Formula novemver 2024
ДЕМОКРАТИЯ ГУФТУ ЗАНАМ БА РУССИЯ РАФТ...
08.05.2021
Оила
6787

       Ман мухлиси ҳафтаномаи “Оила”ҳастам. Ростӣ, марди пулдор ҳастаму хонаву дари обод дорам. Бо амри тақдир бо зани нохонда оиладор шудам. Дар давоми зиндагии якҷоя соҳиби се фарзанд шудем. Ман, ки рӯз то бегоҳ кор мекардам, хаставу лакот ба хона меомадам, вале занам мудом як гапро такрор ба такрор мегуфт: “Кайф кайфи шумо- мардони коргар, вақти хуш доред, мо занҳо бошад, рӯз то шом аз паси зиндагӣ, пухтупаз, рӯбучин ва хизмати хусуру хушдоман. Ҳамин тавр, занам бо хешу ақрабояш забон як карда, як рӯз дар набуданам чиптаи ҳавопаймо харида, ба Русия рафтанӣ шуд. Пеш аз рафтанаш ба чашмонам нигоҳ карда гуфт: “Зану мард баробарҳуқуқанд, чӣ коре хоҳам, мекунам. Ғуломи хонаи шумо шудан намехоҳам, дигар бо талоқ ё чизи дигар маро тарсонида наметавонӣ”.

Баъди шунидани ин суханон даҳонам воз монд ва аҳд кардам, ки аз баҳри ин гуна зани сабукандеш мегузарам. Се фарзанд дорам ва се сол боз муҷаррад гаштам. Ба фарзандонам муҳаббати модарӣ намерасад. Аз ҳамин сабаб, ба ҳафтаномаи “Оила” мактуб навиштам. Агар баъди хондани сарнавиштам зани худотарсу боимоне дар зиндагиям пайдо шавад ва ободкунандаи рӯзу рӯзгорам гардад, олам гулистон мешавад.

Салим, ш. Кӯлоб




 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД