Дирӯз, 27-уми феврали соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивали “Сад ранги чакан” ва намоишу фурӯши маҳсулоти нақшдӯзиву зардӯзии чаканӣ ташкил ва баргузор гардид.
Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Душанбе, дар ифтитоҳи фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумаинзода Заррина иштирок ва суханронӣ намудаанд.
Фестивали мазкур тибқи муқаррароти Низомнома аз рӯи 6 номинатсия сурат гирифа, аз ҳисоби маҳсули дастони ҳунармандон ва тарроҳони шаҳри Душанбе намоиши либосҳои қадимаи чакан, кӯдакона, рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, расмӣ ва намоиши навъҳои сӯзанидӯзӣ роҳандозӣ гардида, манзури меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал гардонида шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
- Дар фарҷом иштирокчиён аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд,- меафзояд манбаъ.