Дар яке аз деҳаҳои қисмати ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Доминикан ҳамаи тифлакони тавлидёфта духтаранд ва танҳо дар синни наврасӣ баъзеашон ба писарбача мубаддал мегарданд. Ба ақидаи олимон бемории генетикӣ бо сабаби «ғайбзании ферментҳо дар ҷараёни инкишофи ҷанин дар батни модар пайдо шуда, дар натиҷа коркарди шакли махсуси ҳормони ҷинсии мардона–дигидротестостеронро ба таъхир меандозад. То саршавии балоғати ҷинсӣ кӯдакон духтарча ҳисобида мешаванд, танҳо дар давраи афзоиши ҷинсӣ овозашон дағал шуда, узвҳои репродуктивии мардонаашон оҳиста-оҳиста пайдо шудан мегиранд. Дар деҳаи Салинас танҳо дар синни 9-12 солагӣ писарбача ё духтарча будани кӯдакон маълум мегардад.