new banner new years
ЧИН: АЙНИ ҲОЛ 5 НАМУД ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID – 19 ДАР САНҶИШ ҚАРОР ДОРАД
2701

Бахши тоҷикии хабаргузории “Спутник” шоми гузашта аз қавли нашрияи "Жинмин Жибао" дар такя ба ба суханони вазири илм ва технологияи ин кишвар Ван Чжиган иттилоъ дод, ки кишвари Чин айни ҳол 5 намуд ваксинаи зидди COVID – 19 - ро дар арафаи санҷиши клиникӣ қарор додааст.

Ба гуфтаи ин мансабдори баландпоя дар ҳолати тасдиқ шудани таъсирнокии ин доруҳо тамоми ҷаҳонро бо ин ваксинҳо таъмин хоҳад кард.

гар ваксинаи чинӣ барои истифода омода бошад, пас аз таҳия ва санҷишҳои клиникӣ мо уҳдадориҳои Президенти кишвари Чин Си Ҷинпинро дар Конфронси 73-юми Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иҷро хоҳем кард ва онро ҳамчун маҳсулоти оммавӣ барои тамоми ҷаҳониён дастрас мекунем", - гуфт ӯ зимни як суханронӣ.


ХУШХАБАР: ТАБИБОНИ ЧИН ВАКСИНАИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРДАНД


Ба гуфтаи ин вазир таҳияи ваксина бар зидди коронавирус амали ниҳоят ҷиддӣ ва мураккаби илмӣ мебошад, ки вақти зиёдро талаб мекунад."Азбаски сохтани ин навъи ваксина тадқиқоти илмӣ аст, он ҳам мушкилот ва номуайяниҳои зиёд дорад", - таъкид намудааст Чжиган.

Ба гуфти “Спутник Тоҷикистон” то имрӯз Русия барои ду доруи истеҳсоли ватанӣ аз Вазорати тандурустӣ расман иҷозатномаи истеҳсол гирифтааст.

“"Левилимаб" (номи тиҷоратии "Илсира")  ва "Авифавир" ду доруи зидди коронавирус мебошанд, ки пас аз озмоишҳои клиникӣ шаҳодатнома дар бораи сабти ном гирифтанд. Вазорат мегуяд, ин ду дору ба паҳншавии коронавирус дар бадани инсон халал мерасонанд”, - навиштааст хабаргузорӣ.

 


СУТ: Рӯзҳои наздик озмоиши ваксинаи коронавирус оғоз меёбад


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД