Sebiston new 2024 october
Дилбар тағояшро бӯғӣ карда кушту...
1057


Меҳру муҳаббат ва ҳурмату эҳтироми байни ҳамдигарӣ аз байн рафта, солҳои охир ҷойи ин ҳама эҳсосоти олии инсониро оҳиста-оҳиста кинаву адоват ва бадбинию ҷаҳл гирифта истодааст.

Ҳамин аст, ки писар ба сари падар мушт мебардораду бародар қасди ҷони бародар мекунад, шавҳар занро мекушаду зан шавҳарро ва ҷиян ба холаву амма ё амаку тағо душманӣ меварзад. Бадбахтона, чунин кинаварзиҳо аксаран бо фарҷоми хунин ба поён мерасад. Куштори тағо ба дасти ҷиян дар шаҳри Турсунзрда далели равшани ин гуфтаҳост...

Бо ҳукми суд як сокини шаҳри Турсунзода барои куштор ба 9-соли зиндон маҳкум гашт. Дилбар Сайфуддинова дар қатли бегона не, балки дар куштори тағои худаш гумонбар дониста шудааст.
Ба навиштаи Бомдод Дилбар Сайфутдинова ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштан аз нотавонии тағояш истифода бурда, ӯро ба қатл расонидааст.
“Дилбар Сайфуддинова аз фурсати муносиб, яъне дар ҳолати сахти мастӣ қарор доштани тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов ва тавони муқобилият нишон доданро надоштани ӯ истифода бурда, бо дасти росташ як зарбаи сахт ба рӯйи тағояш задааст. Бар асари ин зарба, Ҷаҳонгир Сайфутдинов афтода, ҳангоми ғалтидан сараш ба дари ҳоҷатхона бархӯрдааст. Дар натиҷа, марди сархуш беҳуш шуда, бо пушт ба рӯи фарш афтидаст. Дилбар Сайфутдинова барои анҷом додани қасди ҷиноии худ ҳамла бар зидди тағояшро, ки дар рӯи фарши хона хобида буд ва ягон муқобилият нишон дода наметавонист идома дода, пойи росташро ба гулӯи ӯ гузошта, ӯро то мурдан буғӣ карда, ба қатл расонидааст”-менависад манбаъ.

Пас аз куштори ваҳшиёнаи тағояш ин зани бадхашм бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиркардааш ҷасади тағояшро ба қолин печонда, тахминан соатҳои 9-и ҳамон рӯз ба мошини тамғаи “Дэу-Матиз”, рақами қайди давлатиаш 92-43 ЕС 02, ки ба ронанда Шарипов Қаҳор Абдураҳмонович тааллуқ дорад, бор карда, ба маҳаллаи 4, бинои №20-и шаҳри Турсунзода, ки дар он манзил бо модараш Сайфутдинова Дилрабо Сайтмуротовна ҳамчун иҷоранишин зидагонӣ мекард, варда, баҳона пеш овардааст, ки гӯё тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов бинобар сӯиистеъмоли миқдори зиёди нӯшокии спиртӣ ба ҳалокат расидааст, аммо тири ин зани ҷиноятпеша фош гашта, ҳақиқат рӯйи об баромад ва Дилбар Сайфиддинова бо ҳукми суд ба мӯҳлати 9-сол равонаи зиндон гашт. Таассуфовараш он аст, ки ин ҷинояти сангин аз ҷониби зан, ки фариштааш мехонанд, содир гашта, Дилбар барин занҳои беандеша ба номи неки зани тоҷик иснод меоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД