new banner new years
Дексамитазон давои коронавирус. СУТ онро эътироф кард!
2520

Олимони Бритониё доруеро, ки сатҳи маргу мир аз бемории коронавирусро паст мекунад, пайдо карданд. Бастаи ин дору ҳамагӣ 5 фунт стерлинг (65 сомонӣ) нарх дорад

Созмони умумиҷаҳонии танурустӣ аввалин санҷишҳои клиники ин доруро дар Британия гузаронидааст. "Санҷишҳо нишон доданд, ки доруи "Дексамитазон" сатҳи маргро миёни нафарони гирифтори COVID -19 паст мекунад", - хабар медиҳад котиботи Созмони мазкур.

Ба иттилои манбаъ, тибқи як тадқиқот, ки дар Донишгоҳи Оксфорд анҷом ёфтааст, доруи "Дексаметазон" хавфи маргро барои бемороне, ки тавассути дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ нафас мекашанд, то 35 фоиз кам мекунад.

Ахиран, ҳукумати Британияи Кабир дар такя ба СУТ рӯзи сешанбе "Дексамитазон" - ро расман барои муолиҷаи беморони гирифтори COVID -19 тасдиқ намуд.

"Ин аввалин доруест, ки сатҳи фавтро дар байни беморони коронавирус, ки ба табобати оксиген ва дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) ниёз доранд, паст мекунад", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адхан Ҷебрейюс натиҷаҳои санҷишро "хабари хуб" номидааст. Ӯ инчунин илова намуд, ки Ташкилот интизори таҳлили пурраи маълумот дар рӯзҳои наздик аст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати тандурустии Русия дуюмин доруеро тасдиқ кард, ки ба паҳншавии коронавирус дар бадани одам монеъ мешавад

"Левилимаб" (номи тиҷоратии "Илсира") ва "Авифавир" ду доруи сохти Русия мебошанд, ки дар санҷишҳои клиникӣ натиҷаи хуб доданд.

Пахши ин хабар дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳам барои ёфтани ваксина даъво дорад. Чанд рӯз пеш роҳбари кишвари Чин дар суҳбати телефониаш бо Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси он иттилоъ дода буд, ки Чин ваксинаи коронавируси навро ба наздикӣ ихтироъ хоҳад кард ва барои ин аллакай замина ҳам доранд. Си Ҷинпин гуфт, ки онҳо ният доранд ваксинаро ба таври ройгон дастраси тамоми ҷаҳон гардонанд.

Қаблан сомонаи "Оила" аз қавли бахши тоҷикии хабаргузории “Спутник” дар такя ба нашрияи "Жинмин Жибао" ва суханони вазири илм ва технологияи кишвари Хитой Ван Чжиган иттилоъ дода буд, ки кишвари Чин айни ҳол 5 намуд ваксинаи зидди COVID – 19 - ро дар арафаи санҷиши клиникӣ қарор додааст. Ба гуфтаи ин мансабдори баландпоя дар ҳолати тасдиқ шудани таъсирнокии ин доруҳо тамоми ҷаҳонро бо ин ваксинҳо таъмин хоҳад кард.

гар ваксинаи чинӣ барои истифода омода бошадпас аз таҳия ва санҷишҳои клиникӣ мо уҳдадориҳои Президенти кишвари Чин Си Ҷинпинро дар Конфронси 73-юми Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иҷро хоҳем кард ва онро ҳамчун маҳсулоти оммавӣ барои тамоми ҷаҳониён дастрас мекунем", - гуфтааст ин вазир зимни як суханронӣ.

Ба гуфтаи ин вазир таҳияи ваксина бар зидди коронавирус амали ниҳоят ҷиддӣ ва мураккаби илмӣ мебошад, ки вақти зиёдро талаб мекунад."Азбаски сохтани ин навъи ваксина тадқиқоти илмӣ аст, он ҳам мушкилот ва номуайяниҳои зиёд дорад", - таъкид намудааст Чжиган.

Ин аллакай маротибаи чандум аст, ки кишварҳои алоҳида даъвои пайдо намудани ваксинаи зидди коронавирусро карда истодаанд. "Оила" пештар дар такя ба хабаргузории "Ховар" иттилоъ дода буд, ки як донишманди тоҷик низ нӯшдоруи зидди коронавирусро ихтироъ кардааст. Он метавонад сатҳи сироятро дар кишвар паст кнад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД