Formula novemver 2024
Дили ҷавон аз ҳама чиз сард шудааст
17.04.2024
Оила.ТҶ
1364

 

Чанд рўз пеш назди маркази савдои «Садбарг» ногаҳон бо Гулчеҳра вохўрдам. Ӯ ҳамроҳи зани ҳамсоли худаш матоеро аз назар мегузаронд.

Рост ба назадаш рафтаму гуфтам:

- Гулчеҳра, салом!

Ў ба ман бетафовут нигоҳ карда, сарашро ҷунбонд ва гуфт:

- Мебахшед, шуморо нашинохтам.

Ман бо овози ларзон:

- Чӣ хел нашинохтӣ? Ман Бахтовар.

Ӯ китф дарҳам кашиду бо ҳамроҳаш суҳбаташро идома дод. Ман пушт-пушти ў мегаштам, онҳо ба қаҳвахона дромаданду ман низ даромадам. Дугонааш, ки маро назорат мекард, бо зарда гуфт:

- Додар, мо шуморо намешиносем, чаро аз қафои мо меоед?! Илтимос, равед, ки ҳозир милисаро ҷеғ мезанам!

Ман поён фаромадам, тақрибан баъди ним соат онҳоро дидам, ки сўи мошини қимматбаҳои хориҷӣ рафтанд ва Гулчеҳра сари чанбарак нишаста, аз назарҳо нопадид шуд. Худи ҳамон бегоҳ ман дари Гулчеҳраро кӯфтам, зеро бо дидани ў тамоми пайкарам месӯхт. Аз вояи будаам зиёд доруи дил нўшидам, аммо дил метапид.

Дарро ба рўям духтари нозанине кушод, ки чун себи дукафон ба Гулчеҳра монанд буд. Салом додаму гуфтам, ки ба ман Гулчеҳра даркор. Духтарак «мам, меҳмон» гуфту ин дам Гулчеҳраи нозанин баромада, маро диду абрўвонашро барҳам кашида, маро ба хона хонд. Таъмири хонааш тамоман дигар хел. Ӯ қаҳва тайёр карда, наздам гузошту бе салом гуфт:

- Гўш кун, ман туро шинохтам, маро ба худкушӣ расониданат бас набуд, ки боз аз паям мегардӣ?! Чӣ мехоҳӣ?! О ба ту вазиру сафиру боз ким-киҳо ошиқ буданд, ман чӣ даркор ба ту?!

- Гулчеҳраҷон, ҳама гапҳоям дурўғ буданд, ман ба кӣ даркор? Ғайри ту касеро дўст намедорам, бовар кун, баъди гум кардани ту ман ба бемории дил гирифтор шудам. Маро бубахш, биё никоҳ мекунем, агар хоҳӣ, аз занам ҷудо мешавам,- суханҳо аз даҳонам чун тир мебаромаданд.

Гулчеҳра ба ман нописандона нигоҳ карда, баланд хандид, чунон баланд, ки духтараш “мам, тинҷӣ” гўён, омада пурсид.

- Ман бо ту никоҳ мекунам, тавба,- пичиррос зад Гулчеҳра ва илова кард,- ту падарлаънати ифлос аз дўстдории ман истифода карда, чӣ гуна таҳқирам мекардӣ?! Ёд дорӣ?! Баъди он ки гуфтӣ, ки “туро мепартоям”, ман сирко хўрдам ва як моҳ дар шуъбаи эҳёгарӣ хоб будам. Баъд бо мусоидати як дугонаам ба Туркия рафтам, он ҷо кор кардаму сирри косметологияро омўхтам, ному насабамро низ дигар кардам. Имрўз ман соҳиби ҳама чиз ҳастам, ҳавлӣ, се-чор квартира, клиникаи шахсӣ, чанд дорухона. Ту маро ҳамчун зан куштӣ ва ба марди майдон табдил додӣ! Ташаккур, акнун хезу дафъ шав, дигар шамоили хунукатро ба ман нишон надеҳ, ки хонаатро месўзам, занатро бева мекунам!

Ин чӣ коре буд, ки ман кардам? Ба ивази меҳру муҳаббату дўстдорӣ як занро ба коми марг тела додам, ўро чун зан куштам!

Баъди ин вохўрӣ дилам аз ҳама чиз сард гаштааст, намедонам сари сахтамро ба куҷо занам ва чӣ гуна бахшиши Гулчеҳраи нозанинамро сазовор шавам?!

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД