shoh palace
ДИЛАМ БАРОИ БАЧАИ АММААМ ГУМ МЕЗАНАД
6854

 

Салом, ман Аслия, 21-сола ҳастам. Азбаски мактабро то синфи 9 хондаам, агар дар мактубам хатогие дидед, пешакӣ узр мепурсам.
Саргузашти талхи худро рӯйи варақ оварда, аз шумо хонадагони азизи ”Оила” маслиҳат пурсидан мехоҳам.

Ҳангоми дар синфи 9 хонданам, ба писари ҳамдеҳаамон, ки Исроил ном дошт, ошиқ шудам. Исроил низ ишқи маро пазируфта, ошиқи зорам шуд. Мо ҳар рӯз пинҳонӣ аз чашми водидонамон дасти якдигарро гирифта, ба дарс мерафтем. Аз ишқбозиҳои мо ду сол сипарӣ гашт, тамоми мактаб аз ишқи мо огоҳ буд. Бародаронам ин овозаро шунида, борҳо маро зери мушту лагад гирифтанд ва ҳатто Исроилро пайдо намуда, бераҳмона лату кӯб карданд.

Баъди хатми мактаб Исроил барои идомаи таҳсил ба шаҳр рафт, маро бошад, бародаронам “духтар хонад, ганда мешавад ва ту як бор обрӯи моро дар деҳа резондӣ” гӯён, монеаи таҳсил дар донишгоҳ гаштанд. Мо бо дӯстдоштаам дер-дер вохӯрӣ намоем ҳам, вале пинҳонӣ аз чашми ҳама тариқи телефон бо ӯ гап мезадам. Дар байн Исроил думболи духтари дигарро гирифта, абадан аз ишқам даст кашид. Чанд муддат барои хиёнати дӯстдоштаам худро дарунакӣ хӯрдам, вақте дидам, ки аз сӯзу гудози ман чорае нест, аз баҳраш тамоман гузаштам.

Дар байн писари аммаам аз Русия омаду ҳама хешу табор аз паси арӯскобии Назар шуданд. Азбаски Назар 6 сол дар Русия таҳсил карда, ба Тоҷикистон омада буд, ҳама духтарон ҳавасашро мехӯрданд. Ман низ ошиқи зори Назар гашта, зуд- зуд ба хонаи аммаам мерафтаму ба тамоми корҳояшон кӯмак мерасонидам.

Аммаам рӯбучин ва тозагии маро дида, нимшӯхӣ ба писараш рӯ оварда гуфт: “Назарҷон, ҳамин Аслияи худамон ягон камбудӣ надорад, чӣ мешавад, ки аз худӣ келин кунем. Ба хонаашон хостгорӣ равем чӣ?” Бо шунидани ин гап аз шодӣ дар куртаам нағунҷида, зуд ҷониби ошхонаашон давидам, аммо садои баланди Назар ба гӯшам расид, ки мегуфт: “Оча, шумо гуфтед, ки Аслия бо ким кадом бача гаштагӣ аст, боз имрӯз мегӯед, ки ӯро ба занӣ гирам, ман нафаҳмидам шумоя!”. Донаҳои ашк аз чашмонам ҷорӣ шуданду назди Назар омада: “Аз ту чунин умед надоштам. Ман бо касе нагаштаам, аз худам сад фоиз боварӣ дорам, лекин сухани тую модарат диламро аз дунё сард кард.

Раҳмат ба ҳамааш”,-гуфтаму гирякунон тарки хонаи аммаам намудам. Аммаам кори хуб нашуд гуфта, ҳарчанд маро фарёд кард, лекин ба пасам нигоҳ накарда, ба хонаамон омадам. Худро барои ошиқ шуданам сарзаниш мекардам, вале қалбам месӯхт ва ҳар дам барои Назар девона мешудам. Баъди ин ҳодиса Назар ба хонаамон омад. Хотири муҳаббатам қаҳру нозамро як тараф гузошта, бо ӯ ҳамгап шудам ва тоқат накарда, изҳори муҳаббат намудам. Ӯ ҳамоно хомӯш буд ва каме пас қулфи забонаш кушода шуда гуфт: Ман розиям бо ту хонадор шавам, вале ту ба ман қавл медиҳӣ, ки як умр хизмати падару модарамро карда, хушбахтам месозӣ?”. Пешниҳодашро ба ҷону дил пазируфта, ӯро ба оғӯш кашидам, вале нафаҳмида мондам, ки модарам ва хоҳарам маро аз дур тамошо доранд. Садои дашноми модарамро шунида, зуд гардани Назарро раҳо кардам. Ӯ ваъда дод, ки ҳафтае пас ба хостгориям меоянд. Дар байн касе боз чизе гуфт, ки Назар аз ман мегурехтагӣ шуд ва аз байн чанд моҳ сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳанӯз хостгоронаш наомадаанд.

Чӣ кор карданамро намедонам. Хонандаи азиз, ба мани зору ҳайрон маслиҳати худро дареғ надоред!
Аслия


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД