Як бачаи шинос, ки аз дигар деҳа буд, аз аҳволи аҳли оилаамон аз ӯ пурсон шудам. Ӯ намедонам шухӣ кард ё чӣ буд, ки гуфт ҳамаи пайвандонатонро паронданд.
Ин суханҳо Амриддин Гадоевро муддати 24 сол аз зану фарзанд ва волидонаш дур кард. Ӯ соли 1998, ки 33-сол дошт ба Русия рафту баъди 24 соли муҳоҷират ба хонаи модараш, ки дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, вилояти Хатлон баргашт.
Ӯ дар суҳбат ба Радиои озодӣ гуфтааст, ки баъди ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан санадҳояшро гум кард. Вай дар як деҳае дар шаҳри Екатеренбурги Русия зиндагӣ мекард ва то соли 2007 намояндагии Тоҷикистон дар ин ҷо набуд, то мадад пурсад. Баъдан, хабаре аз муҳити баъди ҷанги дохилии Тоҷикистон ӯро ноумед кард.
Вақте Амриддин 33 сол дошту духтараш шашмоҳа ва писараш ҳафтсола буд, ба Русия сафар кард. Пас аз чанд сол ҳамсару ду фарзандаш хонаи волидони ӯро тарк карданд. Падару бародараш вафот карданд. Наздиконаш дар ватан фикр доштанд, ӯ дигар зинда нест ва маросими дуову фотеҳаашро баргузор карданд.
Зулфия Гадоева, модари Амриддин Гадоев ки 76-сол дорад, тамоми солҳои сипаришуда роҳи ӯро мепоид ва муедвор буд, ки рӯзе аз дар медарояд. Дар суҳбат гуфтааст, ки вақте гуфтанд, ки ёфт шудааст, бовар накардам. Гиристам, гуфтам, дурӯғ аст. Ба назарам, имрӯз дилам омаду ба ҷояш даромад."
Вақте як бачаи шинос гуфт, ки ҳама хешу таборатро куштанд. Бо як зани рус маслиҳат кардем ва якҷо зиндагӣ кардем. Духтарони ӯро калон кардем, соҳиби набера шудем.
Амриддин дар бораи зиндагии ғарибиаш гуфтааст, ки ҳамсари русаш соле пеш даргузашт ва духтарони зан ба ӯ кумак намуданд, то ки ба ватан баргардад.
Аз рӯи нақли ин марди муҳоҷир духтару писараш дар муҳоҷиранд ва бо падарашон тамос нагирифтаанд. Ӯ дар бораи фарзандони тоҷикаш ҳамин нуқтаро гуфтааст, ки писарам дар Русия зан гирифтааст, духтарам фарзанддор нашуда, аз шавҳараш ҷудо шудааст ва ҳоло онҳоро надидаам.
Русия, барои муҳоҷриони кории тоҷик яке аз кишварҳои ба кор таъминкунанда буда, ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар онҷо қарор доранд