Sebiston new 2024 october
ДИЛ, КИ РАНҶИД АЗ КАСЕ ХУРСАНД КАРДАН МУШКИЛ АСТ....
24.10.2020
Дилошӯб
5055

Модар чӣ гуна...

Падарам хеле ҷавон оламро падруд гуфтааст, модарам мо- ду писару як духтарро дар танҳоӣ ба воя расонидааст. Шукри Худо акаҳоям имрӯз ҳар кадом кори худро доранду зиндагиямон хуб аст. Акаҳоям нисбати ҳамдигар меҳрубон ҳастанд, аз гапи модарам як қадам берун намемонанд. Акаи калониям ба духтараки дӯстдоштааш хонадор шуда, хонаву дари нав сохту зиндагияшро ҷудо кард. Акаи хурдиямро модарам ба хеши худаш хонадор карду дар ҳавлии падарӣ, ки барҳавою зебо, дорои боғу роғ ҳастанд, монд. Бародаронам кайҳо соҳиби хонаю дари худ бошанд ҳам, ман ба сӣ даромада, харидор наёфтам. Гумон мекунам аз дасти гандагии модарам касе ба ман хостгор намешавад, худам духтари ба роҳам рост ва ҳунарманду аз тамоми кори рӯзгор огаҳ ҳастам. Албатта дар ҳаққи модар носазо гуфтан, гуноҳи азим аст, вале ногуфтан ҳам наметавонам. Модарам ба ҳама ош қатиқ шуда, ба келину духтарони ҳамсоя кор дорад, агар ба ҷанозаву азое равад, аз он тараф омада, хешу таборони майит ё майитаро масхара мекунад, ки чӣ хел гиря карданд. Байни мардум ақидае ҳаст, ки духтар ба модараш монанд мешавад, шояд аз ҳамин рӯ, касе ба ман харидор намешавад?! Худам борҳо аз забони шиносу бегона шунидаам, ки духтари нағзу аз очаи морзабонаш нигоҳ дорад. Худамро ба карӣ мезанам, агар Худо раво дида бошад, ман ҳам ягон рӯз ҷуфти худамро меёбам. Модарамро бо ҳама камбудиҳояш аз ҷонам зиёдтар дӯст медорам, вале як ҳодисае шуду дилам аз ӯ ба тамом хунук шуд. Медонам ин амали ман пеши Худои бузург гуноҳ аст, аммо…

        Келини ганда

Модарам зани бародари калониямро бад мебинад, зеро ӯ аз акаи хурдиям дида, корчаллону пулёбтар аст, хонаю дари бошукӯҳ сохта, зану фарзандонашро ба он хона бурд. Хонаю дари падарам, ки дар вақташ коргари калон буд, аз хонаҳои акаам дида хушрӯйтар бошанд ҳам, барои модараму янгаи хурдиям кам аст, онҳо мехоҳанд акаи калониям ҳама ёфту тофташро оварда, ба дасти онҳо диҳад, аммо ин хел нест. Зеро акаам худаш се кӯдак дораду барои онҳо кор мекунад, боз занашро хеле зиёд дӯст медораду ҳама шароитро барояшон муҳайё кардааст. Янгаам худаш дӯзанда асту пули хуб меёбад, зиндагии хуби замонавӣ доранд. Бисёр духтари тарбиятдида аст, агар модарам касеро масхара кунад ё мисли актрисаҳо ба образ даромада, мурдадорҳоро масхара кунад, намехандад. Ба ғайбатҳояш шарик намешавад, аз ин рӯ, модарам ӯро хаппаки балозада, кавоқии хунукбашара, сағирадухтари гушна (янгаам шашсола будааст, ки модараш вафот кардааст) ва ҳамин гуна унвонҳо мемонад. Аммо янгаам мисли зани бародари хурдиям шайтони дубоз нест, ҳама вақт як хел аст. Ба ман ҳаққи устодӣ дорад, зеро хондани Қуръон ва дӯзандагию пазандагиро аз он кас омӯхтам. Дар хонааш чӣ хӯроки бомаззае пазад, ҳаққи модарамро равон мекунад, ҳар гоҳи ба магазину бозор рафтанаш албатта барои ӯ ягон савғо меорад, вале модарам ӯро бад мебинад. Маро ҳамеша таъна мекунад, ки бо ӯ дӯстаму бо янгаи аз «ҷигар»-и худамон буда не…

        Мусибати яке ва шодии дигар

Чанде пеш ба деҳаамон хабар омад, ки додари янгаи калониям, ки дар Русия таҳсил мекард, бар асари бемории дил фавтидаасту ҷасадашро ба деҳа меоранд. Мо ҳама инро медонистем, танҳо янгаам бехабар буд, ҳамон шабу рӯз медидам, ки модараму янгаи хурдӣ хурсандӣ доранд. Чун янгаам аз дар медаромад, авсуну хушдоманаш зуд ба якдигар маънидорона нигариста, табассум мекарданд. Чун ӯ аз дар берун мешуд, муҳокима оғоз мешуд. Як рӯз баъди муҳокимаи навбатӣ модарам ба келини дӯстдораш, бо шодмонӣ гуфт:

-Ана акнун катагиҳояш аз сараш мемонанд, Худо задаш! Пагоҳ мурдаи бӯйгирифтаи додарашро меоранд ва Худо хоҳад, талхакаф мешавад.

Келин ҳам ин ҳамаро бо сарҷунбонию табассум тасдиқ мекард, ман ки либос мешӯстам, ба ин тоқат накарда, бо овози баланд фарёд задам:

-Оча, имон дорӣ?! Бигузор янгаам катагӣ карда бошад ё назди шумо гуноҳи азим, вале он ҷавони аз сад гулаш яктояш нашукуфта чӣ гуноҳ дошт, ки дар мурданаш хурсандӣ мекунед?! Худо накунаду ҳамин рӯзи сияҳ бар сари шумо бияёяд, аз Парвардигор тарсед! Худатон ду писараки талбида доред, камтар андеша карда, гап занед. Ту чӣ ин қадар хурсандӣ?!- Пурсидам аз янгаи хурдиям,- О авсунат ба ту ягон бадӣ накардааст ку?! Куртаат медӯзад, ягон чизи бамазза пазад, аз сари дегаш барои ту аввал мефиристад, як корат афтад, аз субҳ то шом омада, дар паҳлӯят меҷумбад. Ин кампир ку аз гандагияш намонд, ақаллан ту шарм дор аз Худо!! Янгаам маро песонда “Иии ман чӣ гуфтам” гӯён, ба хонааш даромада, дарашро тарақас пӯшид…

Модарам ғазаби маро дида, сангчаеро аз пеши пояш бардошта, тарафи ман ҳаво доду бо овози паст ҷангам кард:

-Дар падарат лаънат қанчиқи ҳаром, ҳамсояҳо шуниданд, ай кай боз ту тарафдори вай ҷодугар шудӣ?! А илоҳим ҳамроҳи ҳамон ҷавон туро ҳам ба лаҳад монанд, пирдухтари турушшудагӣ! Умедвори вай будӣ чӣ?!

    Заҳри забон ва нафрат

Дигар чизе нагуфтам, либосҳоро ношуста партофта, ба хона даромадам, пас аз ду рӯзи ин воқеа ҷасади додари янгаамро оварданд. Хурду калон барои шаҳбачаи ҷавонмарги ормонӣ хун гиря мекарданд, модарам низ ба азохона рафта, баробари мардум гиря кард, янгаи хурдиям ҳам… Вале дили ман аз онҳо монд, ҳарчанд модарам пирдухтар гуфта, маро таҳқир карда бошад ҳам, зиёдтар барои хурсандияшон ба марги додари янгаам ба ҳар дуи ин дурӯя нафрат дорам, охир дар марги душман ҳам шодӣ намекунанд. Ҳалимҷон ҳамагӣ бист сол дошту ман ӯро чун додарам дӯст медоштам, аз модар барвақт сағира ки монда буданд, ба янгаам меҳри зиёд дошту ҳамеша дар хонаи ӯ буд… Одамони хуб барои мурдани як ҷӯҷаи гунҷишк дилхун мешаванд, вале ин ду бе Худо ба марги як ҷавонмарди зебои ормонӣ шодмонӣ карданд. Баъди додани чили додараш янгаам ба хонааш баргашт, модараму янгаам хӯрок пухта, наздаш рафтанд, гарданашро гирифта гиристанд…. Тавба одамон чӣ хел ду рӯй доранд… Дилам чун гӯристон сарду хомӯш аст, охир ба азизтарин кас модар нафрат парваридан дар умқи сина, дард асту гуноҳ….

                                                                   М…..

                                                             Вилояти Хатлон

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД