Делягин: созишномаи душаҳрвандии Русияву Тоҷикистон бекор карда шавад
03.12.2025
Oila.tj
48

Михаил Делягин, муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба сиёсати иқтисодӣ ба ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, ки созишномаи байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ бекор карда шавад.

Бино ба иттилои Газета.Ru, ба гуфтаи Делягин, ин созишнома “дигар аҳамияти аслии худро аз даст дода” ва “муҳоҷирати сифаташ паст”-ро ташвиқ мекунад. Ӯ таъкид намудааст, ки ин санад дар ибтидо барои ҳимояти шаҳрвандони русзабон ва кумак ба Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ пешбинӣ шуда буд, вале ҳоло ин зарурат вуҷуд надорад.

Делягин иддао мекунад, ки боқӣ мондани созишнома муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро барои дарёфти шаҳрвандии ин кишвар бештар мекунад ва ин “сарбории изофӣ” ба низоми иҷтимоии Русия мешавад.

Ёдрас мешавем, ки Русия танҳо бо Тоҷикистон чунин созишнома дорад. Ин ҳуҷҷат аз соли 1995 амал мекунад ва ба шаҳрвандони ҳарду кишвар ба доштани душаҳрвандӣ иҷозат медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД