ин маънои онро дорад, ки шумо ҳеҷ гоҳ якдигарро дӯст намедоштаед. Тавре зиндагӣ намоед, ки шавҳаратон пушаймон шавад, ки чунин олиҳаро аз даст дод. Фаромӯш накунед, эҳсосоти манфӣ саломатии инсонро коста ва қалбашро заиф мегардонад. Қабл аз ҳама худро ба даст гирифта ором шавед, баъд барои зиндагии беҳтару хубтар кӯшиш намоед.

 

Барқасдкорӣ накунед

Шавҳаратон зани дигар бигирад, шумо низ барқасд ба аввалин марди пешомада ба шавҳар набароед. Шавҳаратонро дӯст медошта бошед, чароғаки ин муҳаббатро дар қалбатон фурӯзон нигоҳ доред. Кӣ медонад, шояд мардатон ягон рӯз нури ишқро мушоҳида намуда дубора бармегардад. Барқасди шавҳаратон марди дигарро ёбед, ҳардуятон бадбахт мешавед. Муҳаббат ва эгоизм ду чизи бо ҳамдигар номувофиқанд, касе, ки дӯст медорад, бояд аз худ гузар намояд. Муҳаббатро дар дилатон нигоҳ дошта, шумо беҳтарин ҳиссиёти инсониро аз нобудшавӣ эмин медоред.

 

Машғулияти аҷиб ёбед

Баъди аз шавҳаратон ҷудо шудан бояд яъсу ноумедиро аз худ дур намоед. Беҳтарин воситаи нигоҳ доштани эҳсоси шодиву нишот машғулияти аҷоибу гуворо аст. Вақт ва фикру андешаҳои худро ба кори дӯстдоштаатон равона карда, шумо андешаҳои мағшушро аз ёд мебаред ва ғаму дарди дилатонро фаромӯш месозед. Кори дӯстдошта шуморо хушбахту муваффақтар мегардонад.

 

Зиндагиро давом диҳед

Модоме шавҳаратон қаҳр карда рафта бошад, худро паст зада, кӯшиши дубора баргардонидани ӯро кардан маънӣ надорад. Зиндагиро давом диҳед, шодӣ кунед, хушбахт бошед, мард ба назди чунин зан ҳатман бармегардад!

Муҳимаш инро аз сари қаҳру ғазаб не, бо муҳаббат иҷро намоед. Ба ҳеҷ ваҷҳ кинаву адоват ва қаҳру ғазабро дар дил нигоҳ надоред, аз тақдир ҷои гурез нест.

 

Дӯст доштанро фаромӯш накунед

Баъди рафтани шавҳаратон қобилияти дӯст доштанро аз даст надиҳед. Муҳаббати шумо нисбати шавҳаратон асил бошад, дар дилатон ҷовидон мемонад. Муҳаббатро несту нобуд насозед, оташи он рӯз ба рӯз зиёдтар мешавад. Меҳрубонию поквиҷдониятон албатта рӯзе марди арзандаро ба ҳаёти шумо ворид месозад ва зиндагиатон пур аз меҳру садоқат гашта, ширину гуворо мешавад!

 

 

 

 

 

 

Марди бепул хушбахт мешавад?

Мо дар оила чор писар ҳастем. Ду бародари калониям оиладоранд, вале ману додарам бо сабаби маоши кам гирифтанамон зангириро ба таъхир гузоштем. Намехоҳем, ки барои волидони бе ин ҳам пирамон дарди сари зиёдатӣ шавем. Чаро имрӯз духтарон домоди бой меҷӯянд?

Карим

 

Маслиҳат:

Қисми зиёди хонумҳои муосир таҳти таъсири барномаҳои телевизионӣ ва рӯзномаҳои хушсурат монда, зиндагиро афсона мепиндоранд. Аксари духтарон гумон мекунанд, ки ҳар яки онҳоро «шаҳзода дар мерседеси сафед» интизор аст. Баъди мутолиа намудани чунини маҷаллаҳои хушсурат ба назар чунин мерасад, ки ба дом афтонидани домоди пулдор ду карад ду аст. Мусаллам аст, ки бонувони дар пайи шикори домоди пулдор афтида ба ҷавонони бепул диққат намедиҳанд.

 

Шавҳар пуштибон аст?

Мушкилоти дигар дар он аст, ки ҳатто духтарони орзуи шавҳари сарватмандро надошта ҳам, дар симои мард қабл аз ҳама таъминкунандаи оиларо мебинанд, ҳол он ки дар кишварҳои Ғарб мардро ҳамчун таъмингар қабул намекунанд. Занҳои ғарбӣ баробари ба шавҳар баромадан ба ошпаз, фаррош ва пешхизмат мубаддал намегарданд. Дар Ғарб зану шавҳар баробарҳуқуқанд ва мушкилоти моддии рӯзгорро якҷоя рафъ месозанд. Мардҳо на танҳо ҳангоми таваллуд кардани занашон иштирок мекунанд, балки дар баробари зан дар нигоҳубини кӯдак заҳмат мекашанд. Бонувони ғарбӣ ҳеҷ гоҳ ба хотири киссаи пури шавҳар канизакиро ба гардан намегиранд.

Алббата, муносибатҳои заношавҳарӣ дар ҳар як кишвар хусусиятҳои худро дорад, вале дар китобҳои динӣ ҳам гуфта мешавад, ки мард бояд таъмингари оила бошаду дар нигоҳубини фарзандон ба завҷааш кӯмак расонад.

 

Марде, ки занро метарсонад

Албатта на ҳамаи бонувон шавҳари бой меҷӯянд. Аксарият ба хотири зиндагии осудаву ором ба ҳаёти хоксорона низ мутобиқ мегарданд. Танҳо аз як тоифаи мардон хонумҳо бо ҳарду пояшон мегурезанд-марди руҳан заифу нотавон. Марде, ки ҳамеша бечоранолӣ мекунад, ғаши занро меорад. Ягон бону намехоҳад риштаи тақдирашро бо марди сустирода ва ноуҳдабаро пайваста як умр азоб кашад.

 

Туҳфа не, муҳаббат қиммат аст

Духтари ақлаш солим бояд дарк карда тавонад, ки марди бепул барои харидани туҳфаҳои қиматбаҳо имкон надорад, вале мард пайваста аз бепулӣ нолида барои беҳтар намудани шароиташ кӯшиш накунад, оҳиста-оҳиста қадру қиматашро дар назди бонуи орзуҳояш гум мекунад. Новобаста аз сатҳи боигарӣ мард бояд барои арӯсаш пуштибон бошад. Аксаран барои хушбахтии оилавӣ на пули зиёд, балки мардонагиву хушмуомилагӣ, ба худ эътимод доштан ва дасту дили кушод доштани мард зарур аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД