Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз мегардад.
Даври якуми озмун аз 1-уми апрел то 10-уми май дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷамҳурӣ доир шуда, иштирокчиёни беҳтарин ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Даври дуюм аз 10-уми июн то 5-уми июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Тибқи Низомномаи озмун, ғолибони даври якуму дуюм ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳое, ки қонунгузорӣ фаъолияти онҳоро манъ накардааст, ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Дар даври сеюми озмун омӯзгоре, ки шогирди ӯ сазовори Шоҳҷоиза ва ё ҷойи якум гардад, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешавад.
Нафаре, ки Шоҳҷоиза ба даст меорад ва ё аз номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро дар ин давр соҳиб мешавад, пас аз хатми муассисаи олии касбии соҳавӣ ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Ба ғолибони даври сеюм ва омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.