Дилфӯза Юсупова, сокини деҳаи Басмандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич буда, 30 сол дорад. Ин ҷавонзан шаш моҳ пеш дар пайи як муноқишаи оилавӣ худашро оташ зад, аммо дастону гардан ва китфонаш сӯхта бошанд ҳам, зинда монд.
Дилфӯза ба қавли маъруф “аз он дунё баргашта” бошад ҳам, акнун захмҳои мавзеҳои сӯхтаи дастону гарданаш ӯро сахт азият медиҳанд ва ҷавонзан бар асари ин сӯхтагиҳо ранҷу азоби бисёре мекашад. Дилфӯза Юсупова зиндагии вазнине дорад ва айни замон бо ду кӯдаки ятимаш дар кулбачае, ки пештар дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳотам Қурбонови деҳа барои посбонон пешбинӣ шуда буд, зиндагӣ мекунад.
Дилфӯза чаро танҳо монда, бехонаву дар ба дар гашт?
Дар асл чанд фарзанд дорад ва чанд бор шавҳар кардааст?
Вай зиндагиашро аз кадом ҳисоб пеш мебарад?
Волидонаш куҷоянд ва чаро аз духтарашон рӯй тофтаанд?
Мақсад аз нақли саргузашти ин зан чист?
Хонандагни азиз, шояд ин саволҳо шуморо азият медиҳанд. Пас биёед аз оғоз сарнавишти талхи ин ҷавонзани тоҷикро бароятон ҳикоят кунем.
Зиндагии пуразоби духтари бе модар
Дилфӯза Юсупова дар хурдӣ аз модар ятим монда дар дасти моиндар ба воя расидааст. Мактаби миёнаро ҳамагӣ то синфи 9 хонда, саводу маълумоти олӣ ё ягон касбу ҳунар надорад, аз ҳамин сабаб дар ҳаёт ранҷу азобҳои зиёде кашидаасту намедонад сарриштаи зиндагиашро чи тавр ба даст бигирад. Дилфӯза бори аввал дар синни 17-солагӣ оиладор шудааст. Азбаси бе модар ба воя расида, сағирадухтар буд, пайвандонаш мехостанд зудтар ӯро ба шавҳар дода,аз як бори зиёдатӣ халос шаванд, вале бахт ба рӯйи Дилфӯза нахандида, шавҳараш бо як духтарча талоқаш дод. Фарзандашро аз дасташ кашида гирифтанду ӯро аз дар берун карданд...
Чаро Дилфӯза зани 6-уми марди аз худаш 20- сол калон шуд?
Дилфӯза ғайри бозгашт ба хонаи модару таънашунави моиндар гаштан дигар чора надошт. Табиист, ки дар манзили падар касе аз бозгашти ӯ хурсанд нашуд.
Аз як тараф азоби ҷудоӣ аз фарзанди ягонааш ва аз ҷониби дигар ба қавли худи Дилфӯза “рӯз надодани моиндар” маҷбураш кардааст, ки баъди чанд вақт ба як марди аз худаш 20-сол калон, ки 5 маротиба зан гирифта, ҷудо шуда буд, ба шавҳар барояд. Дилфӯза муддати 7-сол бо ин марди калонсол зиндагӣ карда, соҳиби ду фарзанд гашт-як духтару як писар. Ба фарқияти калони синну солӣ нигоҳ накарда зиндагиашон хуб буд, шавҳараш қатори дигар мардон ба Русия мардикорӣ рафта меомад,вале пули деҳқонӣ, пули муҳоҷират ва ҳатто фурӯхтани дарахтони сафедори гирду атрофи ҳавлӣ низ барои таъмини нафси зани ҷавони “бомаззахӯрак” кифоят накарда, аз мағозаҳои гирду атроф мудом қарздор мешуд.
Дилфӯза аз набудани шавҳараш истифода бурда, ҳамеша аз мағозаҳо беҳтарин хӯроквориро харида мехӯрд ва худро шоҳу кӯдаконашро шоҳзода пиндошта, барои худу бачаҳояш зиндагии шоҳона муҳайё мекард, аммо оқибат пояшро баробари кӯрпаааш дароз накардани зан боис гашт, ки боз хонавайрон шавад. Хешу табори шавҳараш гӯё дар ҳаққи ин марди калонсол, ки як бор не, шаш мартиба зан гирифта буд, ғамхорӣ намуда, мудом ба ӯ занг зада мегуфтанд, ки ҳамсари ҷавонаш хонақап нест ва таёқашро ба равшанӣ зада, аз ин зан ҷудо шавад. Ҳамин “панду насиҳат”-и ёру дӯстонаш боис гашт ё аз азал дар тақдирашон худованд ҷудоиро сабт карда будааст, ки билохира шавҳари калонсолаш ҳам Дилфӯзаро талоқ дода аз дар берун кард ва ҷавонзан бо ду кӯдаки хурдсол гирёну нолон боз ба кулбаи падар баргашт...
Домоди 71-сола
Дилфӯза шояд дар ҳақиқат ду дафъаи аввал бо айби дигарон бадбахт гашта бошад, вале дар бори сеюм сиёҳбахт шуданаш фақат худаш гунаҳкор асту халос, зеро ба норозигии падар ва аҳли оилаашон нигоҳ накарда, баъди аз шавҳари аз худаш 20-сол калон ҷудо шуданаш қасдан ба як пирамарди 71-сола ба шавҳар баромад. Ҷавонзан гӯё бо ҳамин роҳ исбот кардан мехост, ки вай дар замин намемонад ва дарҳол харидори дигар ёфта шавҳар кард, аммо барқасдкорӣ балои ҷони худаш гашту халос.
Байни Дилфӯза ва домоди 71-сола чи шуду чиҳо гузашт, фақат худаш медонаду худованд, аммо ҳамагӣ баъди 4 моҳ мӯйсафед талоқи ӯро дод ва боз бахташ сиёҳ шуда ба хонаи падар баргашт. Вай аллакай аз ин марди пояш ба лаби гӯр расида ҳомиладор буд,аммо хуб медонист, ки аз ӯҳдаи нигоҳубини боз як кӯдаки дигар баромада наметавонад ва баъди ба дунё овардани тифл аз фарзандаш даст кашида, тифли навзодашро ба ятимхона супурд....
Аз зиндагии “шоҳона” то фаррошӣ
Дигар ӯ ба касе умед баста наметавонист ва зиндагӣ маҷбураш кард, ки дар мактаби деҳа фаррош шавад. Акнун ҷавонзане, ки дар хонаи шавҳараш ба қавли худаш “зиндагии шоҳона” дошт ва ҳар рӯз аз мағозаҳо гули чизро харида мехӯрду гули чизро мепӯшид, соатҳои дароз хоку лойи пойи бачаҳои мардумро мерӯфту мешуст, аммо дар ин миён боз чи ҳодисае рӯй дод, ки ӯро аз кор ронданд...
Барои раҳми авлодамро овардан худро оташ задам, вале...
Дилфӯза мегӯяд, баъди пай дар пай се бор дар ҳаёт шикаст хӯрдану сиёҳбахт ва таънашунави дӯсту душман гаштан ба хотири раҳми аҳли авлодашро овардан худаш оташ задааст, вале худо ҷони ҷафодидаи ӯро нагирифта, бо бадани пур аз обилаю захмҳои сӯхтагӣ боз зинда монд. Имрӯз вай аз корҳои кардааш сахт пушаймон аст ва мегӯяд “беақлӣ” карда, худро оташ зад, аммо пушаймонро дигар суде нест, ки нест. Дилфӯза бо мақсади раҳми хешу таборашро овардан худашро оташ зада буд,аммо ин ҳодиса раҳм не, баръакс нафрати хешовандонашро бедор кард ва акнун “айби худаш, аз рӯйи ҳамин характераш ҳатто пирамарди 71-солаи аз худаш 40-сол калон ҳам бо ӯ зиндагӣ накард” гӯён, дар ғайбаш мудом ғайбаташ мекунанд.
Беҳуда “худкардаро даво нест” намегӯянд, имрӯз Дилфӯзаро дар деҳа касе дастгирӣ намекунад. Сокинони деҳа мегӯянд, ин зан худро оташ зада, фақат обрӯи аҳли авлодашро не, балки обрӯи деҳаро низ резонд. Дилфӯза бо дастгирии ду зани хайрхоҳ ду бор ҷарроҳӣ гузаронида, каме зами сӯхтаҳояшро табобат кард, аммо боз ниёз ба амалиёти ҷарроҳӣ дорад. Ӯ имкони иқтисодии худро табобат кардан надорад ва бо умед ба сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намудааст, ки шояд хонандагон барои ризои худованд ба ӯ дасти ёрӣ дароз карда, барои гузаронидани амали ҷарроҳӣ кӯмакаш мекунанд.
Фарзона Муродӣ