Дар соли 2024 аз тарафи омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 2720 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ ба нашр расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1639 адад, ё ин ки 2,5 маротиба зиёд мебошад.
Инчунин, дар ин давра иштироки фаъоли донишҷӯёни Донишгоҳ дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ шароит фароҳам овардааст, ки онҳо ба олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ низ роҳ ёфта, сазовори ҷойҳои намоён гарданд. Аз рӯи натиҷаҳо дар ин давра донишҷӯён сазовори 7 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 20 ҷойи сеюм гардидаанд.
Дар соли 2024 панҷ нафар омӯзгорони донишгоҳ дар доираи Барномаи ҳамкории техникию иқтисодии Ҳиндустон ITEC дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомузӣ дар Ҳиндустон ширкат варзидаанд. Дар баробари ин, дар ибтидои соли таҳсили ҷорӣ 2 нафар омӯзгорони донишгоҳ сазовори гранти таҳсилотии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар зинаи магистратура ва докторантура гардида, таҳсил намуда истодаанд.
Ҳамзамон, дар соли 2024 ҳашт нафар ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорони самти сайёҳии донишгоҳ дар Донишгоҳи Ситии Малайзия ва 10 нафар омӯзгорони равияи иқтисодӣ дар Донишгоҳи бизнес ва технологияи Сичуан, Синдао ва Завҷуани Ҷумҳурии Мардумии Чин аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштаанд.
Дар ин бора Убайдулло Асрорзода - ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба журналистон хабар дод.
Ҳамзамон, ӯ ёдовар шуд, ки дар соли 2024 донишҷӯёни донишгоҳ дар 5 олимпиадаи байналмилалӣ, аз ҷумла озмуни байналмилалии "Модели БРИКС" ва Созмони ҳамкории Шанхай ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.