Formula novemver 2024
Дигар маст намешавам! (ҚИСМИ 2)
27.12.2024
АРДАШЕР
1665

- Ҳамсарам валинеъмат буд. Дар ҳама ҳолату вазъият ҳамқадаму ҳамнафасам буд. Медонед, ба майпарастиям ҳам нигоҳ накарда, маро дӯст медошту эҳтиром мекард.

Баъзан вақт бо либосҳои хоколуду пур аз қай ва бо дасту рӯйи ифлос ба хона мерафтам. Вале, саҳар хезам, дасту рӯям шуста ва дар танам либосҳои тоза медидам. Аммо дар ҳолати мастӣ гул барин занамро зада танашро сурху кабуд мекардам. Вақте ба худ оям, пушаймон шуда, ангушти надомат мегазидам. Сипас аз ӯ узр пурсида, дастонашро бӯсакунон ба чашмонам мемолидам. Тавба мекардам, вале ҳайҳот, баъди соате боз бо чунин ҳолат ба хона бармегаштам ва аз задану дашноми ҳамсарам даст намекашидам,- афсурдаҳолона гуфт Ғайрат.

- Ҳа, ба занҳо ҳам душвор, ба мо барин мардҳо тоқат мекунанд. Э, гуфтагӣ барин, чанд сол аст, ки шароб менӯшӣ?,- пурсид Саид, ки то ин дам ба суханони Ҷасуру Ғайрат гӯш медод.

- Ба гуфтан осон, вале даҳ сол. Тӯли ин муддат ҳама чизамро аз даст додам,- посух дод Ғайрат.

- Янга ҳам ба азобу шиканҷаҳои додаат дигар тоқат карда натавониста, мисли ҳамсари ман туро танҳо гузошта рафт?,- суол кард Ҷасур.

- Э не, дӯстам, завҷаам ба ҳама рафторҳои ноҷоям сабр кард. Вақте ба худ меомадам, маро насиҳат мекард. Кӯшиш мекард, ки ман аз ин роҳ баргардам. Модарам бошад, суханони ба завҷаам гуфтаамро гуфта, маро маломату сарзаниш мекард. Ман бошам, замин намекафид, ки дароям. Рафта-рафта ба қавле нинакам сахт шуд. Дигар ба суханони завҷаам ҳам, модарам ҳам эътибор намедодагӣ шудам. Гоҳ-гоҳ худ ба худ тавба мекардам, вале боз аз дарунам гӯё касе маро ба шаробнӯшӣ маҷбур мекард. Рӯзе аз пушти майзадагиям маро аз кор ронданд. Дигар барои шароб пул ҳам надоштам, аз ин рӯ тиллоҳои ҳамсарамро пинҳонӣ фурӯхта, бар ивазаш бо шумо - дӯстони азиз кайфу сафо мекардам. Ба инаш ҳам занам лом намегуфт. Дилаш ба ҳолам месӯхт. Ҳамсарам бо умеди "рӯзе ҳамааш хуб мешавад" бо ман зиндагӣ мекард. Бовар дошт, ки поёни шаби сияҳ сафед аст.

- Занатон, ки ин қадар инсони хуб будаанд, пас чаро шуморо тарк карданд? Фарзандонатонро ҳам бурданд,- миёни гапро шикаста, пурсид Саид.

- Не, Саидҷон, ба рафтани ҳамсарам низ ҳамин майнӯшиям боис гашт.

- Хайр шуморо майзада гуфта тарк карданд охир!?

- Кош ӯ маро тарк мекард,- оҳи сарде бароварда, афзуд Ғайрат.- Бар ивази ҳамаи хубиҳояш ман дар ҳолати мадҳушӣ ҷавобашро додам.

- Яъне?,- дар миёна луқма партофт Ҷасур.

- Яъне ҳамон сухане, ки бояд ба забон намеовардам, овардам. Як не, ду не, се маротиба. Вақте ба худ омадам, завҷаам тамоми чизу чораашро гирифта ба хонаашон рафта буд. Ман дар тан либосҳои пур аз хоку пур аз қай доштам, ана ҳамон ҷо қадри зану зандориро ҳис кардам. Набудани завҷаамро дарк кардам. Модарам гуфт, ки "занат акнун ба ту ҳалол нест, аз ин рӯ як лаҳза ҳам наистода хонаатро тарк кард". Баъдан фаҳмидам, ки ман ҷавоби ҳамсарамро додаам. Ин аз ҳамон пушаймониҳоест, ки ҳеҷ суде намекунад. Ин ҳам касофти чӣ? Касофати арақ!

- Рост гуфтед, майзадагӣ оқибати хуб надорад. Аслан ман ҳам кай боз шаробнӯширо бас карданӣ будам. Бовар кунед, борҳо аз пушти шароб шармсор шудаам. Ҳарчанд дар ҳолати мастӣ қарор дошта бошам ҳам, кам-кам чӣ воқеаҳо рух додааст, дар ёдам мондаанд,- ба гап ҳамроҳ шуд Дилшод.

(Давом дорад)

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД