Имрӯз яке аз сутунҳои санъати театр ва кинои тоҷик - Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова ҷашни мавлуд дорад. Нақши ин зани фариштарӯю фариштахисол ва ҳунарманди беназир дар рушду нумӯи санъати миллии тоҷик хеле бузург аст...
Дилбар Умарова аз зумраи он ҳунармандони ангуштшуморест, ки дар васфашон мегӯянд: Худованд ӯро барои санъаткор шудан офаридааст!
Нақши нахустинашро ҳанӯз дар синни 5-солагӣ дар филми ҳунарии “Ман бо духтаре вохӯрдам” бозида, бо ҳамин мисли моҳии тило ба баҳри пуршӯр ва беканори санъат афтод ва инак 50-60 сол инҷониб барои пешравии санъати тоҷик хизматҳои арзанда мекунад. Дилбар Умарова дар тӯли фаъолияти эҷодӣ ва умри пурбаракаташ дар садҳо намоишномаҳои театрию телевизионӣ ва филмҳои машҳур нақшҳои ҷаззоб ва хотирмон офарида, дар дили ҳазорон-ҳазор ошиқони санъати асил маъво гирифтааст.
Субҳи имрӯз мо барои муборакбодӣ ба ин маликаи саҳнаи тоҷик занг задем. Дилбар Умарова тӯли суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт: “Ин саҳар аз соати 5-и субҳ телефонам ҳеҷ ором намегирад. Дӯстону ҳамкасбонам ва садҳо нафар мухлисони санъати банда аз гӯшаву канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар занг зада, маро бо ҷашни мавлудам табрику муборакбод намуданд. Хонаам ҳам имрӯз гулборон шуд. Барои санъаткор аз ин дида туҳфаи бузургтар вуҷуд надорад. Табрикотро дар “Фейсбук” ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хондаму сарам ба осмон расид. Ифтихор мекунам, ки тавонистам ба халқам содиқона, ҳалол хизмат карда, сазовори боварӣ ва эҳтироми мардум гардам“.
Дилбар Умарова гуфт, ки ба хотири риояи қонуни танзим мавлудашро дар ҳалқаи аҳли оила ҷашн мегирад.
“Фарзандонам ба ман сюрпрпиз” карданиянд, умедворам, ки ҳамааш хуб мегузарад”,- гуфт актрисаи машҳур ва таъкид намуд, ки беҳтарин туҳфае, ки дар зиндагӣ насибаш гаштааст, ин фарзандонаш ва меҳру муҳаббати бепоёни мухлисони бешумораш мебошад, ки бо ҳастии худ ва суханони пурмеҳрашон ба ӯ илҳом мебахшанд.
“Зиёда аз 20 сол шуд, ки ба нафақа баромадаам, вале ба ин нигоҳ накарда, ҳамеша дар хизмати халқам ҳастам. Барои пешравии санъати театр ва кинои тоҷик ҳар коре, ки аз дастам омад, кардам ва мекунам”,- гуфт ин ҳунарманди беназир.
Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз қабл Дилбар Умарова наберааш - духтари писари калониашро бо дуои сафед ба хонаи бахташ гусел карда буд.
Мо ба ин зани мисли фаришта зебо ва бибии ҳамешаҷавон солгарди умрро сидқан муборакбод гуфта, барои Дилбар Умарова аз даргоҳи офаридгор умри дарози пурбаракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунем. Бигзор садсолаҳо чунин ҷавону зебову пурэнержи боқӣ монда, парчами санъати тоҷикро ҳамеша баланд бардоранд!
Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,
Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.